Ардабил
| Шаҳр | |
Ардабел | |
|---|---|
| форсӣ: اردبیل, Шаблон:Lang-az3 | |
| | |
| 38°15′ с. ш. 48°18′ в. д.HGЯO | |
| Кишвар | Эрон |
| минтақа | Ардабил |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Масоҳат |
|
| Баландии марказ | 1 351 м |
| Минтақаи замонӣ | UTC+3:30 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | 0451 |
| Нишонаи почта | 56131–56491 |
|
|
|
Ардаби́л (форсӣ: اردبیل) — шаҳр дар шимоли Эрон, маркази маъмурии устони Ардабил.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар 60 км ҷанубтари Баҳри Каспий дар пуштакӯҳи кӯҳҳои Талиш, дар баландии 1500 м дар соҳили дарёи Балигли-чай воқеъ гардидааст. Аҳолиаш 421 262 (2006) нафар, асосан озарбойҷониҳо.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ардабел дар замони Сосониён бунёд ёфта, ибтидои садаи VII аз тарафи арабҳо тасхир гардид. Соли 1220 онро муғулҳо забт ва вайрон карданд. Охири садаи XIII дар Ардабел ҷараёни дарвешӣ – тасаввуфии Сафавия таъсис ёфта, роҳбаронашон минбаъд ҳокимони шаҳру музофот шуданд. Сипас бо мурур Ардабел маҳаки таъсиси давлатдории Сафавиён шуд. Соли 1997 шаҳр аз заминҷунбии шадид хароб гардид.
Кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ардабел ҳоло яке аз марказҳои намоёни кишоварзӣ мебошад.
Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ардабел саноати коркарди гӯшт, ордкашӣ, қаннодӣ хеле рушд ёфтааст. Ардабел бузургтарин маркази қолинбофӣ, нассоҷӣ ва истеҳсоли масолеҳи чиниворӣ мебошад. Дар ҳаволии Ардабел умдатарин осоишгоҳи балнеологии Эрон ҷойгир аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ардабел // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
| Шаҳрҳои устони Ардабел |
|---|
| Ардабел | Порсобод | Халxол | Кавсар | Гирмӣ | Мишгеншаҳр | Намин |
