Jump to content

Хазинаи Амударё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хазинаи Амударё
Сари тилои, Хазинаи Амударё

Хазинаи Амударё - коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин аст (1300 номгӯй), ки дар осорхонаи Бритониёи Кабир ва осорхонаи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст. Бозёфтҳои нодир ба асрҳои IV то мелод – III мелодӣ мансуб аст.

«Хазинаи Амударё», ё «Маъбади Окс» иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин аст ( 1300 номгӯй) , ки соли 1877 аз ҷониби тоҷирони бухороӣ дар Қабодиён (Тахти Қубод) харидорӣ шудааст. Тоҷирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда онро харидорӣ намудаанд. Минбаъд, тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сӯи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинду «Хазинаи Амударё» -ро фурӯхта даромад мекунанд. Ва ҳамин тавр ҳам шудааст. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони бритониёгӣ харидорӣ шуда, баъд аз чандин сол моли осорхонаҳои Бритониё, ки дар ш. Лондон воқеъ аст, гардидаанд.

Номи «Хазинаи Амударё» - ро (ки ба бозёфтҳои Шаҳркадаи Тахти сангин мансуб медонанд.Кофтукоби ҳафриёт аз ҷониби бостоншиносони рус И. Р. Пичикян ва Б. А. Литвинский солҳои 1976—1991 гузаронида шудаанд.[1] ), муҳаққиқи инглис О.М. Далтон гузоштааст. Ба пиндошти ӯ, дар давраи баъди харидорӣ намудани моли «Хазинаи Амударё» дар Қабодиён ва то моли музейи Британия гардидани ин бозёфтҳо шояд, дар байни он инчунин молҳои дигар низ бошанд. Бо вуҷуди ҳамин, аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин аст (1300 номгӯй) коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ тааллуқ доранд. Инчунин, мувофиқи тадқиқотҳои таърихшинос И. Р. Пичикян «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои «Маъбади Окс», ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст[1] ). Ганҷинаҳои «Маъбади Окс» аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) ба вуҷуд омадааст. Дар ин ганҷинаҳо инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён ( маданияти эллинҳо) ва давраи кушониён маҳфузанд. Чунки, «Маъбади Окс» муддати дер, тахминан то асри I мелодӣ вуҷуд дошт.[2]

«Хазинаи Амударё», ё «Маъбади Окс» дар дар осорхонаи Бритониёи Кабир ва осорхонаи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст. Ҳукумати Тоҷикистон бо Ҳукумати Англия доир ба баргардонидани коллексияи «Маъбади Окс» якчанд муддат гуфтушунид гузаронида истодааст.

Экспонатҳои хазинаи «Маъбади Окс»

[вироиш | вироиши манбаъ]

(Экспонатҳои зерин дар Осорхонаи Британия махфузанд)

  1. 1.0 1.1 Городище Тахти-Сангин и храм Окса(тоҷ.). www.ancient.ivran.ru. 16 Январ 2020 санҷида шуд.
  2. История таджикского народа. Том I. – Душанбе, 1998, с. 277