Jump to content

Шариф Нуриддинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шариф Нуриддин
Шариф Нуриддинов
Таърихи таваллуд: 2 декабр 1943(1943-12-02) (80 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Исфисори ноҳияи Ғафуров
Навъи фаъолият: журналист,нависандаи ӯзбекзабон
Маҷлиси илмӣ дар осорхонаи академик Б. Ғафуров

Шариф Нуриддинов (Шариф Нуриддин; 2 декабри 1943, деҳаи Исфисор, ноҳияи Хуҷанд) — нависандаи ӯзбекзабон, рӯзноманигор, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2001), корманди илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шариф Нуриддин 2 декабри соли 1943 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Ғафуров таваллуд ёфтааст. Cоли 1960 мактаби таҳсилоти миёнаи касбӣ ва мактаби ҳунарии № 31-и Қайроққумро (ҳоло шаҳри Гулистон) хатм карда, соли 1961 дар комбинати қолинбофии ҳамин шаҳр фаъолияти меҳнатиро оғоз мекунад. Соли 1962 ба факултаи филологияи Институти педагогии ба номи Кирови шаҳри Ленинобод дохил шуда, онро соли 1966 хатм кард ва ба мактаби миёнаи № 13 ҳамчун муаллими фанни забон ва адабиёти ӯзбек фаъолияти педагогиро оғоз менамояд. Аз хидмат баргашта боз фаоолияти педагогиро давом дод. Якуми сентябри соли 1969 бинои нави мактаби миёнаи № 57 ба истифода супорида шуд ва Шариф Нуриддинов ҳам ба ин даргоҳи маориф ба кор мегузарад. Соли 1970 ӯро ба рӯзномаи ноҳиявии «Бо роҳи ленинӣ» (ҳозира «Хуҷанд») ба кор даъват мекунанд. Дар ин рӯзнома то соли 1992, ҳамчун мудири шӯъба фаъолият бурд. Ӯ бо хабару мақолаҳо, шеъру ҳикояҳо дар нашрияҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ мисли «Ҳақиқати Ленинобод» (имрӯза «Ҳақиқати Суғд»), «Совет Тожикистони» (имрӯза «Халқ овози»), дар нашрияҳои Ӯзбекистон иштирок мекард. Солҳои 1991—1992 фаъолияти ӯ бо рӯзномаи «Халқ овози» вобаста буд, ҳамчун мухбири махсуси ин нашрия дар вилояти Суғд фаолият мебарад. Дар соли 1992—1993 бо рӯзномаи маркази ӯзбекони вилояти Суғд «Қадрият» ҳамкорӣ дошт. Дар солҳои 1993—2002 дар рӯзномаи «Ленинобод ҳақиқати» (имрӯза «Суғд ҳақиқати») вазифаи ҷонишини сармуҳаррирро иҷро намуд. Шариф Нуриддин дар давоми ду сол ба бахши ӯзбекии Иттифоқи нависандагони вилояти Суғд сарварӣ намудааст. Аз соли 2010 ходими илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Аввалин намунаҳои шеърҳои ӯ соли 1963 дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Совет Тоҷикистони» чоп шуда буд. Дар маҷаллаи «Шарқ юлдузи», рӯзномаи «Ӯзбекистон маданияти», алманахи «Ёшлик» низ намунаҳои шеърҳои ӯ нашр шудаанд. Дар давоми солҳои Истиқлоли Тоҷикистон китобҳои ӯ доир ба жанри назм:

  • «Армон» (маҷмӯъаи шеърҳо, соли 1993, Ғафуров),
  • «Исписор ғазали» (с. 2003, Ғафуров),
  • «Ғазал ва мухаммаслар» (с. 2005, Ғафуров),
  • «Олма ҳиди» (с. 20011),
  • «Менга сен етмайсан» (с.2011, Ғафуров),
  • «Гуллар билан суҳбат» (с. 2014, Ғафуров) аз чоп баромадааст.

Ҳикоя ва очеркҳо ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ, мисли:

  • ӯзбекӣ: «Синфдошлар» (2010, Ғафуров),
  • «Фарҳоди Қистакӯз» (2011, Ғафуров),
  • «Исписор: онҳо фарзандони ту ҳастанд»(2012, Ғафуров),
  • «Дар дилу дидаи халқ» (2012, Ғафуров),
  • ӯзбекӣ: «Исписор чинори»(2011, Ғафуров),
  • ӯзбекӣ: «Сомғор соҳиби»(2012, Ғафуров),
  • ӯзбекӣ: «Ғулакандоз: кеча, бугун, эртага»(2013, Ғафуров),
  • «Лабрези меҳр»(2013, Ғафуров),
  • ӯзбекӣ: «Қатаған фарзанди»(2013, Ғафуров),
  • ӯзбекӣ: «Узун йӯл»(2014, Ғафуров),
  • ӯзбекӣ: «Шариф инсон»(2014, Ғафуров),
  • «Чашмаи Комилҷон»(2014, Ғафуров),
  • «Боғи бехазони Эрон бобо»(2015, Ғафуров),
  • «Ғолибон»(2015, Ғафуров),
  • «Икромбек Аҳмадзода» (2015, Ғафуров) аз чоп баромадааст.
  • Ҳабибулло Холҷӯраев, Шариф Нуриддинов. Исписор: Онҳо фарзандони ту ҳастанд. (ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ). — Ғафуров-Хуҷанд, 2012. — 956 с.;
  • Ёднома//Нашрияи Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б Ғафуров, шумораҳои соли 2015—2016;
  • ӯзбекӣ: Исписор: макаддас замин, улуғлар даргоҳи. - Хужанд, 2011. – 224 с.;