Jump to content

Юсуф Абдусаломов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Юсуф Абдусаломов Бозиҳои олимпӣ
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Номи пурра Абдусаломов Юсуф Рашидович
Кишвар  Русия Озарбойҷон Тоҷикистон
Тахассус кӯштии озод
Зодрӯз 8 ноябр 1977(1977-11-08) (46 сол)
Зодгоҳ Ансалата, Доғистон, Русия
Қад 170 см
Вазн 84 кг

Юсу́ф Абдусаломов (Абдусаломов Юсуф Рашидович; тав. 8 ноябри 1977, Ансалта[1][2][3], ДАССР, РСФСР, ИҶШС) — кӯштигири тарзи озоди Тоҷикистон, Озарбойҷон, Русия, медаловари Бозиҳои олимпии соли 2008. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ. Миллаташ — авар

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Юсуф Абдусаломов 8 ноябри соли 1977 дар Доғистони Русия (РСФСР, ИҶШС) таваллуд шудааст. Ӯ дар миёни панҷ бародару шаш хоҳараш аз ҳама хурдист. Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Доғистонро хам кардааст. Ба гуштӣ аз сини 12-солагӣ машғул аст.

Аз соли 2013 инҷониб мураббии асосии мунтахаби Лаҳистон оид ба гӯштини тарзи озод мебошад.[4].

Дастовардҳои варзишӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Юсуф Абдусаломов барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар Бусани Кореяи Ҷанубӣ (соли 2002), қаҳрамони Осиё дар Ню-Деҳлии Ҳиндустон (2003), ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ дар Душанбе (2003), барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку (2007), барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (2008, 2012), барандаи медали нуқраи Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ дар Пекин (2008), ғолиби мусобиқоти интихобии олимпӣ дар Ҳелсинки (2012) мебошад.

Юсуф Абдусаломов алҳол бо аҳли хонаводааш дар Лаҳистон ба сар мебарад. Соҳиби 4 фарзанд, се духтару як писар мебошад.

Юсуф Абдусаломов 2 сентябри соли 2008 бо Ордени «Шараф» дараҷаи 1 мукофотонида шудааст.