Офтоб
Офтоб ё Хуршед (аз оф — ҷирм ва тоб тобанда, тобоӣ), Шамс, Меҳр, Ҳур (астр. ) — наздиктарин ситораест, ки дар маркази манзумаи хуршедӣ воқеъ буда, аз плазмаи тафсон таркиб ёфтааст. Аломати астрономиаш Офтоб. Массаи Офтоб 1,990*1030 килограмм буда, аз массаи Замин 332958 маротиба зиёд аст ва 99,866 % -и массаи ҷирмҳои манзумаи хуршедиро ташкил медиҳад. Масофаи байни Офтоб ва Замни дар давоми сол аз 147,1 миллион километр (январ) то 152,1 миллион километр (июл) тағйир меёбад. Қимати миёнааш 149,6 миллион километр аст, ки онро чун воҳиди астрономӣ қабул кардаанд. Зичии миёнаи моддаи Офтоб 1,41-10® килограмм/метрэ. Тезшавии қувваи вазнинӣ дар сатҳи Офтоб 273,98 м/ооп2. Ҳарорати сатди Офтоб, ки аз рӯи афканиши пурраи он мувофиқи қонуни афканишоти Стефану Болсман муайян карда мешавад, ба 57ТО К баробар аст.
Баъд аз ихтирои телескоп мушоҳидаи Офтоб характери илмӣ пайдо кард. Доғҳои Офтоб кашф ва даври чархзании он дар атрофи меҳвараш муайян карда шуд. Соли 1843 астрономи немис Г. Швабе даврияти хурӯҷи Офтобро ошкор кард. Соли 1814 Й. Фраунгофер дар спектри Офтоб хатҳои тираи фурӯбурдро дарёфт. Аз соли 1836 ин ҷониб гирифти Офтобро мунтазам мушоҳида мекунанд. Дар натиҷа дар Офтоб тоҷ, хромосфера, инчунин протӯберансҳо ошкор гардиданд. Соли 1913 астрономи америкоӣ Ҷ. Ҳенл спектри доғдои Офтобро омӯхта дар Офтоб мавҷуд будани майдони магнитиро исбот кард. Дар ибтидои солҳои 40 садаи XX радиоафканишоти Офтобро кашф карданд. Дар нимаи дуюми садаи XX инкишофи гидродинамика ва физикаи плазма боиси пешравии физикаи Офтоб шуд. Ҳоло бо ёрии мушакҳо, расадхонаҳои автоматии маҳорӣ, лабораторияҳои кайҳонии пилотдор афканишоти ултрабунафш ва рентгении Офтобро тадқиқ мекунанд.
Тавсифоти умумӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Офтоб аз ҷумлаи резаситораҳои зард буда, тақрибан 4,5 миллиард сол ин ҷониб вуҷуд дорад. Қадри фотовизуалии ситоравиаш ба — 26,74, қадри мутлақи ситоравиаш ба +4,83 баробар аст. Офтоб нисбат ба маҷмӯи ситораҳои наздиктарин бо суръати 19,7 * 10s метр/сония ҳаракат мекунад. Офтоб андаруни яке аз шохаҳои Галактикаи мо аз маркази он дар масофаи тақрибан 10 кпк воқест. Атрофи Галактикаро Офтоб дар давоми тақрибан 200 миллион сол як маротиба давр зада мебарояд. 70%-и массаи Офтобро гидроген, 27%-ашро гелий ва тақрибан 2,5%-ро миқдори ҳама гуна элементҳои боқимонда ташкил медиҳанд. Дараҷаи ҳарорат дар маркази Офтоб 10—15 • 10е К, зичи тақрибан 1,5 • 105– килограмм/метр3, фишор Зт4’10,в Н/ма (тақр. 3 • 40′1 ат.) мебошанд. Чунин мепиндоранд, ки манбаи энергияе, ки ҷои энергияи парокандашударо пур ва ҳарорати баландро таъмин карда меистад, реаксияҳои ядроӣ (дар ҷараёни онҳо гидроген ба гелий табдил меёбад) мебошанд, ки дар қаъри Офтоб ба амал меоянд.
Афканиши пурраи Офтоб аз рӯи мунавварии он муайян карда мешавад. Офтоб нисфирӯзӣ ба сатҳи Замни тақрибан 100 ҳазор лк сели рӯшноӣ меафканад. Қувваи рӯшноии Офтоб 2,84 • 107 шамъ мебошад. Иқтидори афканиши пурраи Офтоб 3,в3 • 106 Ватт аст, ки аз он тақрибан 2 • 1017 Ватташ ба Замин меафтад.
Қабатҳое, ки мушоҳидаи онҳо имконпазиранд, атмосфераи Офтоб ном доранд. Қисми асосӣ ва аз ҳама чуқури атмосфераи Офтоб, ки ғафсиаш тақрибан 300 километр аст, фотосфера ном дорад. Зичии модда дар қабатҳои болоӣ 0,1 • 1(Ь-7 г/сантиметр3 ва дар чуқуртарин қабатҳо то 5 • 10—7 г/сантиметр3 буда, фишори миёнаи он қариби 0,1 атм аст. Ҳарорати он аз дарун то берун тақрибан аз 7 то 4—5 ҳазор К кам мешавад. Аз ин сабаб қурси Офтоб ба самти канораҳояш сиёҳтар мешаваду ҳудудҳои канорӣ тамоман торик мемонад. Фотосфера ягона минтақаи Офтоб аст, ки гидрогени нейтралӣ дорад. Металлҳо бошанд, он ҷо ионизасия шудаанд; электронҳои озоди дар натиҷаи ионизасия ҳосилшуда бо атомҳои нейтралии гидроген пайваст шуда, ионҳои манфии гидроген (Н)-ро ба вуҷуд меоранд, ки онҳо афканишоти назарнамо ва инфрасурхро бисёр фурӯ мебаранд. Сабаби тира будани фотосфера ҳамин аст ва ин дар навбати худ боиси нисбатан кам шудани ғафсии фотосфера гардидааст.
Дар таҳи фотосфера минтақаи конвексия мавҷуд аст, ки дар он массаҳои ҷудогонаи газҳои тафсони болорав (элементҳои конвексия) энергияро аз қабатҳои чуқур берун меоранд. Ғафсии минтақаи конвексия 100—150 ҳазор километр мебошад. Қисми мушоҳидашавандаи фотосфера сохти дона-дона (гранулясионӣ) дорад (расми 2), ки ин ҳам натиҷаи конвенсия аст. Унсурҳои асосии гранулясия гранулҳо — донаҳои дурахшоне мебошанд, ки гоҳо шакли бисёркунҷаро мегиранд. Сабаби дурахшонии донаҳо он аст, ки ҳарорати онҳо аз ҳарорати фазои байни гранулаҳо 400—500 К зиёдтаранд. Гранулаҳо 500—800 ки андоза дошта 5—10 дақиқа «умр» мебинанд. Сабаби дар зери фотосфера пайдо шудани ҳаракатҳои конвексионӣ ба тарафи берун фаврӣ паст шудани ҳарорат ва мавҷуд будани минтақаи дорои гидрогени қисман ионизонида аст.
Дар фотосфера аксар вақт доғҳо ва машъалҳоро мушоҳида мекунанд. Доғҳо ташкилаҳои тирае мебошанд, ки диаметрашон то ба 200 000 километр мерасад. Онҳо аз чанд соат кашида то чанд моҳ «умр» мебинанд. Доғдо одатан гурӯҳ-гурӯҳ пайдо мешаванд. Гурӯҳҳоро ҳамеша машъалҳо, флоккулаҳо, протуберансҳо иҳота карда гирифтаанд. Дар наздикии онҳо афрӯзишҳои офтобӣ ба амал меоянд. Ҳамаи ин якҷоя қитъаи фаъоли Офтобро ташкил медиҳанд. Миқдори миёнаи доғдо ва қитъаи фаъол, инчунин ҳаҷми онҳо ба даври тақрибан 11-сола тағйир меёбад (нигаред Хурӯҷи Офтоб).
Аз фотосфера болотар хромосфера ҷой гирифтааст, ки дар он дар қабати 10—20 ҳазор километр ҳарорат то ба даҳҳо ҳазор К меафзояд, гидроген, гелий ва дигар элементҳо пай дар пай ионизасия шуда, зичӣ бошад то ба 10-12 10-13 г/сантиметр3 кам мешавад. Аксари рахҳои рахшони спектри ултрабунафши Офтоб дар хромосфера, инчунин дар минтақаи гузариши байни хромосфера ва тоҷи Офтоб (ки болотар воқеъ шудааст) ба вуҷуд меояд. Манбаи радиоафканишоти диапазони саитиметрӣ низ хромосфера буда, мавҷҳои десиметрӣ ва метрӣ, инчунин афканишоти рентгенӣ аэ тоҷи Офтоб ҳосил мешаванд.
Тоҷи Офтоб аз ҳудуд меояд ва ба андозаи даҳҳо радиуси Офтоб паҳн мегардад. Хромосфера ва тоҷи Офтоб одатан ҳангоми гирифти Офтоб (хромосфера ба шакли як ҳалқаи гулобӣ ва тоҷ ба шакли холаи нуқрагин дар гирди қурси бо Мох пӯшидашудаи Офтоб) мушоҳида мешавад (расми 3). Тоҷи Офтоб аз плазмаи тунуки ҳарораташ 1—2 миллион К иборат аст, ки дар 1 сантиметр3 аз 100 миллион камтар атомҳои ионизовида ва электрон дорад. Зичии моддаи тоди О. долгом и ба ҳадди меҳин расидани хурӯҷи Офтоб хеле зиёд шуда; ҳангоми суст шудани хурӯҷ кам шудан мегирад. Сохти тоҷ ба сохти майдони магнитии Офтоб сахт алоқаманд аст.
Афканишоти тоҷи Офтоб аз рӯшноии дар электронҳои озод парокандашудаи фотосфера, инчунин аз спектри эмиосионии рах-рахи атоми карати пояизонидаи охан, калций, никел ва дигар элементҳо иборат аст. Азбаски гази тоҷ бисёр тунук ва тафсон аст, бисёр зарраҳо аз суръати параболӣ (барон О. 600 километр/сония) зудтар ҳаракат мекунанд ва аз ин сабаб аз Офтоб берун рафта метавонанд. Тоҷи Офтоб умуман ташкилаи устувор нест ва бефосила ба фазои байни сайёраҳо паҳн мегардад. Сели доимии плазма, ки ба ин сабаб ба вуҷуд меояд, боди Офтоб ном дорад. Омехтадои зарраҳои боди Офтоб дар наздикиҳои Замин ба ҳисоби миёна якчанд зарра дар 1 сантиметр3 ва суръати он 400—1000 километр/сония мебошад.
Тоҷро то соли 1931 танҳо дар вақти гирифти пурраи Офтоб мушоҳида мекарданд. Баъд аз ихтирои коронограф тоҷро доимо мушоҳида мекардагӣ шуданд. Шакли тоҷ вобаста бо фазаҳои даври хурӯҷи Офтоб тағйир меёбад: тоҷ ҳангоми ба ҳадди меҳин расидани хурӯҷ қад- қади экватор тӯл кашида ва ҳангоми то ҳадди кеҳин паст шудани хурӯҷ қариб курашакл мешавад.
Хуруҷи Офтоб ба ҳодисаҳое, ки дар атмосфера, магнитосфера ва биосфераи Замин ба амал меоянд, таъсир мекунад. Чунончи, алоқамандии байни даври 11-солаи хурӯҷи Офтоб ва зилзила, савияи оби кулҳо, ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ, афзоиши ҳашарот, эпидемияи грипп, домана (тиф), вабо, касалиҳои дилу paг муқаррар карда шудааст. Тадқиқи хусусияти робитаи Осмону Замин аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ пайдо кардааст.
Дар СССР тақр. ибан 20 расадхона, аз ҷумла расадхонаҳои Қрим, Пулково, муассисаҳои астрономии Москва. Киев, Тошкент, Алмаато, Абастуман, Иркутск дар соҳаи умури Офтоб кор мебаранд. Соли 1979 астрофизикҳои Пулково дар Помир дар баландии 4350 етр аз соҳили баҳр телескопи махсус шинонда, ба воситаи он Офтобро мушоҳида карданд ва харитаи доғҳо ва афрӯзишҳои дар сатҳи oн ба амал омадаро тартиб доданд. Се маркази илмии ҷаҳонӣ: СССР, Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Франсия дар бораи Офтоб маълумот ҷамъ меоваранд.
Маълумотҳоеро, ки шабакаҳои стансияҳои ҷаҳонӣ дар бораи Офтоб ҷамъ мекунанд, ҳам барои ҳалли масъалаҳои физикаи Офтоб, Замин ва фазоӣ байнисайёравӣ ва ҳам барои ҳалли масъалаҳои амалии хоҷагии халқ (пешбинии шароити паҳншавии радиомавҷҳо ва тӯфонҳои магнитӣ) ис- тифода бурда мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ягер К., Строение и динамика атмосферы Солнца, Москва, 1962;
- Северный А. Б., Физика Солнца, Москва, 1956;
- Гибсон Э., Спокойное Солнце, Москва, 1977;
- Аллен К. У., Астрофизические величины, Москва. 1977.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.