Jump to content

Қаҳрамони Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаҳрамони Тоҷикистон
Таърихи таъсис 14 декабр 1996
Нигора
Кишвар
Дараҷаи пойинтар Ситораи Президенти Тоҷикистон
Икон
Акси «Қаҳрамонони Тоҷикистон» дар осорхонаи таърихии Хуҷанд

Қаҳрамони Тоҷикистон — унвони олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хидматҳои шоиста дар назди давлат ва халқ супорида мешавад. Унвон ба шаҳрвандоне, ки барои озодӣ, истиқлол ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон каҳрамонии ҳарбӣ ва меҳнатӣ намудаанд супорида мешавад. Унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дар қатори дигар Унвонҳои фахрӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 июли соли 2001 № 29 муқарар карда шудааст.[1]

Қаҳрамонони Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Садриддин Айнӣ (1878—1954) — адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр шудааст.
  2. Бобоҷон Ғафуров (1909—1977) — донишманд, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби «Тоҷикон». Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр шудааст.
  3. Эмомалӣ Раҳмон — сиёсатмадор, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр шудааст.[2]
  4. Мирзо Турсунзода (1911—1977) — шоир, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. Соли 2001 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр шудааст.
  5. Нусратулло Махсум Лутфуллоев (1881—1938) — ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Соли 2006 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр шудааст.
  6. Шириншоҳ Шоҳтемур (1899—1937) — ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Соли 2006, бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр шудааст.
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
  2. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик./Мураттибон: Ҳотамов Н. Б., Саъдиев Ш. С. Нашри дуюм. — Душанбе,2010. — С.14