Қобилҷон Хушвахтзода
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт | |
Таърихи таваллуд | 5 июн 1982 (42 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | ДДМТ |
Роҳбари илмӣ | Владимир Юрчишин[d] |
Қобилҷон Хушвахтзода (Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, то соли 2019 Барфиев Қобилҷон Хушвахтович; 5 июни 1982, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб) — иқтисоддон, аудитор, доктори илмҳои иқтисодӣ[1], профессор[2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қобилҷон Хушвахтзода 5 июни соли 1982 дар ноҳияи Данғара дар оилаи зиёӣ-омӯзгор ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро солҳои 1989—1999 дар мактаби таҳсилоти умумии №2-и ноҳияи Данғара гирифтааст. Соли 2004 факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Баҳисобгирии бахгалтерӣ, таҳлил ва аудит» хатм намудааст.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қобилҷон Хушвахтзода ассистенти кафедраи «Таҳлили иқтисодӣ ва аудит»-и факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2004—2011), муовини декан оид ба илм ва тарбияи ДМТ (2005—2009), муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзонаи ДМТ (2009—2013), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2011—2012), мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2013—2017), мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2018—2019)[3], директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК назди ДМТ (2019), декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2019—2020)[4] ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2020—2024)[5][6] буд.
Қобилҷон Хушвахтзода аз 16 январи соли 2024 Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин карда шудааст[7].
Қобилҷон Хушвахтзода ҳамзамон узви Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қобилҷон Хушвахтзода моҳи апрели соли 2010 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Рақобатпазирии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар иқтисодиёти серсохт (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)»[8] ва 25 январи соли 2019 рисолаи докториро дар мавзӯъи “Конкурентоспособность сельскохозяйственного производства и её учётно-аналитические основы: теория, методология, организация (на материалах Республики Таджикистан)”[9] дар пояи Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагина ва Донишгоҳи славянии Русияву Қирғизистони шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯи ихтисоси «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, омор» дифоъ кардааст.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Қобилҷон Хушвахтзода муаллифи беш аз аз 270 маводи илмӣ ва 50 дастури таълимию китобҳои дарсӣ мебошад[10].
Унвону ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Қобилҷон Хушвахтзода бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2012), диплом ва ҷоизаи АИ ҶТ (2012), унвонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон (2012), Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Ордени «Шараф» дараҷаи II (2023) қадр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Хулосаи шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-004 дар назди ДМТ. tnu.tj (28 Декабри 2019). 28 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 Январ 2020.
- ↑ Қарори ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ дар 6D.КОА-004 назди ДМТ. tnu.tj (28 Декабри 2019). 28 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 Январ 2020.
- ↑ Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ(тоҷ.). www.tnu.tj. 28 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 Январ 2020.
- ↑ Декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ. fmi.tj. Факултети Молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 27 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 феврали 2020.
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин намудани Хушвахтзода Қ.Х.. president.tj. Президенти Тоҷикистон. 28 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озод намудани Хушвахтзода Қ. Х.. www.prezident.tj. Президенти Тоҷикистон (6 Январ 2022). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин намудани Хушвахтзода Қ. Х.. www.prezident.tj. Президенти Тоҷикистон (16 Январ 2024). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Барфиев, Кобилджон Хушвахтович. Конкурентоспособность дехканских (фермерских) хозяйств в условиях многоукладной экономики: на материалах Республики Таджикистан. disserCat (2010).
- ↑ Жолочубеков Нурсултан. НАК ПКР | Барфиев Кобилджон Хушвахтович(рус.). 7 феврали 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2024.
- ↑ Президенти АМИТ. www.anrt.tj. 7 феврали 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2024.