Қодири Рустам
Адуқодири Рустам | |
Таърихи таваллуд: | 13 октябр 1958 (66 сол) |
Зодгоҳ: | Панҷрӯд, ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, тарҷумон |
Солҳои эҷод: | 1986 — то ҳол |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳои адабӣ: | «Ҷоизаи сол»-и Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон |
Қодири Рустам (Абдуқодири Рустам; тав. 13 октябри 1958, Панҷрӯд, ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — нависанда, тарҷумон ва адабиётшиноси тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қодири Рустам 13 октябри соли 1958 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент дар хонаводаи муаллими забон ва адабиёт ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар Панҷрӯд хатм кардааст. Шавқи омӯзиши адабиёт ӯро ба остонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон овард.
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Қодири Рустам оиладор ва соҳиби як писар бо номи Барзуст.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кориаш аз соли 1981 баъди хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳ дар нашриёти «Ирфон» шурӯъ шуд. Аввал мусаҳҳеҳ буд, баъд муҳаррири хурд ва баъдан муҳаррир.
Аз ҷумлаи аввалин кормандони ҳафтаномаи озоди «Чароғи рӯз» буд, ки чун падидаи ошкорбаёнӣ дар остонаи худшиносии миллӣ дар фазои иттилоотии кишвар пар кушод ва дар кутоҳтарин фурсат ба як нашрияи хеле хонданиву ҷолиб табдил ёфт.
Қодири Рустам ҳамакунун дар Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе ба ҳайси мушовир ва корбар фаъолият дорад[1].
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин китобаш бо номи «Бурси дуреша» соли 1986 дар нашриёти «Ирфон» чоп шуд, ки маҷмуъаи насри бадеии адиби ҷавон ба шумор мерафт.
Ҷанги дохилӣ ӯро низ ба гирдоби муҳоҷирати иҷборӣ ҳаво дод ва муддати чандин сол дар Қазоқистон зист ва эҷод кард. Соли 2003 дар Олмотӣ китоби ӯ бо номи «Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар» чоп шуд.
Солҳои зиндагонӣ дар Олмотӣ, ки дар дафтари хабаргузории эронии ИРНА фаъолият мекард, дар канори кори хабарнигорӣ ба пажуҳиш машғул шуд. Таҳия ва шарҳи китоби донишманди қаблазинкилобии рус А. Шишов «Таджики» (Олмотӣ, 2005), таҳия ва шарҳи муфассали «Девон»-и Рӯдакӣ" (Олмотӣ, 2007),) низ самараи кори эҷодии ӯ дар ин солҳост.
Баъдан «Девон»-и Рӯдакӣ дар таҳияи ӯ солҳои 2008, 2012 дар Теҳрон, соли 2015 дар Душанбе[2][3] ва соли 2019 дар Хуҷанд ба алифбои форсӣ ва сириллик ба чоп расид.
Баъди «Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар» муддати ҳафт соли дигар ҳаводорони осораш аз ӯ чизи тозае нахонданд. Худи ӯ мегӯяд, як муддати тӯлонӣ ҳатто аз мутолиа даст кашида буд, чӣ монад, ки асар нависад. Вай ба рӯйдодҳои кишвар ишора мекунад ва мегӯяд, он замон ба ин натиҷа расид, ки адабиёт ба мардум чизе намедиҳад. «Ба он бовар будам, ки агар адабиёт ба мардум чизе медод, мо ба ин ҳол гирифтор намешудем».
Ва муддати шояд 8 сол худро канор кашид, ҳатто ба иқрори худаш на мехонду на менавишт. Вале баъдан дубора рӯ ба адабиёт овард. Ва ин ин тағйири андеша боис гардид, ки соли 2010 дар нашриёти «Шуҷоиён» китоби «Чойхонаи „Роҳат“. Қисса ва ҳикоёт барои хониши пеш аз хоб» аз чоп баромад.
Соли 2018 романи «Пойҳо ва рӯйҳо»-ро ба табъ расонид, ки пас аз як сол дар муассисаи интишоротии «Арван» дар Теҳрон ба алифбои форсӣ чоп шуд[4][5].
Тарҷумонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қодири Рустам ба тарҷумонӣ низ машғул аст. Соли 1992 нашриёти «Ирфон» рисолаи эроншиноси маъруфи пешазинқилобии рус Н. В. Хаников «Андешаҳо роҷеъ ба таҳқиқи мардуми Эрон»-ро чоп кард, ки бисёр аз саҳифоти он ба таҳқиқи антропологӣ ва мардумшиносии мардуми тоҷик ихтисос дорад.
Соли 2020 дар тарҷумаи Қодири Рустам романи нависандаи рус Андрей Волос «Бозгашт ба Панҷрӯд» ва маҷмӯъаи ҳикояҳои нависандаи бузурги Жопун Окутогово «Азобҳои ҷаҳаннам» ба чоп расиданд.
Ҳамчунин ҳикоя ва қиссаҳои нависандагони бузург А. П. Чехов, Лу Син ва Луис Хорхе Борхес маҳсули заҳамоти ӯянд, ки хонандаи тоҷик бо забони модариаш мутолиа кардааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Қодири Рустам ба дарёфти «Ҷоизаи сол»-и Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон барои тадвин ва тасҳеҳи «Девон»-и Рӯдакӣ мушарраф шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Зӯри адабиёт: раҳоии адиби маъруфи тоҷик аз “вируси корона”(тоҷ.). Sputnik Tajik. 22 феврали 2021 санҷида шуд.
- ↑ Омодагиҳо ба "Рӯзи Рӯдакӣ" дар Тоҷикистон(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 22 феврали 2021 санҷида шуд.
- ↑ Қодири Рустам "Девони Рӯдакӣ"-ро нашр намуд.. Радиои Озодӣ (6 августи 2015).
- ↑ پای ها و روی ها. www.arvannashr.ir. انتشارات آرون. 22 феврали 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Романи Қодири Рустам дар Эрон чоп шуд(тоҷ.). Sputnik Tajik. 22 феврали 2021 санҷида шуд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қодири Рустам | TojNews. www.tojnews.org. 16 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 сентябри 2020.