Jump to content

Гавана (пойтахт)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҳавана)
Шаҳр
Гавана
исп. La Habana
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
23°07′ с. ш. 82°23′ з. д.HGЯO
Кишвар Куба
Роҳбар Reinaldo García Zapata[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1515
Масоҳат
  • 728,26 км²
Баландии марказ 59 ± 0 м
Минтақаи замонӣ UTC−05:00[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 2 492 618 тан (2022)
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +53 7
Нишонаи почта 10000–19999
lahabana.gob.cu
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Гавана дар харитаи
Гавана
Гавана
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гавана (исп. La Habana [aβana] — Авана, пурра San Cristóbal de La Habana) — шаҳр, пойтахти Ҷумҳурии Куба, маркази маъмурии музофоти ҳамном. Дар қисми шимолу ғарбии ҷазираҳои Куба дар соҳили халиҷи Мексика ҷойгир шудааст. Аҳолиаш 2,8 млн нафар, бо сокинони атрофаш 3,7 млн нафар (2014). Масоҳаташ 726,75 км².

Бандари асосии кишвар буда, бо тамоми музофотҳо иртиботи нақлиётӣ дорад. Фурудгоҳи байналмилалӣ (Хосе Марти) дорад.

Гавана тақрибан соли 1515 дар соҳили ҷанубии ҷазира аз тарафи кишваркушо (истилогар)-и испанӣ Диего Веласкес бунёд шуда, соли 1519 он ба соҳили шимолу ғарбӣ кӯчонда шуд. Аз соли 1592 шаҳр ва қароргоҳи расмии губернатори Испания буд. Аз соли 1902 пойтахти Ҷумҳурии Куба.

Санъату иқтисод

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гавана маркази муҳимми саноат ва фарҳанги мамлакат аст. Комбинати филиззкории (металлургии) ба номи Хосе Марти, ки бо ёрии ИҶШС азнавсозӣ шудааст, заводи коркарди маҳсулоти нафтӣ, муассисаҳои хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, нассоҷӣ, корхонаҳои саноати коркарди филиззот, кимиёӣ, киштисозию таъмири он, васлкунии автомобил, чарму пойафзор, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, фабрикаи коркарди тамоку (истеҳсоли сигор), шаробпазӣ дорад.

Ҷозибаҳои гардишгарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гавана аз зеботарин шаҳрҳои Нимкураи ғарбӣ маҳсуб мешавад. Қисмати қадимии Гавана (Habana Vieja), ки то ҳанӯз симои даврони мустамлика буданашро маҳфуз доштааст, ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст. Маҷмааи майдонҳои росткунҷаи Пласа де Армас бо қасри волӣ (1777-91) ва Хона (қаср)-и почта, майдони калисои ҷомеъ (1656), ратуша (1792), маъбадҳо ва биноҳои бо услуби барокко биношуда дар асрҳои 16-18 қомат афрохтанд. Аз бандаргоҳ ба самти шарқ биноҳои қадимӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва қалъаҳои Эл-Морро (1589—1630) ва Ла Кабаня, дар самти ғарб Ла Пунта ва Ла Фуэрса (1565-83 бо осорхонаи силоҳҳои қадимӣ) воқеанд. Дар асрҳои 19-20 дар ҷануб ва ғарб маҳалли ашрофи Серро, Ведадо, Мирамар, хиёбони Пасео-дел-Прадо, бинои Капитолияи миллӣ (1929), биноҳои баландошёна (меҳмонхонаи «Гавана Либре» ва «Ривйера»), қасри президент, лавҳаи ёдгории «Гранма» бунёд шуданд. Муҷассамаи ёдгории Хосе Марти дар майдони Инқилоб (1943, баландиаш 70 м) ва нимпайкараи Исои Масеҳ (18 м) дар баландии Ла-Кабаня ҷой гирифтаанд. Ҳовоно донишгоҳ, АИ, китобхона ва осорхона дорад.



Пойтахтҳои Амрикои Шимолӣ
Бастер | Белмопан | Бриҷтаун | Вашингтон | Гавана | Гватемала | Кастрис | Кингстаун | Кингстон | Манагуа | Мехико | Нассау | Оттава | Панама | Порт-о-Пренс | Порт-оф-Спейн | Розо | Сан-Салвадор | Санто Доминго | Сан-Хосе | Сент-Ҷонс | Сент-Ҷоржес | Тегусигалпа