Ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ
Зоҳир
Ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ – мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар як шахс метавонад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият ва беғараз баррасӣ намояд. Ҳеч касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс ва бадарға кардан мумкин нест ва ҳар як шахс аз лаҳзаи дастгиршавиаш метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад (моддаи 19). То баромадани қарори суд дастгиршаванда набояд зиёда аз 48 соат нигоҳ дошта шавад. Дар ин муҳлат бояд ба ӯ айб эълон карда шавад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 518 - 519
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |