Jump to content

Ҷазира

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷазираи галаҷазираи Фиҷӣ

Ҷазира (форсӣ: جزیره‎) — қитъаи хушкист, ки бо оби уқёнус, баҳр, кӯл ё рӯд иҳота шудааст.

Ҷазираҳо нисбат ба материк хурдтаранд. Онҳо алоҳида ё як силсилаанд, ки галаҷазира ном доранд. Ҷазираҳо аз ҷиҳати пайдоиш материкӣ (аз материк ҷудошуда), вулқонӣ, марҷонӣ ва обовард мешаванд. Бузургтарин ҷазираҳои рӯи Замин (масоҳати беш аз 400 ҳазор км²) инҳоянд: Гренландия, Гвинеяи Нав, Мадагаскар, Калимантан, Замини Баффин, Суматра.