Jump to content

Мадагаскар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мадагаскар
Repoblikan'i Madagasikara
Парчам Нишон
Шиор: «Tanindrazana, Fahafahana, Fandrosoana (Ватан, Озодӣ, Тараққиёт)»
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Мадагаскар|Ry Tanindraza nay malala ô
]]»
Рӯзи истиқлолият (аз Фаронса)
Забони расмӣ Малагасӣ, Фаронсавӣ
Пойтахт Антананариву
Шаҳри калонтарин Антананариву
Идораи давлат ҷумҳурии президентӣ
президент Андри Радзуэлина
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
45-ум ҷой дар ҷaҳон
587041 км²
7.0 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2005)
  • Зичӣ
57-ум ҷой дар ҷaҳон
18400000
31.3 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2005)
  • Ба сари аҳолӣ
118-ум ҷой дар ҷaҳон
1,582 млн. $
900 $
Пули миллӣ Ариари МГА
Интернет-Домен .mg
Коди телефон +261
Соат UTC +3 соат
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Мадагаскар (малагасӣ Madagasikara, фаронс. Madagascar), Ҷумҳурии Мадагаскар (малагасӣ Repoblikan'i Madagasikara, фаронс. République de Madagascar) — давлат дар соҳили ҷанубу шарқи Африқо. Ба ҳайати Мадагаскар ҷ-ҳои Мадагаскар, Нуси-Бе, Нуси-Браха ва чанд ҷ-ҳои хурд дохил мешаванд. Масоҳаташ 591,9 ҳазор км2. Аҳолияш 31,1 млн нафар (2024), пойтахтан ш. Антананариву. Ҷашни миллӣ – Рӯзи истиқлол, 26 июн. Забонҳои расмӣ – малагасӣ ва фаронсавӣ. Асъори миллӣ – ариари малагасӣ. Аз лиҳози маъмурӣ ба 6 музофот тақсим мешавад.

Мадагаскар аъзои СММ (1960), Иттиҳоди Африқо (1963), СҶТ, СҶС (1995) ва чанд созмонҳои минтақавӣ мебошад.

Робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мадагаскар 12 июни соли 1993 барқарор гардидаанд. Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, №190 шаҳрвандони синнашон аз 55-сола болои Мадагаскар метавонанд бе раводид муддати 14 шабонарӯз ба Тоҷикистон ворид шуда будубош намоянд.

Сохти давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷумҳурии Мадагаскар – давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад. Конститутсияи амалкунанда соли 2010 қабул гардидааст. Ҳокимияти иҷроия аз тарафи президент ва ҳукумат амалӣ  мегардад. Президент сардори давлат маҳсуб ёфта, аз тариқи интихоботи мустақим ба муҳлати 5 сол бо ҳуқуқи як маротиба тамдид намудани ваколаташро дорад. Ҳукумат аз сарвазир ва вазирон иборат буда, сарвазир роҳбари ҳукумат ва раиси Шӯрои ҳукумат маҳсуб меёбад. Мақоми қонунгузор – парламент аз ду палата: Маҷлиси Миллӣ ва Сенат иборат аст. Вакилони Маҷлиси Миллӣ аз тариқи интихоботи мустақим ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд. 2/3 ҳиссаи вакилони Сенат аз музофотҳо ва 1/3 ҳиссаи дигар бо пешниҳоди мақомоти намояндагӣ, сохторҳои муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ интихоб мешаванд.

Релеф, иқлим, обҳои дохилӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар қисми шарқӣ ва марказӣ аз самти шимол ба ҷануб Фалоти баланд (баландӣ 800–1000 м) тӯл мекашад, ки сатҳи он бо тарқишҳои  тектоникӣ ба минтақаҳои баланди вулқонӣ –  Саратанана (баландӣ то 2876 м, к. Марумукутру – баландтарин қ. Мадагаскар) ва ғ. ҷудо мешавад.

Дар қисми шимолии Мадагаскар иқлими фароистивоӣ (субэкваторӣ), дар қисми ҷанубӣ – истивоӣ, дар соҳилҳои шарқӣ – гарму рутубатнок, ғарбӣ – гарму хушк. Миқдори миёнаи солонаи боришот – 2500–3500 мм.

Қисми бештари ҳудуди Мадагаскар дорои шабакаи зичи дарёҳои пуроб мебошад. Дар шарқ дарёҳои кӯҳии кӯтоҳу сероб, дар ғарб дарёҳои тӯлонитари тобистон сероб ва зимистон камоб мавҷуданд, ки бузургтарини онҳо –  Суфиа, Бесибука, Махавави, Мангуки ва Унилахи мебошанд.

Сохти геологӣ ва захираҳои табиӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷазираи Мадагаскар аз ҷинсҳои булӯрини давраи токембии барвақт иборат аст, ки таҳкурсии фалоти Мадагаскар ташкил медиҳанд ва дар давраи мезозой дар натиҷаи тақсимшавии фалоти Африқо ба вуҷуд омада буданд. 

Мадагаскар аз руи захираҳои графит дар ҷаҳон дар ҷойи 5-ум ва кобалт дар ҷойи 7-ум буда, ҳамчунин захираҳои зиёди маъданҳои хром ва титан, сангҳои қиматбаҳо, мис, уран, оҳан, тило ва филизҳои нодир дорад.       

Хок, олами наботот ва ҳайвонот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нишебиҳои шарқии Фалоти баланд хокҳои сурху зарди ферралитӣ, дар водиҳо ва пастхамиҳо – хокҳои зарди ферралитӣ ва торфдор паҳн гардидаанд. Тақр. 20% ҳудуди Мадагаскар ҷангалзор буда, бештар дарахтони канариум, далбергия, диоспрос, шеффлер, вейнмания ва ғ. паҳн гардидаанд.  Дар ҷангалҳо бештар панданус, бамбук ва лиан-эпифит, аз ҷумла набототи маҳаллӣ (эндемӣ) – бисмаркияи асил, равенала ва уапакаи мадагаскарӣ мушоҳада мешаванд.   

Дар олами ҳайвоноти Мадагаскар тақр. 280 намуди ширхорҳо, ки қисми бештарашон маҳаллианд, аз ҷумла кӯршапараки мадагаскарӣ, лемури вари, индр, тенрек ва ғ. мушоҳада мешаванд. Бештар аз 280 намуди парандаҳо – тӯтии сабз, кардинали сурх, кабӯтари кабуд, мурғи фиръавн, мурғи султонӣ ва ғ., ҳамчунин намудҳои эндемӣ мавҷуданд. Бештар аз 380 намуд обхокиҳо: буқаламун, геккон, угуан, мори печон, тимсоҳ ва 90 навъ моҳиҳои оби ширин мавҷуданд.  

Ҳифзи муҳити зист

[вироиш | вироиши манбаъ]

Минтақаҳои ҳифзшаванда 7,5 % ҳудуди кишварро ташкил дода, мамнуъгоҳҳои машҳур – мамнуъгоҳи Синги-дю-Бемараха, Саратанана, Захамена, Андухахелу, Андрингитра, боғҳои миллӣ – Исулу ва Амбухитра мебошанд. Ба Феҳристи ҷаҳонӣ ду мавзеъ – Ҷангалҳои боронии Асинанана ва Мамнуъгоҳи табиии Синги-де-Бемараха дохил мебошанд. Резишгоҳи д. Сирибихина мутобиқи Муоҳидаи Ромсар ба мавзеъҳои обӣ-ботлоқии дорои аҳаммияти ҷаҳонидошта дохил гардидааст.   

Таркиби миллӣ ва дин

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аксари аҳолии Мадагаскар-ро малагасиҳо ва ё малгашҳо ташкил менамоянд, ки аз 40 қавму гурӯҳҳои қавмӣ иборатанд (96,8 %; 2023). Дар байни онҳо 18 қавми калон, аз ҷумла қавмҳои бесимисарака, бесилеу и мерина аз лиҳози шумора бештаранд. Ҳамчунин фаронсавиҳо, комориҳо, арабҳо, чиниҳо, ҳиндуҳо, покистониҳо ва ғ. сукунат доранд.   

Мутобиқи маълумотҳои соли 2024 85% аҳолии Мадагаскар пайрави дини насронӣ, 7% аз ҳеч мазҳаб пайравӣ намекунанд, 4,5% – пайрави динҳои анъанавии маҳаллӣ, 3% мусалмон ва 0,5% пайрави динҳои дигаранд. Мусалмонҳо баромадашон аз Ҳиндустону Покистон ва мардумони маҳаллӣ буда,  суннимазҳабанд.   

Мутобиқи маълумоти бостоншиносӣ оғози фаъолияти одамони аҳди қадим дар ҳудуди Мадагаскар ба охири ҳазораи 3 ва оғози ҳазораи 2 то м. рост меояд. Муҳоҷирон аз ҷаз. Калимантан ва Африқои Шарқӣ дар Мадагаскар маскун мешуданд. Аз оғози ҳазораи 2 то м. робитаҳои тиҷоратӣ бо Африқои Шарқӣ, Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ густариш ёфта, минбаъд дар асрзои  9 –15 дар соҳилҳои шарқӣ бандари бузурги тиҷоратӣ – Махикала вуҷуд дошт.  

Раванди ташаккули қавми ягонаи малагасӣ то асри 16 идома дошт. Ҳанӯз дар асрҳои 14–15 давлатдории халқи мерина – Имерина, дар асрҳои 16–17 халқи сакалава ду давлат – Буйна и Менабе ва дар асрҳои 17–18 давлатдориҳои халқҳои бесилеу, бесимисарака ва антаймуру ташкил ёфта буданд.

Дар соли 1500 аввалин аврупоиҳо – дастаи низомии портулагиҳо бо сарварии Д. Диаш ба Мадагаскар ворид шуданд. Соли 1643 ширкати тиҷоратии фаронсавӣ ташкил ёфта, ба истилои Мадагаскар аз тарафи Фаронса оғоз бахшид. Соли 1890 Британия Кабир ҳуқуқҳои Фаронсаро ба Мадагаскар ба расмият шинохт. Моҳи июни соли 1896 парламенти Фаронса Мадагаскар-ро мустамлика эълон намуда, аз соли 1897 идораи Мадагаскар ба уҳдаи генерал-губернатори фаронсавӣ вогузор гардид.  

Пас аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар Мадагаскар муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ вусъат гирифт ва ҳукуматдорони фаронсавӣ маҷбур гардиданд ба Мадагаскар мақоми ҳудуди фаробаҳрии Фаронсаро диҳанд. Фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ташкилёфта барои щимояи ҳуқуқҳои мардумони маҳаллӣ ва расидан ба истиқлол вусъат меёфт. 14 октябри соли 1958 Мадагаскар дар ҳайати Иттиҳоди Фаронса ҷумҳурӣ эълон гардид.

26 июни соли 1960 мустақилияти Ҷумҳурии Малагасия эълон гардид. Сиёсати доираҳои ҳукмрон боиси норозигии тарафдорони ҳамкорӣ бо Фаронса ва ширкатҳои хориҷӣ гардид. Моҳи феврали соли 1975 пас аз пахш гардидани исёни низомиён ҳокимият ба ихтиёри Кумитаи миллии ҳукумати низомӣ гузашт ва 15 июн Д. Ратсирака сардори нави давлат интихоб гардид. Пас аз раъйпурсии 21 декабри соли 1975 Д. Ратсирака дар мансаби президенти кишвар таъйин ва ҳамзамон конститутсия ва номи нави кишвар – Ҷумҳурии Демократии Мадагаскар тасдиқ гардид.  

Моҳи октябри соли 1991 таҳти фишори неруҳои мухолиф Д. Ратсирака аз ҳокимият маҳрум гардид. Соли 1992 конститутсияи нави кишвар тасдиқ гардида, кишвар Ҷумҳурии Мадагаскар эълон ва шакли идораи парламентӣ ҷорӣ гардид.  

Моҳи декабри соли 2010 конститутсияи нави Мадагаскар – конститутсияи «Ҷумҳурии чорум» қабул гардид, ки мутобиқи он Мадагаскар давлати дунявӣ эълон гардида, тақсимоти кишвар ба 6 музофот (воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ) барқарор гардид.  Моҳи ноябр-декабри соли 2018 дар Мадагаскар интихоботи навбатии президентӣ баргузор гардид, ки дар даври дувуми он Андри Раҷуэлина (Andry Rajoelina) пирӯз шуд ва моҳи декабри соли 2023 бори дигар ба ин мансаб интихоб гардид.

Дар Мадагаскар дар тӯли асрҳо анъанаҳои ғании адабиёти шифоҳӣ ташаккул ёфтанд. Достони ҳамосии «Ибуниа» дар шаклҳои мухталиф дар байни тамоми мардумони Мадагаскар паҳн гардида буд. Аксари ривояту қиссаҳо ва саргузаштҳо дар шакли суруд  боқӣ монданд. Маҳз барои ҳамин анъанаҳои адабиёти шифоҳии мардумӣ бо суруду овозхонӣ робитаи зич доранд. Малагасиҳо барои ифодаи «достон» ибораи тунункира ё тунункалу истифода мебаранд, ки аз вожаҳои тунуни (калима), хира (суруд) ва калу (жанри мусиқӣ) иборат аст.

Нахустин шоири муосири африқоӣ аз қавми мерина Жан-Жозеф Рабеаривелу (1901–1937) бо омезиш додани шаклҳои шеъри аврупоӣ бо унсурҳои анъанавии санъати малагасӣ машҳур гардида буд. Вай бори аввал романи таърихӣ ва операи нахустинро ба шеваи ғарбӣ эҷод намуда, барои рушди адабиёти халқҳои маҳаллӣ замина гузошт. Анъанаи омезиши адабиёту санъати аврупоӣ ва маҳаллиро Эли Радзаунарисон идома дод. Минбаъд шоирон – Ж. Рабеманандзара, П. Рандрианарисуа, Ж. Андриаманантена, Ж. Верди, С. Разакандрайна ва дигарон ба саҳнаи адабиёт ворид шуданд ва имрӯз эҷодиёти Ж.Л. Рахариманана, Мадагаскар Ракутусон, К. Ратсифандрихаманана, Д. Дзаумануру ва дигарон мавриди таваҷҷуҳи хонандагон ҳастанд. Рассоми ҳаҷвнигор А. Разафиндрайнибе (1956–2011) бо асарҳои худ дар сабки комиксҳо машҳур гардида буд.   

Мавзуи асосии эҷодиёти аксари адибони муосири Мадагаскар таблиғу тарвиҷ ва ситоиши паҳлӯҳои гуногун ва зебогии забонҳои мардумони маҳаллӣ ва анаъанаҳои адабиёти шифоҳӣ мебошад.

Санъати тасвирӣ ва меъморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин рассомони маҳаллӣ дар охири а. 19 бо дастгирии мубаллиғини аврупоӣ ва ҳукуматдорони мустамликавӣ ба эҷодиёт оғоз намуданд. Онҳо дар осори худ ба мавзуъҳои мардумони маҳаллӣ муроҷиат намуда, аз матои шоҳӣ ва ранги обӣ истифода мебурданд ва саҳнаҳои табиати ҷазира, симо ва рӯзгори мардумро бо супориши мубаллиғони аврупоӣ, ҳукуматдорони мустамликавӣ ва сайёҳони хориҷӣ тасвир менамуданд. Дар нимаи аввали а. 20 рассомон тасвирҳои мухталифро дар қолинҳо ва сафолҳо кашида, санъати тасвирии Мадагаскар-ро дар дохил ва кишварҳои африқоиву аврупоӣ таблиғ менамуданд. Ҳунарҳои анъанавии мардумони Мадагаскар кандакорӣ дар чӯб (ҳайкалтарошӣ, ҷиҳози хона, зарф), бофандагӣ, сабадбофӣ, маҳсулоти сафолӣ ва филиззӣ ва ғ. мебошанд.    

Ёдгории муҳимми санъати анъанавии меъморӣ – қароргоҳ ва қалъаи шоҳӣ дар теппаи Амбухиманга (а.18 ) мебошад. Аз миёнаи а. 19 дар Мадагаскар сохтмони биноҳо ба сабки аврупоӣ оғоз ёфт: қасри малика – Мандзакамиадана (а.19) бар сабкҳои таърихии маҳаллӣ ва қасри Амбухитсурухитра (қароргоҳи генерал-губернаторҳои собиқ, ҳоло қароргоҳи президент, 1892) ба сабки неоренессанси фаронсавӣ, калисои ҷомеи Лаврентии муқаддас дар н. Амбухиманору (1889) ва ғ. Дар байни биноҳои нав бунёдёфта – бинои шаҳрдорӣ (ратуша) ва маҷмаи калисои ҳамшираҳо Нотр-Дам-дю-Сенакл дар н. Суавимбахуака (2014) ҷолибанд.  

Қисми марказии ҷазираро платои Баланд (Имерина) ишғол кардааст, ки он мунтазам ба тарафи ғарб паст шуда, аз ҳамвориҳои соҳилҳои шарқӣ ҷудо аст. Қуллаи баландтарин -вулқони хомӯши Марумукутру (2876 м аз сатҳи баҳр) — дар қисми шимоли кишвар ҷойгир аст. Дарёҳои Мадагаскар кӯтоҳ ва обшорадор аз захираҳои обӣ бой мебошанд. Дарёҳои қисми шарқии кишвар тамоми сол об доранд. Дарёҳои муҳимтарини кишвар — Суфиа, Мангуки, Бетсибука, Вухитра. Кӯли калонтарин — Алаотра — дар шимолу шарқ ҷойгир аст.

Илм ва маъориф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қадимтарин муассисаи илмии Мадагаскар Академияи илмҳои Малагасӣ (1902) буда, чор шуъба: забон, адабиёт ва санъат; улуми сиёсӣ; улуми бунёдӣ ва улуми таҷрибавӣ  дорад ва дар сохторҳои он дар баробари олимони маҳаллӣ олимони хориҷӣ низ фаъолият доранд.

Низоми маориф аз тарбияи томактабӣ, зинаи ибтидоӣ, миёна, касбӣ-техникӣ ва олӣ иборат аст. Таҳсилоти мактабӣ 12 сола буда, ду зина – маълумоти ҳатмии 9-сола  (5 сол таҳсил дар мактаби ибтидоӣ ва 4 сол таҳсил дар мактаби нопурраи миёна) ва таҳсилоти 3-солаи ихтиёрӣ дар мактабҳои техникӣ ва ё литсейҳоро дар бар мегирад. Дар Мадагаскар 17,8 ҳазор муассисаҳои томактабӣ, 32,4 ҳазор мактабҳои ибтидоӣ (5 млн хонанда ва 120 ҳазор муаллим) ва 7,4 ҳазор мактаби миёна (1,5 млн хонанда ва 37 ҳазор муаллим) мавҷуданд. Ҳамчунин 428 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 36 мактабҳои хусусии динӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ амал мекунанд.

Ба низоми маълумоти олӣ 6 донишгоҳҳои давлатӣ: Антананариву (1961); 37,2 ҳазор донишҷӯ ва 900 устодону профессорон; Мактаби олии улуми кишоварзӣ ва Мактаби олии техникӣ ва ғ. шомиланд.  

Калонтарин китобхонаи кишвар – Китобхонаи миллӣ (1961), ҳамчунин китобхонаҳои Д-гоҳи Антананариву, Академияи улуми Малагасия фаъоланд. Аз соли 1958 Бойгони милли Мадагаскар фаъолият дорад.

Осорхонаҳои калони Мадагаскар: Осорхонаи қасри Андафиаваратра (1872); Осорхонаи энтнология ва палеонтология назди Академияи улуми Малагасия (1962); Осохонаи санъат ва бостоншиносии Д-гоҳи Антананариву (1970); Осорхонаи геологияи миллӣ (1923); Осорхонаи таърихи низомӣ дар назди Мактаби пулис (1967) ва ғ.

Масрафи умумии хараҷоти соҳаи тандурустӣ 3,5% аз ММД кишварро ташкил дода, аз буҷаи давлатӣ ба ин соҳа 510 млн доллари ИМА ҷудо мешавад (2021). Ба 10 ҳазор аҳолӣ 2 табиб, 3 табиби сатҳи миёна ва 2 бистар дар шифохонаҳо рост меояд. Дар Мадагаскар 3142 муасиссаи тиббӣ, аз ҷумла 2546 – муасиссаи давлатӣ фаъолият менамоянд.  

Синамо, мусиқӣ ва театр

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ибтидои асри 20 дар Мадагаскар мактаби миллии бастакорон ташаккул ёфт, ки бастакорон Ж. Д. Рабеманатара ва Б. Рабаридзауна ба насли аввали он мансуб буданд. Жанри васикова (мавзуъҳои иҷтимоӣ) ривоҷ ёфта, овозхонон Дама Махалеу ва Росси дар таблиғи он саҳми калон гузоштанд. Унсурҳои театри анъанавии эстрадии малагасӣ ва фаронсавӣ дар жанри мусиқӣ-театрии хира-гаси омезиш ёфтанд. 

Дар Мадагаскар Иттиҳодияи ҳунармандон ва роҳбарони дастаҳои касбии театри малагасӣ (FMTM, 1951) ва Иттиҳодияи дастаҳои театрҳои малагасӣ (1956) ташкил ёфтанд ва соли 1966 дар Иттиҳодияи ҳунармандони малагасӣ муттаҳид гардиданд. Пас аз истиқрори истиқлоли Мадагаскар (1960) дар Антананариву «Театри маҳаллии Исутри» (1962) ташкил гардид. Дар Мадагаскар дастаҳои театрҳои драмавии «Антананариву-театр», «Таратра», «Дзухари» ва ғ. фаъолият доранд.

Пас аз соли 2000 соҳаи истеҳсоли филмҳо аз тарафи давлат дастгирӣ ёфта, Хазинаи дастгирии синамогарони малагасӣ (Le fonds de soutien malgache au développement cinématographique national; 2011) ташкил дода шуд. Филмҳо дар ҳамкори бо синамочиёни Фаронса, Австралия, Норвегия, Мексика, ИМА, ҶАҶ ва дигар кишварҳои ба навор гирифта мешаванд.

  • Конституции государств Африки и Океании. Сборник. Т. 3. Москва, 2019;
  • Présidence de la République de Madagascar; Madagascar. National Assembly. Election Results // IPU Parline; Résultat des élections législatives 2019 // Commission Eléctorale Nationale Indépendante.
  • Мадагаскар. ЭМТ. ҷ. 12, САҲ.
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи