Jump to content

Гвинеяи Нав

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гвинеяи Нав
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-tpi" does not exist.
Нигора
Номида ба шарафи Guinea[d]
Аҳолӣ পাপুয়ান
Қитъа Уқёнусия
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Papua[d] ва West Papua[d]
Минтақаи замонӣ Pacific/Port_Moresby[d][1]
Ҷойгир аст дар назди обанбори Арафур
Баландтарин нуқта Puncak Jaya[d]
Шумораи аҳолӣ
  • 11 300 000 тан
Баландӣ аз сатҳи баҳр 164 м
Дарозӣ
  • 2 398 км
Бар 400 км
Масоҳат
  • 785 753 км²
Тасвири нақшаи мавқеият
Relief location map
Detail map
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гвинеяи Нав (индон. Pulau Irian, ингл. New Guinea, tpi Niugini) — ҷазира дар уқёнуси Ором, 150 км шимолтари Австралия, дуюмин (баъди Гренландия) ҷазираи калонтарини ҷаҳон.

Масоҳаташ 829 ҳазор км². Аҳолиаш 11,3 млн нафар (2014). Дар қисми ҷанубии ҷазира пастии фарох воқеъ аст. Сарватҳои зеризаминӣ: нафт, газ, хром, никел, мис.

Иқлими қисми шимолии ҷазира — экваторӣ, ҷанубӣ — субэкваторӣ. Ҳарорати миёнаи моҳона дар пастиҳо аз 25° то 28°С; дар кӯҳистон вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Боришоти солона 4000-6500 мм. Зуд-зуд тӯфон ба амал меояд. Дарёҳояш (Флай, Дигул, Мамберамо, Сепик, Раму) сероб буда, захираи фаровони ҳидроэнергетикӣ доранд, поёнобашон киштигард аст. Дар Гвинеяи Нав то баландии 1000 м бешаҳои сернами экваторӣ, аз он баландтар бешаҳои кӯҳӣ бо сарахсҳои дарахтмонанд, бешаҳои дарахтони ғор, мирта, сӯзанбарг ва рустаниҳои тропикии баландкӯҳӣ мерӯянд. Дар қисми ҷанубии ҷазира бешаҳои ботлоқӣ ва саванна (дашт)-ҳо вомехӯранд. Дар Гвинеяи Нав 11 ҳазор намуди наботот мавҷуданд. Ҳайвоноташ гуногун, 600 навъи паррандаҳо, беш аз 400 намуд обхокиҳо, 455 намуд шапалакҳо, қариб 100 намуди ширхӯрҳо зиндагӣ мекунанд. Соли 2005 гурӯҳи муҳаққиқони амрикоӣ дар бешаҳои тропикии ноҳияи кӯҳистони Гвинеяи Нав ҷойеро ба масоҳати қариб 300 ҳазор га дар нишебиҳои кӯҳи Фоҷа (дар қисми ғарбии Гвинеяи Нав) пайдо карданд, ки аз таъсири муҳити атроф берун мондааст ва онро «Боғи Эдем» номиданд. Олимон дар ин боғ беш аз 20 намуди пештар номаълуми қурбоқа, 4 намуди шапалак, 5 намуди то ҳол номаълуми нахл, якчанд намуди ҳайвоноти сумдори нодир — кенгуруи дарахтгард, «парандаи биҳиштӣ»-и Берлепшаро, ки мунқариз шумурда мешуд, пайдо карданд. Дар Гвинеяи Нав садҳо қавм зиндагӣ мекунанд, ки ба нажоди меланезӣ мансуб буда, аксари аҳолӣ ба забонҳои папаусӣ гуфтугӯ мекунанд. Машғулияти асосии мардум — деҳқонӣ ва моҳигирист. Аз зироатҳо ямс, таро, ҷуворӣ, маниок, картошкаи ширин (батат) ва найшакар мерӯянд. Плантатсияҳо (майдон)-и ҷавзи ҳиндӣ, какао, қаҳва ва дарахтони каучукдиҳанда мавҷуданд. Шаҳр ва бандарҳои бузургаш: Соронг, Ҷаяпура (Ириани Ғарбӣ), Порт- Морсби (Папуа-Гвинеяи Нав).

Гвинеяи Навро нимаи аввали садаи XVI баҳрнавардони исландӣ ва португалӣ кашф кардаанд. Соли 1526 ба соҳили шимолу ғарбии ҷазира дон Жорж ди Менезеши португалӣ фуруд омад. Соли 1545 Инӣиго Ортис де Ретеси испанӣ аз наздикии ҷазира гузашта, онро «Гвинеяи Нав» номид, чунки соҳилҳои он ба назараш ба соҳилҳои Гвинеяи африқоӣ, ки пештар дида буд, монанд намуд. Дар таҳқиқи Гвинеяи Нав олим ва сайёҳи рус Н. Н. Миклухо-Маклай (солҳои 70-80 садаи XIX дар ҷазира таҳқиқот кардааст) саҳми бузург гузоштааст. Соли 1828 бори аввал шоҳии Нидерландия қисми ғарбии нимҷазираи Вогелкопро соҳиб шуд. Соли 1884 қисми боқимондаи ҷазираро Нидерландия, Британияи Кабир ва империяи Олмон байни худ тақсим карданд. Қисми ғарбии Гвинеяи Нав дар ихтиёри Нидерландия боқӣ монд, қисми ҷанубу шарқиро британиягиҳо, шимолу шарқиро олмониҳо (онро Замини кайзер Вилгелм номиданд) соҳиб шуданд. Қисми британиягӣ соли 1906 ба Австралия дода шуд, қисми олмонӣ баъди Ҷанги якуми ҷаҳон (1914-18) мандати австралиягии Лигаи Миллатҳо гардид. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939-45) ҷазираро Ҷопон ишғол намуд. Соли 1949 Индонезияи соҳибистиқлол барои гирифтани қисми ғарбии Гвинеяи Нав даъво кард, вале ҷазира таҳти маъмурияти Нидерландия боқӣ монд. Соли 1957 Нидерландия ва Австралия нақшаи мустақил гардидани Гвинеяи Нави дар солҳои 70 муттаҳидро кашиданд. Соли 1961 дар қисми ғарбии Гвинеяи Нав интихобот доир намуда, парламент ташкил карда шуд. Индонезия дар ҷавоб низомиёни худро ба Гвинеяи Нав ворид карда, қисми ғарбии ҷазираро забт намуд. Баъди ин аҳолии бумӣ — папуасҳо аз ин минтақа ронда шуда, ба ҷояшон қабоили ҷазираҳои Ява муҳоҷир карда шуданд. Соли 1975 дар қисми шарқӣ давлати Папуа-Гвинеяи Нав ташкил ёфт. Ҳоло ҷазираи Гвинеяи Нав байни ду давлат тақсим шудааст. Дар қисми ғарбии ҷазира Ириан-Ҷая ‒ музофоти Индонезия; дар қисми шарқӣ давлати Папуа ‒ Гвинеяи Нав ҷойгир аст.