Ҷаҳони дуюм
Ҷаҳони дуввум (русӣ: Второй мир) кишварҳои собиқи сотсиалистиро (ба таври расмӣ кишварҳои Блоки шарқӣ) дар бар мегирад, ки онҳо асосан дар зери таъсири Иттиҳоди Шӯравӣ буданд ё сохта шудаанд. Пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ 19 давлати коммунистӣ ташкил карда шуданд ва пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо панҷ давлати сотсиалистӣ боқӣ монданд: Чин, Кореяи Шимолӣ, Куба, Лаос ва Вйетнам. Якҷоя бо мафҳумҳои "Ҷаҳони аввал " ва " Ҷаҳони сеюм " ин истилоҳ барои тақсим кардани давлатҳои рӯи замин ба се категорияҳои васеъ истифода мешавад. Мафҳуми ҷаҳони дуюм ба илм дар доираи неомарксизм ворид карда шуд.[1]
Мафҳуми "дунёи дуввум" сохти "Ҷанги сард" аст. Ин истилоҳ то ҳол барои тавсифи кишварҳои собиқи сотсиалистӣ ва коммунистӣ, ки осори ҳам ҷаҳони якум ва ҳам саввумро доранд, ба таври васеъ истифода мешавад ва ҷомеаҳо ва иқтисодиёти онҳо бо камбизоатӣ ва шукуфоӣ хосанд. Бисёре аз давлатҳои ҷаҳони дуюм ҳоло соҳиби иқтисодиёти капиталистӣ мебошанд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, маънои воқеии истилоҳоти «ҷаҳони якум», «ҷаҳони дуюм» ва «ҷаҳони сеюм» тағир ёфт ва диққатро аз маънои сиёсӣ ба маънои иқтисодии таъриф иваз кард.[2]
Назарияи се ҷаҳон ҳамчун хом ва нисбатан куҳна танқид шудааст. Ҷомеашиносон ба ҷои ин пешниҳод кардаанд, ки барои тавсифи табақабандии ҷаҳонӣ калимаҳои "кишварҳои пешрафта", "кишварҳои дорои иқтисоди гузариш" "кишварҳои рӯ ба тараққӣ" ва "кишварҳои камтар рушдёфта" истифода шаванд. Бо вуҷуди ин, назарияи се ҷаҳон ҳанӯз ҳам дар адабиёти муосир ва расонаҳо маъмул аст [3].
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Лебедева М.М. Мировая политика. - М., Аспект Пресс, 2007. - с. 40
- ↑ Margaret L. Andersen; Howard Francis Taylor. Sociology: Understanding a Diverse Society. — Thomson/Wadsworth, 2006. — С. 250. — ISBN 978-0-534-61716-5.
- ↑ Giddens, Anthony. Sociology. — Polity, 2006. — ISBN 9780745633794.