Jump to content

Ҷобир ибни Ҳайён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷобир ибни Ҳайён
ар. جابر بن حيّان بن عبد الله الكوفي الأزدي[1]
Таърихи таваллуд 721[2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 815[2]
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ кимиёгарӣ[d] ва кимиё
Шогирдон Зуннуни Мисрӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷобир ибни Ҳайён (ар. جابر بن حيان‎; 721[2], Тус815[2], Куфа) — донишманд, кимиёгар ва файласуфи форс-тоҷик. Ӯро падар ё бунёнгузори илми химияи аввалия номидаанд ва бисёре аз равишҳо (монанди тақтир) ва анвоъи абзорҳои асосии химия монанди қаръ ва анбиқро ба ӯ нисбат медиҳанд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷобир ибни Ҳайён дар соли сади ҳиҷрии шамсӣ дар шаҳри Тӯс аз тавобеъи Хуросон мутаваллид шуд. Муддати кӯтоҳе пас аз таваллудаш, падари ӯ ки як дорусоз шинохта шуда ва пайрави мазҳаби шиъа буд, ба далели нақше, ки дар барандозии ҳукумати амуӣ дошт, дастгир шуд ва ба қатл расид. Ҷобир ба навиштаҳои боқимонда аз падараш алоқаманд шуд ва ба идомаи ҳирфаи ӯ пардохт. Ӯ бо шавқ ва алоқа ба ёдгирии улуми дигар низ мепардохт. Ҳамин, сабаби ҳиҷрати ӯ аз Тӯс ба Куфа, ки дар он замон маркази илмии ҷаҳон буд шуд. Китобҳо ва рисолоти мутааддиди Ҷобир, солҳо баъд аз ӯ, таваҷҷуҳи кимиёгарони аврупоиро ба худ ҷалб кард ва солҳо аз он ба унвони манбаъи муътабаре истифода мекарданд. Ба гуфтаи онҳо, ин китобҳо таъсири амиқе бар тағйир ва тасҳеҳи дидгоҳ кимиёгарони ғарбӣ гузоштааст. Оқибат, Ҷобир ибни Ҳайён, дар соли саду наваду чаҳор ҳ‍. ш. (муодил бо 815 мелодӣ) дар шаҳр Куфа даргузашт.

Ҷобир ибни Ҳайён

Ҷобир ибни Ҳайён яке аз аввалинҳо шуда пояҳои асосии санъати илми кимиёро дар олам гузоштааст. Ӯ муаллифи чандин асарҳои маъруфи соҳаи илми кимиёгарӣ мебошад. Лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти Ҷобир ибни Ҳёайёнро олими англис Ҳолмярд дар асараш комилан баён кардааст. Дар «Феҳрист»-и олими араб Ан-Надим низ номгӯи дақиқи асарҳои Ҷобир ибн Ҳайён оварда шудаанд. Дар асоси дастрас намудан ва мутолиа кардани сарчашмаҳои гуногуни илмҳои табиӣ ва фалсафӣ маълум мегардад, ки Ҷобир ибни Ҳайён Имом Ҷаъфари Содиқро чун устоди худ дар риштаи илми кимиё, фалсафа, таърих, мантиқ ва фиқҳ маҳсуб медонад.

Дар баъзе сарчашмаҳои таърихӣ навищта шудааст, ки шоҳзодаи Умавиҳо Холид ибни Язид низ ба илми кимиё таваҷҷуҳ доштааст, хамзамон худи ӯ низ яке аз устодони бехтарини Ҷобир ибни Ҳайён ба ҳисоб меравад. Мутафаккири бузург Ҳолмярд дар асарҳояш кайд намудааст, ки Ҷобир ибни Ҳайён муаллифи нотакрори чандин рисолаҳои ба забони лотинӣ таълифшуда мебошад, ки бо номи Гебер муаррифӣ гардидаанд. Ин нуқтаи назар ба он асоснок карда мешавад, ки аксарияти асарҳои баъдан таълифшуда аз ҷиҳати маъно ба рисолаҳои Ҷобир ибни Ҳайён шабоҳати зиёде доранд. Муҳаққики маъруфи олмонӣ Руско Юлиус ҳангоми мутолиаҳояш дар китобхонаҳои Коҳира дар хусуси ҳақиқат будани гуфтаҳои Ҳолмярд муҳри тасдиқ гузоштааст. Вай 46 номгӯи асархо, аз он ҷумла «Китоби ҳафтод»-уми Ҷобир ибни Ҳайёнро дар китобхонаи Нуриддин ибни Мустафо ном шахсе пайдо кардааст. Дуввумин кашфиёти ин олим дар китобхонаи Аҳмад Подшоҳ Ҷаймур пайдо намудаи яке аз нусхаҳои асари Ҷобир ибни Ҳайён «Китоби Самум» мебошад. Ин асар роҷеъ ба заҳрҳо ва позаҳрҳо навишта шуда. иборат аз 250 саҳифа буда, ба мавзӯоти токсигологияи имрӯзӣ (Токсикология илмест, ки хусусиятҳои заҳрҳо ва таъсири онҳоро ба организм меомӯзад) наздик аст. Аз сарчашмаҳои мавҷуда маълум мешавад, ки Ҷобир ибни Ҳайён дорои як қатор рисолаҳое мебошад, ки дар хусуси онҳо худи ӯ чунин тазаккур додааст: «Ман 300 асар роҷеъ ба фалсафа, 1300 китоб дар бораи сеҳру ҷоду ва 1300 мақола дар бораи шаклҳои силоҳ ва воситаҳои ҷангӣ навиштаам. Ман инчунин як китоби бузург ва теъдоди зиёде рисолаҳои бузургу кӯчак дар соҳаи тиб навиштаам, ки қариб 500 ададро ташкил медиҳанд. Зиёда аз ин ман 86 дар заминаи ақидаҳои Аристотел китобҳои зиёде дар бораи мантиқ навиштаам. Бештар аз он ман қашангтарин китоб дар бораи нуҷум, „Тафсирот дар бораи Евклид“ боз „Китоб дар бораи сел“ навиштам, ки хурофотпарастон мекӯшиданд, ки онро инкор бикунанд. Бар замми ин ман дар бораи гӯшанишинӣ низ асарҳо офаридаам. Ба ғайр аз ин ман дар бахшҳои гуногуни инкори назариёти файласуфҳои гузашта бештар аз 500 китоб навиштаам ва дар соҳаи кимиё низ асарҳои зиёде офридаам» [6,46]. Агар ин гуфтаҳои Ҷобирро дар назар бигирем, теъдоди китобу рисолаҳои ӯ зиёда аз 3000 ададро ташкил менамояд. Тавре ки худи ӯ тазаккур додааст, мавзӯи кимиё дар асарҳои ӯ мавқеи хосеро доштааст. Метавон гуфт, ки оғози ал-кимиёи Аҷаму Араб аз Холид ибни Язид (600—704), Имом Ҷаъфари Содиқ (700—765) шурӯъ шуда, дар замони Ҷобир ибни Ҳайён (721—815) ба майдони истеъмоли амалӣ баромад. Ҷобир ибни Ҳайён дар осори худ роҷеъ ба масоили анатомия, физиология, астрономия, ҷадвалҳои астрономӣ, астрология, теология, космология, метафизика ва ақоиди тасаввуфӣ маълумот додааст. Бояд гуфт, ки рисолаҳои «Китоб-ал-Адад» ва «Китоб-ал-Ҳовӣ»-и Ҷобир, ки ба тиб бахшида шудаанд, ҳамчун асарҳои энсиклопедӣ ба забони арабӣ ном бароварда ва машҳури олам гардидаанд. Тавре ки зикр гардид, Ҷобир ибни Ҳайён ба илми кимиё таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудааст. Роҷеъ ба омӯзиши унсурҳои омезиши симоб ва мис ба мақсади ба даст овардани тило вақти зиёде сарф намуд, дар ҷараёни ин кор як системаи сеҷузъӣ, яъне симоб-мис-тило (Нg, Cи, Ау)-ро пайдо кард. Аммо бо сабаби кофӣ набудани дониши физикиву кимиёии он замон, ҷараёни таҳлилёбии симоб, мис ва тилоро дарк накардааст. Кор болои ин филизот ва маводи дигар ба ӯ имкон додааст, ки вай асари ҳамдигарии моддаҳоро тавсиф намояд ва олотҳою дастгоҳҳои зиёдеро барои озмоишгоҳҳо таҳия кунад.

Назарияи кимиёии он замон ба заминаи он, ки чи гуна иртиботи рӯҳ ва ҷисм ба вуҷуд меояд, асосгузорӣ мешуд, зеро таъсири сайёрагон ба ин иртибот низ нақши асосӣ мебозид. Дар асоси ин гуфтаҳо Ҷобир ибни Ҳайён чунин мепиндошт, ки тамоми унсурҳо, ба мисли инсонҳо ва ҳайвонҳо дорои рӯҳ, нафс ва ҷавҳар мебошанд. Мавҷудияти рӯҳ ба унсурҳо имкон медиҳад, ки онҳо табиати хешро тағйир бидиҳанд ва ба шаклҳои дигар интиқол ёбанд. Шояд кӯшиши тадбиқи ин назария ба Ҷобир ибни Ҳайён имкон додааст, ки чунин тартиби равиши моддаҳоро, ба монанди полоидан ва тақтир пешниҳод намояд. Масалан, тавассути полоидан ӯ тасфияи об, сирко, равған, хун, шарбати сабзавоту меваҷот ва оби гӯштро тавсия кардааст [5,28].

Асарҳои роҷеъ ба ал-кимиё бахшидаи Ҷобир ибни Ҳайён ба тадриҷ на танҳо дар байни форсизабонони ҷаҳон ва арабҳо, балки дар Аврупои Ғарбӣ низ интишор ёфтааст. Омӯзиши таҷрибаҳои илми кимиё, бахусус дар байни мутафаккирон ва донишмандони Эронзамин, Миср ва Испания равнақ ёфта, теъдоди ҳаводорону ихлосмандони санъати кимиёро афзоиш дод. Тадқиқоти Ҷобир ибни Ҳайён дар чунин замоне арзи ҳастӣ намудааст, ки дастрас кардани маводҳое барои гузаронидани реаксияҳои кимиёӣ ниҳоят душвор буд ва ӯ бо вуҷуди ҳамаи ин камбудиҳо асарҳои зиёде навишт, ки онҳо бо номувофиқии замон ва ихтилофҳои он ба коми оташу бодҳо фурӯ рафтаанд. Бояд гуфт, ки Ҷобир ибни Ҳайён агарчи ба ҷараёни сӯфия ва назарияи фавқуттабиа боварии комил дошт аз ғояҳои тахайюлии замони хеш саргарм нагашта, нақши таҷрибаи илмӣ ё таҷрибиро низ ниҳоят муҳим шуморидааст. Ин ҳолати гузронидани кори илмӣ ба ӯ имкон додаст, ки ҳам дар назария ва ҳам дар амалия ба комёбиҳои назаррас муваффақ гардад. Кимиё бо сабаби кашфиёти Ҷобир ибни Ҳайён ба дараҷаи баланди худ расид. Назарияҳои Ҷобир дар заминаи илмҳои «Фалсафаи табиат» ва ҳармитизми классикӣ арзи вуҷуд кардааст, ки ба худ ғояи табдили филизотро маҳфуз медорад. Асоси фалсафаи табиатро назарияи ҳоломорфизм, яъне омезиши чор унсур ташкил медиҳад. Ба асоси ин ки мубоҳиса, яъне назарияи ҳоломорфизм дар натиҷаи баҳамомезиши сулфур ва симоб дар таносубҳои гуногун, маъданҳо арзи вуҷуд менамояд. Дар айни замон асари қудрати фавқуттабиа, яъне қудрати илоҳӣ дар назар гирифта мешавад. Бесабаб нест, ки оҳангудозону оҳангарон ва касоне, ки ба филизот монанди сурб, қалъагӣ, оҳан, тило, сурма, симоб ва нуқра сару кор доштанд, ба онҳо рамзҳои сайёраҳоро медоданд. Ин тарзи ишораи рамзҳо нишонаи он аст, ки олимон дар он замон ба назария ва амалияи унсурҳо на танҳо ба маънои кимиёӣ, балки маънои астрологиро низ нишон медоданд [8,6]. Маълумотҳои дар боло зикршуда имкон медиҳад, ки Ҷобир ибни Ҳайёнро яке аз асосгузорони кимиёи таҷрибавӣ бидонем ва мақоми баланди ӯро дар қатори олимони кимиёдони Аҷаму Араб эътироф намоем. Бешубҳа Ҷобир ибни Ҳайёнро бунёдгузори санъати кимиё ё ин ки кимиёи амалӣ бояд донист. Давраи муттаҳидшавии кимиёи ятро ва пайдоиши онро ба қарни XVI мансуб медонанд. Асосгузори кимиёи ятроӣ олими немиси шветсариягӣ Теофраст Параселс (1493—1541) шинохта шудааст. Ба ақидаи Параселс вазифаи илми кимиё на ҳосил кардани маъдани тило, балки ҳосил кардани доруҳо мебошад. Кимиёи ятроӣ алоқамандии илми кимиёро бо тибтақвият дода, нақши табаддулоти кимиёиро дар ҷисм муқаррар кардааст. Параселс ба ақидаи кимиёшиносони мамлакатҳои Осиёи (Токсикология илмест, ки хусусиятҳои заҳрҳо ва таъсири онҳоро ба организм меомӯзад) Миёна ва Шарқи наздик, ки асоси материяро ба се унсур: симоб, сулфур ва намак иртибот медоданд, ки онҳо хосияти табхир, ҷазби гармо ва ҷомидро дороанд, такя намудааст. Ба ақидаи ӯ аз ин се унсур асоси макроолам, яъне кайҳон, инчунин микроолам, яъне одам, ки рӯҳ, ҷон ва ҷисмро ташкил медиҳад, таркиб ёфтаанд. Дар асоси ин ақида баъдан ба муайян намудани сабабҳои пайдоиши бемориҳо дар ҷисм шурӯъ намудааст. Масалан, сабаби пайдоиши бемории табларза ва тоунро бо зиёд будани сулфур дар ҷисм ё узвият, сабаби бемории фалаҷро бо зиёд будани симоб дар ҷисм ва сабаби бемориҳои дарунравӣ ва истисқо (обхуракро) бо зиёд будани намакҳо дар ҷисм нишон додааст. Бояд гуфт, ки яке аз бахшҳои асосии кимиёи куҳан татбиқи гиёҳпизишкӣ мебошад, ки баъдан ба давосозӣ, яъне истифодаи таркибҳои кимиёӣ дар тиб табдил ёфт, ки дар Аврупо онро бо номи ятрохимия истифода намудаанд. Гарчанде пайдоиши кимиёи ятроро ба асри XVI мансуб медонанд, вале бояд тазаккур дод, ки нишонаҳои пайдоиши кимиёи ятр аз асрҳои VIII—IX низ мушоҳида мешаванд ва дар садаи Х ба авҷи баланди тараққиёти худ расида буд. Дар ин кор бояд хидматҳои бузурги Ҷобир ибни Ҳайёнро ёд кард, ки баъдан тавассути Зақариёи Розӣ ва Абуалӣ ибни Сино инкишоф дода шуд. Донишмандон доруҳои қадимтаринро аз олами гиёҳ ба даст меоварданд. Касоне, ки ба тарзи тайёр кардани дору аз гиёҳ машғул буданд, онҳоро гиёҳпизишк мегуфтанд, ки амалияи ин корро метавон ба кимиёи ятроӣ марбут донист. Онҳо ба ин ақида буданд, ки гиёҳҳо метавонанд ҳаёти одамиро ҷовидон созанд, яъне эътиқод ба ин доштанд, ки ҳар чизе, аз ҷумла дарахтон ва сангҳо ҳам ҷисму рӯҳ доранд, ки бо қувва зиндаанд. Ба гумони онҳо рӯҳ моддае аст, ки бисёр латиф, монанди атр мебошад. Аз рӯи гуфтаи Томсон, Параселс чунин таълим медод, ки ҳадафи кимиёгарӣ зарсозӣ нест, балки дорусозӣ аст, вале бояд таъкид кунем, ки кимиёи дармонӣ ҳамеша аз маълумотҳои кимиёгарӣ будааст, ки беҳтарин шоҳиди он Ҷобир ибни Ҳайён мебошад [7,66].

Ҷобир ибни Ҳайён иксирҳое аз маводи гуногуни маъданҳо, филизот ва гиёҳҳо таҳия мекард. Дар асоси омӯзиши таркиби гиёҳҳо Ҷобир ибни Ҳайён тезобҳои узвӣ ва ғайриузвиро таҳия намудааст, ки ин амал ба мақсади ҳосил намудани тезоб набуда, балки барои ба даст овардани иксирҳо мебошад. Бояд гуфт, ки чунин амалҳои дар боло зикр шуда шоҳиди пайдоиш ва инкишофи кимиёи ятроӣ дар замонҳои пеш ва хусусан, дар асрҳои IX—XI мебошад. Ҷобир ибни Ҳайёнро на танҳо бунёдгузори санъати кимиёи таҷрибавӣ, балки асосгузори кимиёи дармонӣ ё кимиёи ятроӣ ҳам донистан лозим аст. Ин ақидаро гуфтаи Ҳолмярд низ тасдиқ мекунад: «Ҷобир ибни Ҳайёнро бо далелҳои зиёд метавон нахустин касе донист, ки пояи аввалини санъати кимиёро гузоштааст» [6,135]. Ҳамин тавр, агар мо ба саҳми ҳаматарафаи фаъолияти мутафаккири барҷаста Ҷобир ибни Ҳайён дар соҳаҳои пешрафтаи илмҳои замони ӯ назар намоем, бо боварӣ гуфта метавонем, ки ӯ яке аз асосгузори илми кимиё маҳсуб мешавад.

  • В. А. Волков, Е. В. Вонский, Г. И. Кузнецова. Выдающиеся химики мира. М., 1991
  • Джуа М. Истории химии. Москва: Мир. 1966. −402с.
  • Каримов У. И. Неизвестное сочинение ар-Рази «Книга тайны тайн» Ташкент: изд. АН Уз. ИҶШС. −1957. −264 с.
  • Нуъмонов Э. У., Юсуфов З. Н., Қурбонов Б. Он ки ҳар дам кимиёе мекунӣ кимиёгар. Илм ва ҳаёт. −1992. -№ 5-6. -с. 37-38.
  • Рабинович В. Л. Алхимия как феномен средневековой культуры,-М.: Наука, 1979. −350 стр.
  • ٢٣٠ ى-خيرات مولعلا دنع برملا ملعلاراد نييکملل توريب ١٣٩٧. رمع خورف
  • Фигуровский Н. А. Очерк общей истории химии от древнейших времен до начало XIX в.-Москва: Наука. 1969. −307с.
  • Fabrcius J. Flhemy. The Medieval alchemists and hteir royal art/ By J. fabricius. — Copenhagen: Rosenkilde and Bagger, 1976. 228p
  • [Қурбонов Б. Саҳми Ҷобир ибни Ҳайён дар пайдоиш ва инкишофи илми кимиё. Муаррих ̸ Историк 2015 № 01]