Зуннуни Мисрӣ
Зуннуни Мисрӣ | |
---|---|
араб. ذو النون المصري | |
шайхи тариқати нақшбандия | |
Пешгузашта: | Ҷобир ибни Хайён |
Ҷонишин: | Боязиди Бастомӣ |
Иттилооти инфиродӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Савбон ибни Иброҳими Ихмимӣ |
Лақаб: | Зуннун |
Касб, шуғл: | илоҳиётшинос, пизишк, бостоншинос, муаррих, шоир |
Таърихи таваллуд: | 796[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 859[1] |
Маҳалли даргузашт: |
|
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом, суннӣ ва тасаввуф |
Падар: | Иброҳими Мисрӣ |
Фаъолияти динӣ |
|
Самти фаъолият: | тасаввуф |
Устодон: | Ҷобир ибни Хайён |
Шогирдон: | Саҳли Тустарӣ ва Боязиди Бастомӣ |
Нуфуз: | суфӣ |
Осор: |
Феҳрист
сабт нашудааст
|
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Зуннун Абуфоид Савбон ибни Иброҳими Мисрӣ, маъруф ба Зуннуни Мисрӣ (ар. ذو النون المصري; 796, Ахмим — 859, Қоҳира) — ориф, зоҳид ва ҳакими машҳури мисрӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зуннун аз аҳолии Нуба дар Мисри улё (боло) ва нахустин касе дар Миср буд, ки аз тартиби аҳвол ва мақомоти авлиё сухан ба миён овард. Ӯро ба сабаби суханоне, ки аз аҳли вилоят ва аҳволи онҳо мегуфт, дар авохири умраш ба зиндиқӣ иттиҳом карданд ва бо амри халифа Мутаваккил ба Бағдод эҳзор гардид. Вақте Мутаваккил суханони Зуннунро шунид, бар вай асар кард ва ӯро раҳо сохт. Он гоҳ Зуннун ба Миср бозгашт ва дар минтақаи Ҷиза аз навоҳии ғарби Қоҳира вафот ва дар мақбараи Қарофаи суғро дафн гардид. Вай ақидаи махлуқ будани Қуръонро қабул надошт ва аз ин ҷиҳат мавриди душмании муътазила низ қарор гирифт. Баъзе асҳоби Табақот ва осори шарҳиҳолӣ, ба монанди Суютӣ дар «Ҳусну-л-муҳозара», умри ӯро ба ҳангоми вафот ҳудуди навадсола гуфтаанд, ки тибқи он эҳтимоли таваллуди вай ҳудуди солҳои 772–775 ба миён меояд. Бино ба гузориши баъзе маъхазҳо Зуннун китоби Муваттаъро аз Молик ибни Анас ривоят карда ва аз вай ҳадис шунидааст, ки он низ дар сурати сиҳҳат таваллуди барвақттари ӯро аз соли 797 таъйид мекунад.
Зуннун дунёпарастон ва уламои замонро, ки ба ҳубби молу ҷоҳ тамоюл доштанд, сарзаниш карда, мегуфт: Нишонаи муҳаббати Худо пайравӣ аз шеваи Ҳабиби Худо (с)-ст (Рисолаи Қушайрия. – С. 69–70). Вай аз суфиёни пурсафар ва аксаран дар ҳоли гардиш буд. Вай илова бар навоҳии гуногуни диёри Миср ва шаҳрҳои Макка ва Мадина, ба сарзаминҳои Шом, Ироқ ва Хуросон сафар карда, бо бисёре аз бузургони дин ва пешвоёни тариқати муосири худ дар он манотиқ дидор кардааст.
Зуннун аз муҳаддисоне чун Абдуллоҳ ибни Лаҳиъа, Фузайл ибни Иёз, Суфён ибни Уяйна, Лайс ибни Саъд, Юнус ибни Язид ва дигарон ҳадис ривоят кардааст. Баъзе асҳоби ҷарҳу таъдил Зуннунро дар ривояти ҳадис заъиф ва аҳодисашро музтариб (навъе аз ҳадиси заъиф) гуфтаанд, вале Дорақутнӣ ӯро сиқа ва аҳодисашро устувор донистааст. Ба назар мерасад, Зуннун ба сабаби иштиғолаш ба сайру сулук ва эҳтимоме, ки ба муроқабаи нафс дошта, бо вуҷуде, ки аҳаммияти ҳадисро медонист ва онро аз аркони дин мешумурд, камтар ба ривояти ҳадис пардохтааст. Аҳмад ибни Сабеҳи Файюмӣ, Рабеа ибни Муҳаммади Тоӣ, Мусъаби Нахаъӣ, Ҷунайд ибни Муҳаммад ва дигарон аз вай ҳадис ривоят кардаанд.
Ба ақидаи Яҳё ибни Ҳабаши Суҳравардӣ, Зуннун дар Миср аз ҷумлаи ҳукамои ривоҷдиҳандаи ҳикмати фисоғурӣ (пифагорӣ) буд, ки сарчашмаи онро Ҳермес (Идриси паёмбар) донистаанд. Ба гуфтаи Ибни Надим, Зуннун дар илми кимиё ва табииёт низ соҳибназар буд[2] ва гуфтаанд, вай асрори хатҳои қадими мисрӣ ва нақшҳои ҳероглиф (иероглиф)-ро хонда метавонист ва дар ин фан китобе навиштааст. «ар-Рукну-л-акбар» ва «ас-Сиқату фи-с-санъат» аз осори ӯ бошанд.
Муноҷотҳои орифона шомили ниёз, талаб, мағфират хостан ва зикри ин нишонаҳои сегона барои бештари фазоили ахлоқӣ ва мақомоти ирфонӣ аз хусусиёти ирфони Зуннун ҳастанд. Аз Зуннун суханони орифона, нукоти боҳикмат ва каромоти бисёре нақл кардаанд. Таълимот ва андешаҳои ирфонии Зуннун дар аҳвол ва осори орифон ва суфиёни мутааххир таъсир гузошта, ақволи зиёде аз вай дар миёни суханони эшон ба мушоҳида мерасад.
Суханони зебои ирфонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Суханони зебои ирфонӣ ва маонии суфтаи Зуннунро умдатан бузургоне аз аҳли тариқат, ба мисли Абунуъайми Исфаҳонӣ, Аттори Нишопурӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ дар осори худ нақл карда, нукоти орифона ва ақволи ӯро дар шарҳи аҳвол ва мақомоти ин ҷамоа, суфиёне, аз қабили Ҳориси Муҳосибӣ, тавзеҳ ва тақрир намуданд. Қавли ӯ дар бораи «маърифат» ва «муҳаббат» назди аҳли тасаввуф аҳаммияти назарӣ ва амалӣ дар паймудани манозили сулук дорад. Маърифат аз назари Зуннун аз шинохти авсофи аҳадият ва муҳаббат иборат аз он аст, ки ҳарчиро Худо дӯст медорад, дӯст бидорӣ ва ҳарчиро Худо бад мебинад, бад бинӣ, тамоми хайро анҷом диҳӣ ва ҳар он чиро, ки аз Худо машғул месозад, тарк намоӣ ва дар роҳи Худо аз маломати касе бим надошта бошӣ, ҳамроҳ бо раҳму нармӣ барои мусулмонон ва шиддат бар кофирон ва пайравӣ аз расули Худо (с) дар дин[3].
Вақте аз суфӣ пурсида шуд, гуфт: Он аст, ки чун сухан гӯяд, ҳақоиқро баён дорад ва чун хомӯш бошад, ҷавореҳ ба ҷои вай аз қатъи алоиқ сухан гӯянд. Низ гӯяд: Унс бо Худованд аз сафои дил бо Худо ҳосил шавад ва тафарруд ба Худо гусастан аз ҳар чизе мосиваллоҳ аст. Низ фармуда: Касе тавозуъ хоҳад, рӯи нафс ба сӯи азамати Худо оварад, ки дар он об мегардад ва сафо меёбад ва касе ба султони Худо бинигарард, султони нафсаш аз байн равад, зеро тамоми нафсҳо дар пешгоҳи ҳайбати Ӯ фақир ва нотавонанд.
Зуннун ба гуфтаи Ҷомӣ, ҷамоаи суфиёнро дар замони худ сарварӣ мекард. Пеш аз вай пироне буда, вале ӯ танҳо касе аст, ки назокати забони суфиён ва роҳи ин ҷамоаро ба хубӣ баррасӣ ва зебо баён доштааст. Вай дар порае аз гуфтораш аз ҳабдаҳ мақом дар роҳи сулук ба сӯи Худо сухан гуфта, ки нахустини он қабули муъмин даъвати Ҳақро ва мақоми охирин камоли фармонбарӣ ва сидқ дар таваккул бар Ӯ таъоло аст[4].
Зуннун шинохти орифон – маърифат дар бораи ҳақиқати мутлақро аз илм дар бораи шинохти зоҳири нусуси дин ва илми ҳосил аз тафаккур ва бурҳон ҷудо дониста, мефармояд: Маърифат бар се ваҷҳ аст, яке маърифати тавҳид ва ин оммаи муъминонрост, дуввум, маърифати ҳуҷҷат ва баён аст ва ин ҳукамо, булағо ва уламорост, саввум, маърифати сифоти ваҳдоният аст ва ин аҳли вилоятуллоҳрост, он ҷамоате, ки шоҳиди Ҳаққанд ба дилҳои хеш, то Ҳақ таъоло барояшон зоҳир мегардонад он чи бар ҳеч кас аз оламиён зоҳир нагардонад.
Авлиё, аз назари Зуннун дӯстон ва баргузидагони Аллоҳ ҳастанд, ки барои эшон маърифати ниҳонӣ ва илми ҳол ато кардааст, ки дар бораи он набояд миёни оммаи мардум сухан гуфт, зеро он ба гӯши ноогаҳон дарнаояд. Ба андешаи ӯ, ин болотарин маърифат ва илме аст, ки Худо онро ба сурати имони холис барои баргузидагонаш аз аъмоқи асрҳо ато карда ва он шарораи илоҳӣ дар ҷисми одамӣ афканда шудааст, то вай ба роҳи рост ҳидоят шавад.
Баъзе муҳаққиқони муосир, Зуннунро дар тарҳи андешаи маърифат бисёр наздик ба ақидаи гностикии мисриёни қадим – қибтиён ва навафлотуниён гуфта ва баъзе нависандагони мусулмон ва ғарбӣ андешаи маърифатии ӯро аз ҳисоби ошноии вай ба нақшҳои ҳероглиф, улуми кимиё, мунаҷҷимӣ (астрология) ва сеҳр донистаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зуннуни Мисрӣ / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- А. Д. Кныш. Мусульмонский мистицизм: краткая история. – М. – Санкт-Петербупг, 2004.
- دانشنامه جهان اسلام (19) – تهران، 2012؛ محمد بن الحسين السلمي. طبقات الصوفية. – بيروت، 1998
- محمد بن اسحاق النديم المعروف بابي يعقوب الورّاق. الفهرست في اخبار العلماء المصنفين من القدماء والمحدثين واسماء كتبهم، الجؤء الاول. – طهران، 1971
- Dho'l-Nun al-Mesri. Muslim Saints and Mystics / trans. A.J. Arberry. — London: Routledge & Kegan Paul, 1983.