Jump to content

Ҷӯроб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷӯробҳо

Ҷӯроб, ҷураб — як навъ пойпӯши маъмулан пашмин (ё пахтагин)-и халқҳои Осиёи Миёнаро гӯянд, ки барои пойҳо ва нигоҳ доштани онҳо аз сардӣ пӯшида мешавад. Ҷӯроб бештар аз пахта, пашм ва ё нейлон тайёр карда мешавад.

Ҷӯробро аз қадимулайём тоҷикони кӯҳистон аз ҷумла Помир дар рӯзҳои тӯй, ид ба меҳмон туҳфа мекарданд, ки ин анъана то имрӯз давом дорад. Ҷӯроб аз қисми соқ, пошна ва пешпанҷа иборат аст. Ҷӯробро ҳар бофанда мувофиқи завқу маҳораташ гулпарто карда мебофад. Инкишофи санъати амалии халқ хелҳои гуногуни ҷӯробро ба вуҷуд овардааст: гули садбарг, ситора, байрақ, ракета, рах-рах, баргак ва ғайра.

Сохти ҷӯроб ду хел аст: Мӯзаҷуроб (дароз) ва ҷуробак (кӯтоҳ, асосан бо туфлӣй мепӯшанд). Бофанда пеш аз он ки ба кор сар кунад, пешакӣ нусхаи дилхоҳашро ба рӯи коғаз кашида, ҳисобу китоб карда баъд аз рӯи он нусха ба бофтан шурӯъ менамояд.

Тарзи бофтани ҷӯроб

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ду тарзи бофтани ҷӯроб вуҷуд дорад: яксиха ва панҷсиха, масалан, музаҷуроби нусхааш рах-рахро ба тарзи панҷсиха яъне ба ҳар ду сих 60-тогӣ халқабофӣ гузошта мебофанд. Ҳалқабофтаҳоро бо 4 сих баробар (15-тоӣ) тақсим карда, ба гирдогирдбофӣ шурӯъ мекунанд: ду ҳалқабофт чап, ду ҳалқабофт рост то 4 см мебофанд. Минбаъд ҳамин хел, вале бо риштаҳои гуногунранг рахҳои 4 сантиметриро то қисми пошна давом медиҳанд. Дарозии қисми соқи музаҷуроб то пошна бояд 30—40 см бошад. Бофтани қисми дигари ҷӯроб пошна аст: Ҳалқабофтҳои ду сихро (30-то) якҷоя карда, пушти пошнаро 5 см мебофанд. Ду сихи дигарро то бофтани пушти пошна ба соқи ҷӯроб маҳкам мекунанд, то ки халал нарасонад, 5 см бофта, пошнаро ба 3 қисми баробар тақсим мекунанд. Қисми мобайниро бофта истода, дар охири ҳар қатори тарафи рости фӯро яктогӣ ҳалқабофтро аз қисмҳои паҳлӯгӣ (1—3) якҷоя гирифта мебофанд. Бофтанро то тамом шудани гиреҳбофтҳои паҳлӯгӣ (1—3) давом медиҳанд. Дар охир дар сих ҳамагӣ бояд 10 ҳалқабофта монад. Баъди бофта шудани пошна ба бофтани қисми сеюми ҷӯроб — пешпанҷа сар мекунанд. Барои ин бояд аз ду тарафи пошна 15-тогӣ ҳалқабофт гирифта ва ҳамроҳи он ду сихе, ки ба соқи ҷӯроб маҳкам шуда буд, чун пештара ба бофтан сар мекунанд. Пеши ҷӯробро барои танг кардан аз ду тараф ҳалқабофтро кам менамоянд. Ҳоло хелҳои нави ҷӯроб асосан дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсол карда мешаванд.

Ҷуробҳои нейлонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо кашфи ҷуробҳои нейлонӣ дар даҳаи 20 ва 30, истифода аз ҷуробҳои абрешими дар миёони хонумҳо ранг бозт ва ҷуробҳои нейлонӣ муд шуд. Пас аз ҷанги ҷаҳонӣ саранҷом ҷуробҳои нейлонӣ ҷонишини ҷуробҳои абрешимӣ шуд.

Ҳаҷмҳои ҷӯроб

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҳаҷми ҷӯроб Ҳаҷми пойафзоли мардона Ҳаҷми пойафзоли занона
9-11 3-1/2 to 8-1/2 4 to 10
10-13 6-1/2 to 12 8-1/2 to 12-1/2

Дигар ҳаҷмҳои умумии ҷӯроб 10-15, 13-15, ва 13-16.