Ҷарима

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷарима — намуди ҷазо, ки дар банди «а» м. 47 ва 49 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ҷарима ситонидани маблағе мебошад, ки дар КҶ ҶТ таъйин шудааст. Ҷарима ба маблағи аз сад то ду ҳазор андозаи муқарраршудаи маоши ҳадди ақал таъйин карда мешавад. Ҷаримае, ки ба ҳисоби талофии зарари маънавӣ ва ҷисмонин ба ҷабрдида расонидашуда ситонида мешавад, дар доираи муқаррарнамудаи м. 49 КҶ ҶТ барон ҷиноятҳои зерин муқаррар мегардад;

  • а) начандон вазнин- на камтар аз 200 маоши ҳадди ақал;
  • б) дараҷаи миёна-на камтар аз 400 маоши ҳадди ақал;
  • в) вазнин-на камтар аз 600 маоши ҳадди ақал;
  • г) махсусан вазнин-на камтар аз 800 маоши ҳадди ақал.

Дар ҳолати саркашии барқасдона ё имконпазири снтонидани ҷарима суд қисми насупурдаи ҷаримаро ба корҳои ислоҳи меҳнатӣ ё ҳабс иваз мекунад. Дар ин сурат корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба ҳисоби маблаги якмоҳаи корҳои исЛоҳи меҳнатӣ баробар ба ду маоши ҳадди ақал, вале на зиёдтар аз 2 сол ҳабс ба ҳисоби маблаги якмоҳаи ҳабс баробар ба даҳ маоши ҳадди ақал, вале на зиёдтар аз шаш моҳ иваз карда мешавад. Мувофиқи м. 30 КИҶҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд маҳкумшуда бояд дар давоми 30 рӯз ҷаримаро пардозад. Агар маҳкумшуда ҷаримаро дар муҳлати 30 рӯз насу порида бошад ва даромаду амволи худро аз ситонидани маҷбурӣ пинҳон дошта бошад, он ашадди саркашӣ намудан аз пардохти ҷарима ба ҳисоб меравад (м. 31 КИҶҶ ҶТ). Ҷарима мумкин аст ҳам ба сифати ҷазои асосӣ ва ҳам ҷазои иловагӣ т аъин гардад. Ба сифати ҷазои асосӣ ҷарима дар ҳолатҳои зерин таъйин мегардад; 1) агар санксияи моддаҳои Қисми махсуси КҶ ҶТ пешбинӣ шуда бошад. 2) ҳангоми таъйини ҷазои сабуктар нисбат ба ҷазое, ки барои ин ҷиноят пешбинӣ шудааст (м. 63 КҶ ҶТ). 3) дар ҳолатҳои бо намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо (м. 77 КҶ ҶТ).

Агар ба маҳкумшудаи го мурофиаи судӣ дар ҳабс нигоҳдошташуда ба сифати ҷазои аеосӣ ҷарима таъйин гардад, суд бо назардошти муҳлати д ар ҳабс нигоҳ доштани ӯ миқдори ҷаримаи таъйиншударо кам мекунад ё а з он пурра озод менамояд (қ.З м. 70 КҶ ҶТ). Ҷарима дар ҳолатҳое, ки дар санксияи моддаҳои Қисми махсуси КҶ ҶТ пешбинӣ нашуда бошад ҳам, суд метавонад бо мақсади талофии зарари ма ьнавӣ ё ҷисмонии ба чабрдида расонидашуда онро б а сифаги ҷазои иловагӣ татбиқ намояд. Андозаи ҷарнма вобаста ба маоши ҳадди ақале, ки дар вақти содир шудани кирдори барои ҷамъият хавфнок амал мекард, муқаррар карда мешавад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 556