Аспакбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аспакбозӣ — як навъ рақси мазҳакавии мардонаи тоҷикӣ мебошад.

Тавсифи мухтасар[вироиш | вироиши манбаъ]

Cужети рақсро тасвири малакаи аспсаворӣ ва рақсу бозии асп ташкил медиҳад. Дар рақси аспакбозӣ як нафар мард, ду нафар – марду зан ё гурӯҳи раққосон иштирок мекунанд. Раққосон онро таҳти навозиши дойра, ё созҳои дастаи навозандагон иҷро менамоянд. Воситаи асосии аспакбозӣ пайкари чӯбини асп мебошад. Аз чӯб каллаи аспро тарошида, ба он гӯш, чашм месозанд, ёлу дум мечаспонанд. Аспро бо рӯймолҳои зебои силсиладор оро медиҳанд. Ҳар аспакбоз дар ин рақс маҳорати хосси худро нишон медиҳад. Беҳтарин раққосони аспакбозӣ ҳаракатҳои суннатии ҳалқи тоҷикро нигоҳ дошта, онҳоро бо ҳаракатҳои импровизатсионӣ ғанӣ мегардонанд. Аспакбозиро бо мазмуну оҳангҳои мухталиф иҷро мекунанд. Чунончӣ, аспак аввал мусиқӣ гӯш карда, аз он маст мешавад ва сипас ба рақс медарояд. Мувофиқи сужети дигар, як гурӯҳ аспакбозон ҷавлонзанон дар саҳна пайдо мешаванд. Духтаре дар замин рӯймолеро партофта, шарт мегузорад. Ҷавонмардон мисли бозии бузкашӣ рӯймолчаро аз замин бардоштанӣ мешаванд, ба якдигар халал мерасонанд ва ниҳоят яке ғолиб мебарояд. Иҷрокунандаи рақси «Аспакбозӣ» кӯшиш менамояд, ки дар саҳна ду образро инъикос кунад: яке симои худи савораи серғайрат ва дигарӣ аспаки чобуку шӯх, ки мусиқиро ҳис мекунад ва бо зарби мусиқӣ мерақсад. Дар аспакбозӣ унсурҳои лирика, мазҳака, рақс ва пантомимаомезиш ёфтаанд.[1]

Маҳалли густариш[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро, Исфара, Истаравшан ва хусусан Бадахшон маъмул аст. Дар Бухоро аспакбозҳо, одатан, бо дастаи зочабозон ҳунарнамоӣ мекарданд. Дар Бадахшон ин бозиро дар иди Наврӯз, тӯйҳо ва барои меҳмонони муътабар иҷро меамуданд. Аспакбозӣ бештар таҳти оҳанги «Рапо» («Раҳ­пой») иҷро карда мешавад. Навозандагон даф ва рубоб менавозанд. Ба ин созҳо баъзан сетор, ғижжак, най низ ҷӯр мешаванд. Ба барномаҳои консертии театри шаҳри Хоруғ ва дастаҳои ҳаваскорони ВМКБ аспакбозӣ ҳоло ҳам дохил аст. Устоҳо сари аспро аз чӯб тарошида, ба он гӯшу чашм месозанд, ёлу дум мечаспонанд. Зебу орои хуби асп қимати рақсро баланд мебардорад. Раққос низ худро оро медиҳад, куртаву эзор ва мӯзаву салла мепӯшад ва пойҳояшро зери матоъ пинҳон медорад, дар натиҷа бинандаро ин тасаввур ҳосил мешавад, ки гӯё ӯ аспсавор асту асп мерақсад. Аспакбозӣ ба намоиши хурди театрӣ шабоҳат дорад. Он имрӯз бо мазмуну оҳангҳои тоза иҷро мешавад. Аспакбозӣ унсурҳои лирика ва мазҳака, рақс ва пантомима, бозӣ ва сиркро омезиш медиҳад, ба он ҳунарпешаҳои театр ва дастаҳои ҳаваскорон мазмуни нав додаанд.[2]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 34. – 280 с.
  2. Низом Нурҷонов. Музыкальное искусство Памира. Кн. 2. - Москва, 1986.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]