Болошаҳр (деҳа, н. Рашт)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Болошаҳр
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Рашт
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 231 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3131

Болошаҳрдеҳа дар ҷамоати деҳоти Оби Меҳнати ноҳияи Рашт. Аз Болошаҳр то маркази ҷамоат 13 км, то маркази ноҳия 24 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 235 нафар (2013), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Нуқтаи савдои хусусӣ, чойхона-фароғатгоҳ, мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Хонандагон таҳсили минбаъдаро дар мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Шоле ва мактаб-интернати маркази ноҳия идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, занбӯрпарварӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаи Хартез ва Обдара обёрӣ мешаванд.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолӣ тақрибан дар асрҳои 17–18 маскун шудаанд. Аз сабаби дар ҷойи аз ҳама баланди ҷамоат ҷой гирифтан ва сераҳолӣ будан Болошаҳр номгузорӣ шудааст. Соли 1940 аҳолии Болошаҳр то ба 170–200 хоҷагӣ расида буд. Соли 1953 мардумаш куллан ба ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён кӯчонида шуда, деҳа беодам монда буд. Солҳои 1974–76 як қисми аҳолӣ ба Болошаҳр баргаштанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]