Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/17

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Давлати Сомониён (819999) - аввалин давлати соҳибистиклоли тоҷикон. Ҳукумронии сулолаи Сомониён солҳои 819-999 дарбар мегирад.

Асосгузори сулола - Сомонхудот мебошад, ки аз соли 819 наберагонаш Нӯҳ, Аҳмад, Ёқуб ва Илёс дар вилоятҳои Мовароуннаҳр ҳукумрон мешаванд. Номи давлат аз номи сулолаи ҳоким - Сомониён гирифта шудааст. То соли 892 амирони Сомониён зери итоати Хилофати Араб қарор доштанд. Асосгузори давлати соҳибистиклоли тоҷикон Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ мебошад. Исмоил аз итоати арабҳо баромада соли 900 баъд аз мағлубияти Амр ибни Лайси Саффорӣ кишвари Хуросонро ба Мовароуннаҳр муттаҳид намудааст. (бештар...)