Гулистон (деҳа, ҷ. Ёва, н. Ғафуров)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ғафуров
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 919 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3442

Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Ғафуров. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 919 нафар (2017), тоҷикон.

Соли 1918 ташкил шудааст. Дар ҳудуди Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиев ҷойгир аст.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Нуқтаҳои хидмати маишӣ, қаҳвахонаи «Висол», нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, масҷиди панҷвақта, устохонаи чӯбгарӣ, ошхона ва чойхона дорад. Гулистон мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ҷӯи Раззоқ таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Сир обёрӣ мешаванд.

Шахсияҳои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа зодгоҳи шоир Муҳиддин Фарҳат аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]