Маҳмуд Тошматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмуд Тошматов
Тошматов Маҳмуд Негматович,
Тошматов Маҳмуд Негматович
Таърихи таваллуд 30 май 1960(1960-05-30) (63 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Алма-матер Донишгоҳи муҳандисӣ-сохтмонии Киев (1982)

Маҳмуд Тошматов (Тошматов Маҳмуд Негматович; зод. 30 майи соли 1960, ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — иқтисоддони тоҷик, муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилоти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, и.в. профессор, академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири байналмилали оид ба  сифати таҳсилоти маълумоти олӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Тошматов Маҳмуд Негматович 30 маи соли 1960 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт дар оилаи ходими давлатӣ таваллуд шудааст. Тайи солҳои 1967-1977 дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 1-и ноҳияи Ашт таҳсил намуда, ҳамон сол, яъне соли 1977 бо супоридани танҳо ду имтиҳони қабул ба факултети «Сохтмони саноатӣ ва шаҳрванди»-и Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1980 баъди хатми курси сеюм бо роххати Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон ҳамчун донишҷӯи аълохон ба Донишкадаи сохтмони-муҳандисии ш. Киев ба таҳсил фиристонида шуда ин донишкадаро соли 1982 бомуваффиқият хатм намудааст.[2]

Кор ва фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти меҳнатии худро ӯ аз  1 ноябри соли 1982 ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иқтисоди ва идораи дар сохтмон»-и Донишкадаи политехникии Тоҷикистон шурӯъ намудааст. Моҳи июли соли 1984 ба шӯъбаи рузонаи аспирантураи Донишкадаи муҳандисӣ- иқтисодии шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт Петербург) дохил шуда, рисолаи номзадии худро дар мавзӯъи “Методические основы перестройки структуры регинального управления строительством (на примере Таджикской ССР)” 11 июни соли 1987 ҳимоя намудааст. Баъд аз хатми аспирантура ба шаҳри Душанбе бозгашта то моҳи феврали соли 1988 дар вазифаи ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон»-и Донишкадаи политехникии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Январи соли 1988 дар шаҳри Душанбе бо қарори Кумитаи сохтмони ИҶСС Шӯъбаи комплексии Тоҷикистонии    Пажуҳишгоҳи марказии илмӣ- тадқиқотии иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмони Кумитаи давлатии сохтмони ИҶШС таъсис дода шуд. Ҳадаф аз ташкили чунин сохтор оғоз гардидани ислоҳот дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз он ҷумла дар соҳаи сохтмон буд. Бо ин муносибат як гуруҳ олимони ҷавони иқтисоддони Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо супориши муовини Сарвазири даври ҶТ ба Шӯъбаи комплексии Тоҷикистонии Пажуҳишгоҳи марказии илмӣ- тадқиқотии иқтисодиёт ва идоракунӣдар сохтмони Кумитаи давлатии сохтмони ИҶШС бо тариқи гузариш ба кор шурӯъ намуданд. Тошматов М.Н. аз моҳи феврали соли 1988 то сентябри соли 1991 дар вазифаи мудири сектори Пажуҳишгоҳи марказии илмӣ- тадқиқотии иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмони Кумитаи давлатии сохтмони ИҶШС фаъолият намудааст.[2]

Фаъолиятҳои илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз сентябри соли 1991 пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва барҳам хӯрдани Шӯъбаи комплексии Тоҷикистонӣ боз ба фаъолияти омӯзгорӣ бозгашта то сентябри соли 1996 дар вазифаҳои муаллими калон, и.в. дотсент, дотсент, и.в. мудири кафедраи «Технология ва ташкили истеҳсолоти сохтмон»-и  Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Маҳмуд Тошматов аз сентябри соли 1996 фаъолияти омӯзгории худро дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оғоз намуд.

Маҳмуд Тошматов дар яке аз сафарҳои корӣ

Заминаҳои пажӯҳиши илмии ӯ мавзӯъҳои муҳими рушди босуботи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсат ва раванди тезонидани сармоягузорӣ ба бахшҳои иқтисодиёт, масъалаҳои сиёсати сармоягузории корхонаҳо, самтҳои баланд бардоштани самаранокии комплекси сохтмонии ҶТ, фазои сармоягузорӣ ва самтҳои беҳтар намудани он, имтиёзҳои сиёсати сармоягузорӣ дар шароити иқтисоди гузароиш, аҳамият ва мавқеъи сармоягузории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.[3][4]

Ӯ яке аз таҳиягарони “Низомномаи  таҳсилоти олии касбии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот” мебошад. Бо талошҳои ӯ лоиҳаҳое мисли ТЕМПУС, ЭРАСМУС+ ва MIND дар донишгоҳи технологӣ роҳандозӣ шудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳмуд Тошматов муаллифи 8 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад:

  1. Статистические методы изучения взаимосвязи социально-экономических явлений. Учебное пособие. –Душанбе: Ирфон, 2020. -48с., ISBN 978-99975-1-233-8;
  2. Экономическая география Республики Таджикистан. – Душанбе: Ирфон, 2005. – 132 с., ISBN 5-667-01377-7;
  3. Основы внешнеэкономических связей. Учебное пособие. – Душанбе: Ирфон, 2001.-192 с.;
  4. Страхование. Учебное пособие. - Душанбе: Ирфон, 2009.-528 с., ISBN 978-99947-63-51-1;
  5. Основы экономики и организации внешнеэкономической деятельности. Учебное пособие. - Душанбе: Ирфон, 2009.-192с., ISBN 978-99947-63-66-5;
  6. Иқтисоди хурд. Учебное пособие. – Душанбе: «Ирфон», 2011.-249с., ISBN 978-99947-0-443-9;
  7. Макроиқтисод. Китоби дарсӣ. - Душанбе: «Нашри  Камол», 2020. - 180с., ISBN 978-999755-1-224-6;
  8. Экономика предприятия. Учебное пособие. – Душанбе: ТУТ, 2023. – 244с., ISBN 978-99985-854- 0-9.     

Чор монографияи таълимӣ:

  1. Инвестиционный потенциал Республики Таджикистан: особенности формирования и проблемы эффективного использования. – Душанбе: «Ирфон», 2012. - 220с., ISBN 978-99947-0-954-0;
  2. Теоретические аспекты инновационного развития национальной экономики. – Душанбе: «Ирфон», 2022. – 208с., ISBN 978-99985-55-38-9;
  3. Пасандозҳои аҳолӣ ҳамчун иқтидори захираҳои сармоягузорӣ. – Душанбе: ДТТ, 2022. – 204с., ISBN 978-99985-616-3-9;
  4. Танзими андозбандии фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. -  Душанбе: ДТТ, 2022. – 200с, ISBN 978-99985-915-6  

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои хадмоти бисёрсолонаи бенуқсон дар соҳаи маориф, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъият бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021, №213 бо медали “ Хидмати шоиста ” қадр карда шудааст. [1]Аълочии маорифи ҶТ, академики академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Сомонаи расмиии Донишгоҳи технологи Тоҷикистон (16.03.2023).
  2. 2.0 2.1 Блестящий педагог и выдающийся учёный: Махмуду Тошматову 60 лет | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 18 марти 2024 санҷида шуд.
  3. Махмуд Тошматов: «В ближайшие 15 лет Таджикистану необходимо обеспечить высокий темп роста» | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 18 марти 2024 санҷида шуд.
  4. https://mts.tj/wp-content/uploads/2020/06/2017-%E2%84%96-3-53.pdf