Jump to content

Сафармуҳаммад Айюбӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сафармуҳаммад Айюбӣ
Сафармуҳаммад Айюбӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Сафармуҳаммад Айюбӣ
Таърихи таваллуд: 20 декабр 1945(1945-12-20)
Зодгоҳ: Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт: 22 феврал 2011(2011-02-22) (65 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Иттиҳоди Шӯравӣ
 Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир, драматург
Солҳои эҷод: 1970—2010
Самт: реализм
Жанр: достон, драма.
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Шоири халқии Тоҷикистон (1999), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1995). Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Сафармуҳаммад Айюбӣ 20 декабри 1945, Кӯлоб — 22 феврали 2011, Душанбе) — шоир, дромнавис, Шоири халқии Тоҷикистон (1999), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1995). Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сафармуҳаммад Айюбӣ 20 декабри 1945 дар шаҳри Кӯлоб таввалуд ёфта, дар ҳамон ҷой, соли 1976, Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба итмом расондааст. Баъдан мухбири рӯзномаву оҷонсиҳои Бо роҳи Ленини. Хатлон. ТоҷикТА. ТАСС ва ИтарТАСС (1976—1993), Сармуҳаррири шуъбаи фарҳангу адабиёти ТВТ(1993—1995), сардори раёсати Фарҳанги Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (1995—1997) ва мудири шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (1997—2008), аз соли 2008 бознишаста ва машғули фаъолияти эҷодӣ будааст. Нахустин шеърҳои ӯ аз аввали солҳои 70-уми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои Садои Шарқ. Помир. Маориф ва маданият. Тоҷикистони Советӯ. Адабиёт ва санъат, ва дигар расонаҳои хабарию адабӯ мунташир гардидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои Гули гандум (1980). Роҳи сафар (1984). Шохаи барқ (1986). Фалаки роғӣ (1990). достонҳои Хоҳиши дарё (1990). Мунзим (1990). Вафои Зарробӣ (2001). Маснавии мирӣ (2001). Шаҳриёрнома (2002) ва ғайра мебошад. Бештар аз 200 драммаи манзум офаридааст, ки аз он ҷумла Фишор(1984)-у Заволи Чамбули Мастон(1997) дар Фестивали театрҳои касбии Тоҷикистон беҳтарин шумурда соҳиби ҷоизаи олии фестивал — Гран-при гардонида шудаанд, ҳамчунин асарҳои манзуми драмавии ӯ Хатои охирини Афлотун (1990). Алии Сонӣ (1994). Меъроҷи Шоҳин (1995). Айюби Собир дар шаҳри бесуннат (1996). Амир Балъамӣ (1997), ғолиби машварат озмунҳои драманависони касбии Тоҷикистон гардиданд. Ашъори ҷудогонаи Н.Доризо, Р.Рождественский, М.Геттуев, Миртемир ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагон аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистон аз соли 1981 узви Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон аст. 22 феврали соли 2011 аз олам даргузашт. Ва дар мазори Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Сафармуҳаммад Аюбӣ адибе буд маъниёб ва нуқтасанҷ, қариб байте дар офаридаҳояш сатҳӣ нест, баҳри эҳсосоти гузаро, баҳри миллат ва дардҳои иҷтимоӣ хома меронд ва мекӯшид ҳамеша нуқтаи наве баён созад. Шеъраш навои дарду ғам аст, чун донандаи хуби осори мардумӣ аз ин ганҷи бебаҳо андешаю тобишҳои нозук ҷуста, ашъорашро оро додааст. Назму драмаи муосири тоҷикро наметавон бе осораш тасаввур кард, нигоштаҳояш ба сони марворид дурахшу қимати хосае доранд пеши парасторони адабиёту фарҳанг. Ӯ фарзанди диёри хеш буд ва онро чун ҷон дӯст медошту дар ҳар сатри шеъраш таппиши дили шахси меҳанпарвар, миллатдӯст ва ба ёру диёр содиқ шунида мешуд. Мубризаи қувваҳои некию бадӣ, зиддияти хираду ҷаҳолатро дар ҳама навиштаҳояш муассир ба қалам медод. Шоир барои ибрози эҳсосоти шӯрангезаш маводи хомро аз ҷамоли табиат фаро гирифта, дар қолаби хотири хеш бо мадади эъҷози тахайюл ба сурати аломатҳои андеша медаровард. Шеър дар назараш танҳо василаи илҳому андеша набуда, балки монанди гулдаста бо андеша ва зебоиҳои табиат омехта мебошаду назмаш ҳамеша ҳадаф дорад ва боре мекашад. Сафармуҳаммад Аюбӣ дар равнақи драматургияи миллӣ, хусусан драмаи манзум дар адабиёти муосири тоҷик таҳаввулоте ба амал овард ва мактабе низ созмон дод. Ӯ қариб 200 асари драмавӣ эҷод кард, ки беш аз 40- тоаш дар саҳнаи театрҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он намоиш дода шудаанд ва чандин маротиба драмаҳояш ғолиби озмунҳои драманависон гарди¬даанд. Драмааш «Алии сонӣ» ба шакли филми чаҳорқисмаи теле¬визонӣ пешкаши бинандагон шуд ва аз рӯи сенарияҳои эҷодкардааш зиёда аз даҳ филми телевизионӣ таҳия гардидаанд.

Унвону ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Гули гандум. Маҷмӯаи шеърҳо. — Душанбе: Ирфон, 1981. — 64 с.
  • Роҳи сафар. Маҷмӯаи шеърҳо. — Душанбе: Ирфон, 1984. — 96 с.
  • Шохаи барг. Маҷмӯаи шеърҳо ва қисса. — Душанбе: Ирфон, 1986. — 128 с.
  • Фалат Роғӣ. Маҷмӯаи шеърҳо. — Душанбе: Адиб, 1990. — 144 с.
  • Хоҳиши дарё. Шеърҳо. — Душанбе: Ирфон, 1990. — 130 с.
  • Мунтахаби осор. — Душанбе, 2000. — 360 с.
  • Вафои зарробӣ. — Душанбе, 2001. — 146 с.
  • Маснавии мирӣ. — Душанбе, 2001. — 141 с.
  • Повести Аюби Исо. — Душанбе, 2001. — 201 с.
  • Шаҳриёрнома. — Душанбе, 2002. — 191 с.
  • Тӯй дар Хуррамдара. Драмаҳо. — Душанбе, 2005. — 245 с.
  • Мероҷ. Мунтахаби осор. — Душанбе, 2007. — 1050 с.
  1. Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2015). Мураттиб Ё. Сучони. — Душанбе, 2014
  • Аюбӣ Сафармуҳаммад // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — С. 521. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
  • Аюбӣ Сафармуҳаммад // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. — Душанбе, 1989. — Ҷ.1. — С. 197.
  • Диловар, К. Асарҳоям зиндагиномаи мананд. Мусоҳиба бо шоири халқии Тоҷикистон С. Аюбӣ // Баҳори Аҷам. — 2002. — 3 январ.
  • Аюбӣ Сафармуҳаммад. //Адибони Тоҷикистон. — Душанбе: Адиб, 2003. — С. 64-67.
  • Шасти дарёи шеър. // Паёми Душанбе. — 2005. — 26 декабр.
  • Умар, С. Шохаи барқ мешавад пурбор. //Баҳори Аҷам. — 2011. — 28 феврал.
  • Аюбӣ Сафармуҳаммад //Чеҳраи Хатлон. — Душанбе, 2013. — С. 99-102.