Jump to content

Соҳиб Табаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Соҳиб Табаров
Соҳиб Шӯҳратиевич Табаров
Таърихи таваллуд 23 ноябр 1924(1924-11-23)
Зодгоҳ ноҳияи Муъминобод, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 12 апрел 2015(2015-04-12) (90 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ мунаққид ва адабиётшинос
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени «Нишони Фахрӣ» медали «Ветерани меҳнат»

Соҳиб Табаров — мунаққид ва адабиётшинос, номзади илми филология (1949), Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1953). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991). Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1991), доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ[1],

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1934–1936 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи В.М. Молотови шаҳри Самарқанд, 1936–1937 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи А. В. Луначарскии шаҳри Панҷакент таҳсил намудааст. Солҳои 1937–1939 дар Омӯзишгоҳи ба номи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб ва солҳои 1939–1943 дар факултети адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко таҳсил дошт. Соли 1943 пас аз хатми донишкадаи омӯзгорӣ муддате дар кафедраи забон ва адабиёти он муаллимӣ кардааст. Якчанд муддат дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дарс гуфтааст. Аз соли 1943 то соли 1985 дар вазифаҳои гуногун дар ДДТ ба номи В.И. Ленин фаъолият намудааст. Солҳои 1945–1949 аспиранти филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС, 1949–1952 ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1952–1962 мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, 1962–1980 мудири кафедраи адабиёти советии тоҷик, 1980–1985 дотсенти кафедраи номбурдаи ДДТ ба номи В.И. Ленин буд. Дар давраи мудирии Табаров дар баробари устодони варзида – Шарифҷон Ҳусейнзода, Баҳром Сирус, Муллоҷон Фозилов, Ҳилол Каримов, Воҳид Асрорӣ, Турсунбой Неъматзода насли дигари омӯзгорон чун Саъдулло Асадуллоев, Зоҳир Аҳрорӣ, Асадулло Сӯфизода, Саъдоншо Имронов, Маҳмуд Давлатов, Хайрулло Муҳибов, Собира Аминова ва баъдтар Раҳим Мусулмонқулов, Худойназар Асозода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Абдуҷаббор Раҳмонов, Маҳмаисуф Имомов, Абдувалӣ Давронов, Рустам Ваҳҳобов, Равшан Раҳмонӣ ба воя расиданд. Аз соли 1985 Сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосири тоҷик, мушовири илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, дотсент ва мушовири кафедраи назарияи адабиёт ва адабиёти навини форсии тоҷик шуда то охири умр фаъолият намудааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мартабаи илмӣ ва фаъолияти адабиётшиносию мунаққидии С.Ш.Табаров боиси густариши беш аз пеш ва эътибори илмию таълимии кафедра гардид. Паҳлӯҳои мухталифи назарӣ ва амалии таърихи адабиёти давраи нави тоҷик дар асару мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмию оммавии устод Табаров, мавриди тадқиқи амиқ қарор гирифтаанд. Услуби таҳқиқи Табаров С.Ш. дар пайравӣ ба академик Абдулғанӣ Мирзоев ва профессор А.Н. Болдирев, дақиқкорӣ, ба далелҳо эътибори ҷиддӣ додан ва аз ҳуҷҷатҳо эҳтиёткорона хулоса баровардан мебошад. Ба қавли академики чех Ян Рипка, Табаров С.Ш. дар илми филологияи тоҷик мактаби адабиётшиносии пурқуввате ба вуҷуд овардааст, ки онро шогирдонаш бомуваффақият идома медиҳанд. Муаллифи зиёда аз 850 асару таълифоти илмӣ, аз ҷумла дар китобҳои бунёдии «Пайрав Сулаймонӣ» (1962 нашри дувум 2013), «Ҳаёт, адабиёт, реализм» (дар панҷ ҷилд, солҳои 1966-1989), «С. Айнӣ – қофиласолори адабиёти советии тоҷик» (1977), Мунзим, Беҳбудӣ (2002) ва диг. мебошад.[2], Душанбе)

  • Романи «Ғуломон»-и С. Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ, Д., 1948;
  • Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик, Д., 1948;
  • Садриддин Айнӣ – асосгузори адабиёти советии тоҷик, Д., 1954;
  • Пайрав Сулаймонӣ, - Д., 1962;
  • Мирсаид Миршакар, Д., 1962;
  • Методи таҳлили асарҳои бадеӣ, Д., 1992;
  • «Мунозира»-и Абдурауфи Фитрат (ҷузъи 1), Д., 1997;
  • Асосҳои назариявии танқиди адабӣ (қисми 3), Д., 1999;
  • «Биёноти Сайёҳи ҳиндӣ»-и Фитрат (ҷузъи 2), Д., 2001;
  • Тақдири фоҷиавии як шоири тоҷик, Д., 2001;
  • Мунзим, Беҳбудӣ, Д., 2002;
  • Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ (1975–1899), Д., 2009.
  • Бо се ордени «Нишони Фахрӣ»,
  • ордени «Дӯстӣ»,
  • медали «Ветерани меҳнат»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
  • Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991).
  • Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1991).
  • Доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи С.Айнӣ (2004).
  • Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2010).
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  2. Академик Соҳиб Табаров даргузашт
  • Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2008, с.304.