Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб | |
Таърихи таваллуд: | 15 май 1932 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Панҷакент, Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 11 август 2004 (72 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | 1958-2003 |
Самт: | реализм сотсиалистӣ |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: |
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1982) Мукофоти адабии ба номи Андерсен |
Убайд Раҷаб — шоир, Шоири халқии Тоҷикистон (1994), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1962). Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (1987) ва Мукофоти адабии ба номи Андерсен.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Убайд Раҷаб 15 майи 1932 дар деҳаи Никноти ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкунандаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад. Дар рӯзномаҳои «Пионерии Тоҷикистон» ва маҷаллаҳои «Машъал» ва «Садои Шарқ» кору фаъолият намудааст. Ба ҳайси котиби Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст ва чанд муддат мушовири ин иттиҳодия оид ба адабиёти кӯдакону наврасон буд. Соли 1961, бо даъвати бевоситаи Мирзо Турсунзода, ба кори маҷаллаи «Садои Шарқ» гузаштааст. Аввал мудири шуъбаи танқиду адабиётшиносӣ, баъдан мудири шуъбаи назм, сипас и.в. котиби масъули он будааст. Дар анҷумани 6-уми нависандагони Тоҷикистон (1966), котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъйин гардида, дар ин вазифа то моҳи майи соли 1979 иштиғол варзидааст. Баъдан муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мушовири Иттифоқи нависандагон оид ба адабиёти кӯдакону наврасон будааст. Ӯ 11 августи соли 2004 аз олам даргузашт
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Асосан барои бачагону наврасон эҷод мекард. Муаллифи маҷмӯаҳои шеъри «Орзуҳои ширин» (1958), «Қиссаҳои модаркалон» (1958), «Ҳамсуҳбати ширинзабон» (1963), «Нинӣ чӣ ном дорад?» (1964), «Саду як барг» (1970), «Рӯи замин» (1974), «Хӯшаи гандум» (1978), «Ману ҷӯраҳои ман» (1981), «Як дона марворид» (1984), «Тирукамон дар рӯи бом» (1987), «Тӯшае аз ҳар гӯшае» (1988), Арчамайдон" (1989), «Модарам» (1989), «Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?» (1991), «Як лаълӣ марҷон» (ба форсӣ, 1993), «Себаки ғелон» (1997), «Нақши қалам» (2002), «Ҳадяи бобо» (2006), «Олуча — гули бодом» (2012) ва ғ. мебошад. Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Пайраҳа» (1967), «Илҳом» (1972), «Нимарӯз» (1977), «Рози обшор» (1979), «Саррез» (1982) ва ғ. барои калонсолон офарида шудаанд. Достонҳои «Шабчароғ»-у «Замин»-и ӯ дар мавзӯъи тарбияи наврасон эҷод шудаанд. Китобҳои алоҳидаи ашъори бачагонааш борҳо дар Маскав, Боку, Ашқобод, Ереван, Минск ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ чоп шудаанд. Шеърҳои алоҳидааш ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума ва дар Эрону Афғонистон борҳо чоп шудаанд. Шеъри «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме…», ки дар ҳимояи забони модарӣ нигошта шудааст, ба муаллифаш шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Осори даҳҳо адибони халқҳои бародарро ба тоҷикӣ гардондааст. Дар таҳия ва нашри «Тазкираи адабиёти кӯдакони тоҷик» (дар панҷ ҷилд) ҳиссаи арзанда гузоштааст. БунёдгузориҚонуни кӯдакони Тоҷикистон (1987—1990) буда, то охири умр сарварии онро бар уҳда доштааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба дарёфти Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1977), Диплом-мукофоти байналхалқии ба номи Ҳ.К. Андерсен (1983) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1987) мушарраф гардидааст. Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1982), Шоири халқии Тоҷикистон (1994). Бо медалу ифтихорномаҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардидааст.[1]
Баҳори нав шуд магар?
[вироиш | вироиши манбаъ]- Офтобаки хандонрӯ
- Болои кӯҳ баромад,
- Лағжида барф аз шах
- Рӯйи замин фаромад.
- Дар кунҷи кати айвон
- Гурбаи мо ҷо гирифт,
- Аз лона лаби майдон
- Гунҷишкак худро гирифт.
- Ғиш-ғиши акка омад,
- Ҳам қар-қари зоғ омад.
- Аз шохи сада омад,
- Аз гӯшаи боғ омад.
- Чак-чак чакидан гирифт
- Чакра аз бому аз дар,
- Хок макидан гирифт
- Баҳори нав шуд магар?
Хонандаи калонсол маҷмӯаҳои «Пайраҳа» (1967), «Илҳом» (1972), «Нимарӯз» (1977), «Рози обшор» (1979), «Саррез» (1982), «Арчамайдон» (1989) ва дигари ӯро дар ёд доранд ва ба тавсифу таъриф ҳоҷат нест. Зеро ӯ яке аз он шоиронест, ки аз худ ба мо осори хеле ҷолибу хонданбоб боқӣ гузоштааст ва офаридаҳои ӯ барои баланд гардидани сатҳи маърифатию донишандӯзии мардуму ҷомеаи навини соҳибистиқлоли тоҷикон хидмат карда метавонад. Ӯ дар таҳияю нашри китоби «Тазкираи адабиёти кӯдакони тоҷик», кии борат аз панҷ ҷилд аст, саҳми муносиби худро гузоштааст. Осори Убайд Раҷаб бо тиражи калон ба забонҳои русӣ, туркманӣ, арманӣ, белорусӣ, форсӣ ва ғайра дар Маскаву Ашқобод, Еревану Минск ва Теҳрону Кобул рӯи чоп омадаанд.
Намунаи осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Орзуҳои ширин: Шеърҳо, таронаҳо, масалҳо барои кӯдакони синни томактабию мактабӣ.- Сталинобод, 1958.- 75 с.
- Қиссаҳои модаркалон /Барои кӯдакон.- Сталинобод,1958.- 49 с.
- Ҳасуҳбати ширинзабон: Шеърҳо барои бачагони синни хурд ва миёнаи мактабӣ.- Душанбе, 1963.- 56 с.
- Нинӣ чӣ ном дорад?: Шеърҳо барои бачагони синни томактабӣ ва хурди мактабӣ.- Душанбе, 1964.- 32 с.
- Пайраҳа: Маҷмӯаи шеърҳо.- Душанбе: Ирфон, 1967.- 72 с.
- Саду як барг: Шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ ва хурди мактабӣ.- Душанбе: Ирфон, 1970.-124 с.
- Илҳом: Шеърҳо, рубоӣ ва дубайтиҳо.- Душанбе: Ирфон, 1972.- 40 с.
- Рӯи замин: шеърҳо, достонҳо, қиссаҳо барои бачагони хурди мактабӣ.- Душанбе: Ирфон, 1974.- 88 с.
- Нимарӯз: Шеърҳо.- Душанбе: Ирфон, 1977.- 128 с.
- Рози обшор: Китоби шеърҳо.- Душанбе: Ирфон, 1979.- 160 с.
- Хӯшаи гандум: Шеър, чистон, қисса ва достон.- Душанбе: Маориф, 1978.- 48 с.
- Ману ҷӯраҳои ман: Шеъру чистон ва қиссаву достон.- Душанбе: Маориф, 1981.- 232 с.
- Саррез: Маҷмӯаи шеърҳо, рубоӣ ва дубайтиҳо, тарҷумаҳо.- Ду¬шанбе: Ирфон, 1982.- 400 с.
- Як дона марворид: Китоби шеъру чистон ва қиссаву достон.- Душанбе: Маориф, 1984.- 144 с.
- Тиру камон дар рӯи бом: Шеър, қисса ва достонҳо /Барои бачаҳои синни хурди мактабӣ.- Душанбе: Адиб, 1987.- 224 с.
- Волшеные сапоги: Стихоторения /Для млад. школьного. возраста; С тадж. перев. Ю.Нейман.- М.: Дет. лит., 1973.- 63 с. с илл.
- Новый дутар: Стихи /Для ст. школьного возраста.- М.: Малыш, 1976.- 17 с.
- Запах земли: Стихи, поэма и сказки /Для мл. школьного возраста.- Душанбе: Адиб, 1988.- 183 с.
- Честное слово: Стихи.- М.: Дет. Лит., 1988.- 54 с.
Адабиёт доир ба устод
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдуманнонов, А. Убайд Раҷаб //Энсиклопедияи адабиёт ва санъат.- Душанбе, 2004.- Ҷ.3.- С.240 с.
- Гулназар. Убайд Раҷаб //Адибони Тоҷикистон: Маълумотнома /Муаллиф ва мураттиб Гулназар.- Душанбе: Адиб, 2002.- С.450-452.
- Раҷабов, Ҷ. Шоир, Китобхона ва кӯдакон: Мулоҳизаҳо барои тарғиби асарҳои шоир Убайд Раҷаб байни кӯдакон дар китобхона¬ҳои бачагона ва мактабӣ /Муҳаррир Н.Нуралиев; КБҶТ.- Душанбе, 1992.- 24 с.
- Саидраҳмонов, С. Ҳабиби кӯдакон: Убайд Раҷаб //Газетаи муаллимон.- 1987.- 20 октябр.
- Султон, Ш. Ҷоизаи арзанда: Убайд Раҷаб сазовори Ҷоизаи ба номи Г. Х. Андерсен гардид //Маданияти Тоҷикистон.- 1983.- 18 март.
- Миршакар, М. Замин ҳам забон дорад: шоири дӯстдоштаи кӯдакон Убайд Раҷаб 50- сола шуд //Садои Шарқ.-1982.- № 4.- С.93-94.
- Сулаймонова, Г. Дӯсти меҳрубони шумо //Раҷаб У. Ману ҷӯраҳои ман.: Шеъру чистон ва қиссаву достон.- Душанбе: Маориф, 1981.- С.5-7.
- Убайд Раҷаб //Тазкираи адабиёти бачагона.-Душанбе, 1979.- Ҷ.1. — С.216-217.
- Розиқ, Н. Хӯшаи пурбор: Маҷмӯаи шеърҳои «Хӯшаи гандум»-и У.Раҷаб //Комсомолии Тоҷикистон.- 1978.- 10 декабр.
- Убайд Раджаб //Писатели Таджикистана.- Душанбе: Ирфон, 1986.- С.319-321.
- Сулейманова, Г. Радуга детских улыбок: Произведения У.Раджаба //Пионеры Таджикистана.- 1987.- 13 декабря.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — соли 200 ISBN 978-99947-2-379-9
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Адибони Тоҷикистон: Маълумотнома /Муаллиф ва мураттиб Гулназар.- Душанбе: Адиб, 2002.- С.450-452.
- Энсиклопедияи адабиёт ва санъат.- Душанбе, 2004.- Ҷ.3.- С.240 с.
- Зодагони 15 май
- Зодагони соли 1932
- Даргузаштагони 11 август
- Даргузаштагони соли 2004
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шоирони тоҷик
- Адибони Тоҷикистон
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Зодагони ноҳияи Панҷакент