Ҳизби аграрии Тоҷикистон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Ҳизби аграрии Тоҷикистон - Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст. Солҳои 2005 - 2014 - Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон - Қароқулов Амир Бӯриевич - доктори илмҳои кишоварзӣ (1994), узви вобаста (1994) ва узви пайваста (2001)-и Академияи илмҳои кишоварзӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон буд. Аз соли 2014 раиси ҳизб Рустам Барот Латифзода мебошад.

Интихоботи парлумонии соли 2015[вироиш]

Дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V тибқи пешниҳоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буданд:

  1. Рустам Барот Латифзода
  2. Мирзоанвар Халифаевич Ахмедов
  3. Толибек Аҳмадович Бухориев
  4. Маҳбуба Дусмуродовна Шоазизова
  5. Мунимҷон Абдусаматов
  6. Зайнудин Сафаров
  7. Абдуласан Шомансурович Мамадасанов
  8. Зулфия Қурбоновна Мирзода
  9. Аҳмадҷон Қобилов
  10. Неъматулло Шамсудинович Холмуродов
  11. Нуралӣ Сафарович Ниязов
  12. Абдукарим Меликмуродович Файзуллоев
  13. Меҳнатулло Фозилович Сироҷев сабти ном шуданд.[1]

Дар натиҷаи интихоботи 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ - Рустам Барот Латифзода (раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон), Толибек Аҳмадович Бухориев ва Мирзоанвар Халифаевич Ахмедов - вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V интихоб шуданд[2]

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Қарори №24 - Дар бораи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тибқи пешниҳоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва шахсони боэътимоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон
  2. КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард