Ӯктам Эргаш
Ӯктамбой Эргашев | |
Таърихи таваллуд | 6 январи 1951 |
Зодгоҳ | деҳаи Исфисор, ноҳияи Хуҷанд, вилояти Суғд |
Пеша | рӯзноманигор |
Ӯктам Эргаш — нависандаи ӯзбекзабон, рӯзноманигор, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, корманди илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯктам Эргаш, (Ӯктамбой Эргашев), 6 январи 1951 дар деҳаи Исфисор, ноҳияи Хуҷанд, вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Нависандаи ӯзбекзабон, корманди илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Дар солҳои 1971-1980 дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (имрӯза «Ҳақиқати Суғд») ба ҳайси рӯзноманигор кор кардааст. Дар солҳои 1980-2013 дар хоҷагии ба номи А.Ҷумаеви ноҳияи Ғафуров дар вазифаҳои гуногун машғули кор будааст ва барои рӯзномаҳои ноҳия ва вилояти Суғд ҳикояву очеркҳои зиёде навиштааст. Аз соли 2010 корманди илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯктам Эргаш нависандаи узбекзабон аст ва муаллифи беш аз 10 китобҳо ва шумораи зиёди мақолаҳои илмӣ – оммавӣ ба забони узбекӣ мебошад.
- ӯзбекӣ: «Созингни чал» (2010, Хуҷанд),
- ӯзбекӣ: «Етим» (2012, Спитамен),
- ӯзбекӣ: «Бувижонларим хумори» (2013, Хуҷанд),
- ӯзбекӣ: «Аросат» (2013, Хуҷанд),
- ӯзбекӣ: «Бузулмас қонун» (2014, Хуҷанд),
- ӯзбекӣ: «Фоҳиша» (2014, Хуҷанд),
- ӯзбекӣ: «Ёввойи соҳил сирлари» (2014, Хуҷанд),
- ӯзбекӣ: «Армонларда юрак йиғлайди» (2014, Хуҷанд),
- ӯзбекӣ: «Мунгли нигоҳлар» (2015, Хуҷанд),
- ӯзбекӣ: «Ёлғиз аёл» (2015, Ғафуров),
- ӯзбекӣ: «Эл билса бӯлди» (Хуҷанд, 2016, бо ҳаммуаллиф).
Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соли 1998 дар ш.Ғафуров вилояти Суғд Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шудааст. Дар назди осорхона Маркази илмии "Ғафуровшиносӣ" ("Гафуроведение") амал карда истодааст, ки доир ба мероси илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар масъалаҳои таъриху кишваршиносӣ тадқиқотҳои илмӣ мебарад. Марказ дар ин муддат якчанд китобу рисолаҳои илмӣ ва китобҳои илмӣ – оммавиро ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ нашр намудааст, ки дар он саҳми Ӯктам Эргаш низ ҳаст.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳабибулло Холҷӯраев, Шариф Нуриддинов. Исписор: Онҳо фарзандони ту ҳастанд. (ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ). — Ғафуров-Хуҷанд, 2012. – 956 с.;
- Ёднома//Нашрияи Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б Ғафуров, шумораҳои соли 2015-2016;
- ӯзбекӣ: Исписор: макаддас замин, улуғлар даргоҳи. - Хужанд, 2011. – 224 с.;