Ӯктам Эргаш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ӯктам Эргаш
Ӯктамбой Эргашев
Сурат
Таърихи таваллуд 1951
Зодгоҳ деҳаи Исфисор, ноҳияи Хуҷанд, вилояти Суғд
Пеша рӯзноманигор
Рӯнамои китоби "Романнавис Ӯктам Эргаш"

Ӯктам Эргаш — нависандаи ӯзбекзабон, рӯзноманигор, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, корманди илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯктам Эргаш, (Ӯктамбой Эргашев), 6 январи 1951 дар деҳаи Исфисор, ноҳияи Хуҷанд, вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Нависадаи ӯзбекзабон, корманди илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Дар солҳои 1971-1980 дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (имрӯза «Ҳақиқати Суғд») ба ҳайси рӯзноманигор кор кардааст. Дар солҳои 1980-2013 дар хоҷагии ба номи А.Ҷумаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вазифаҳои гуногун машғули кор будааст ва барои рӯзномаҳои ноҳия ва вилояти Суғд ҳикояву очеркҳои зиёде навиштааст. Аз соли 2010 корманди илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯктам Эргаш нависандаи узбекзабон аст ва муаллифи беш аз 10 китобҳо ва шумораи зиёди мақолаҳои илмӣ – оммавӣ ба забони узбекӣ мебошад.

  • ӯзбакӣ: «Созингни чал» (2010, Хуҷанд),
  • ӯзбакӣ: «Етим» (2012, Спитамен),
  • ӯзбакӣ: «Бувижонларим хумори» (2013, Хуҷанд),
  • ӯзбакӣ: «Аросат» (2013, Хуҷанд),
  • ӯзбакӣ: «Бузулмас қонун» (2014, Хуҷанд),
  • ӯзбакӣ: «Фоҳиша» (2014, Хуҷанд),
  • ӯзбакӣ: «Ёввойи соҳил сирлари» (2014, Хуҷанд),
  • ӯзбакӣ: «Армонларда юрак йиғлайди» (2014, Хуҷанд),
  • ӯзбакӣ: «Мунгли нигоҳлар» (2015, Хуҷанд),
  • ӯзбакӣ: «Ёлғиз аёл» (2015, Ғафуров),
  • ӯзбакӣ: «Эл билса бӯлди» (Хуҷанд, 2016, бо ҳаммуаллиф).

Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соли 1998 дар ш.Ғафуров вилояти Суғд Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шудааст. Дар назди осорхона Маркази илмии "Ғафуровшиносӣ" ("Гафуроведение") амал карда истодааст, ки доир ба мероси илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар масъалаҳои таъриху кишваршиносӣ тадқиқотҳои илмӣ мебарад. Марказ дар ин муддат якчанд китобу рисолаҳои илмӣ ва китобҳои илмӣ – оммавиро ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ нашр намудааст, ки дар он саҳми Ӯктам Эргаш низ ҳаст.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳабибулло Холҷӯраев, Шариф Нуриддинов. Исписор: Онҳо фарзандони ту ҳастанд. (ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ). — Ғафуров-Хуҷанд, 2012. – 956 с.;
  • Ёднома//Нашрияи Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б Ғафуров, шумораҳои соли 2015-2016;
  • ӯзбакӣ: Исписор: макаддас замин, улуғлар даргоҳи. - Хужанд, 2011. – 224 с.;