Абдулваҳҳоби Машҳадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулваҳҳоби Машҳадӣ
عبدالوهاب حسینی مشهدی
Зодгоҳ: Машҳад
Навъи фаъолият: хаттот

Абдулваҳҳо́би Машҳадӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттоти форсу тоҷик (асри 16).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Абдулваҳҳоби Машҳадӣ маълумоти кофӣ дар даст нест. Қариб тамоми умраш дар зодгоҳаш шаҳри Машҳад гузаштааст. Тибқи ахборе, Абдулваҳҳоби Машҳадӣ хоҳарзодаи устод Султоналии Машҳадӣ буда, нозукиҳои ҳунари хаттотиро аз ӯ омӯхтааст. Бино ба маълумоги «Гулистони ҳунар»-и Қозӣ Аҳмад дар солҳои 60 садаи XVI Абдулваҳҳоби Машҳадӣ 80-сола буда, ҳаёти дарвешона ба сар бурдааст. Абдулваҳҳоби Машҳадӣ дар айни замон яке аз хаттотони машҳур ва шинохтаи Машҳад будааст. Муҳаққиқони осори Абдулваҳҳоби Машҳадӣ бар ин ақидаанд, ки ӯ хати зебо дошта, навъҳои хати арабиро хуб менавиштааст. Намунаҳои хати ӯ дар Китобхонаи давлатии Истамбул маҳфузанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Кази Ахмед, Трактат о калиграфах и художниках, М.–Л., 1947; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1988;
  • Ашрафӣ М., Таджикская миниатюрасри Бухарская школа XVI – XVII вв., Д., 2011.