Абдулло Назрӣ
Иттилооти асосӣ | |
---|---|
Таърихи таваллуд | 20 сентябр 1930 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 март 2006 (75 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон, омӯзгор |
Ҷоизаҳо |
Абдуллоҳи Назрӣ (ҳанг. тав. Абдулло Назриев; 20 сентябри 1930, ноҳияи Дарвоз — 5 марти 2006, Душанбе) — сарояндаи тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1955).
Саргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуллоҳи Назрӣ 20 сентябри соли 1930 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст ва аз пайравони мактаби хонандагии Акашариф Ҷӯраев маҳсуб буд. Ӯ соли 1954 аз Дарвоз ба шаҳри Сталинобод даъват шуд ва ҳамагӣ 3 сол баъд, дар синни хеле ҷавони 27-солагӣ сазовори унвони фахрии Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон шуд. Яккахони ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1946-1964). Яккахони коллективҳои мусиқии Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ аз ҷумла ансамбли шуҳратёри «Шашмақом» (аз 1965) ва то охири ҳаёт фаъолият дошт.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулло Назрӣ 5 марти соли 2006 дар сини 76-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт[1].
Фаъолияти эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Санъати мусиқӣ ва сурудро аз падараш – Назрихӯҷа, сипас аз ҳофизони маҳаллӣ Саидамир Бобӣ, Суръат, Акашариф Ҷӯраев омӯхта, ҳамчунин аз сабти патефонии (қартагии) Ҳоҷӣ Абдулазиз, Мулло Тӯйчӣ ва дигарон баҳра бурдааст. Иҷрокунандаи осори мусиқии мардумӣ («Нигорам», «Сиёҳчашм», «Дилбари ман», «Санам», «Мустазод», «Мискин» ва ғайра), муаллифи сурудҳои зиёд («Асри ман», «Халқи бузургворам», «Меҳри Ватан» ва ғайра) ва сюитаҳои рақсӣ («Таронаҳои меҳнат», «Биё ёрам», «Мурғи саҳар», «Шашзарб» ва ғайра). Чанд шогирди боистеъдод тарбия кардааст (Исмоил Назрӣ, Давлат Назрӣ, Н. Суфиев ва дигарон).
Ба ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дар репертуараш сурудҳо дар васфи Ватан, сулҳ: «Асри ман» (М. Турсунзода), «Халқи бузургворам» (Б. Раҳимзода), «Меҳри Ватан» (М. Фарҳат) ва ғ., сурудҳои халқию классикии «Нигорам», «Сиёҳчашм», «Дилбари ҷон», «Санам», «Мустаҳзод», «Мискин», «Роғ» ва ғ. дар иҷрои Абдулло Назрӣ хеле хуб иҷро шудаанд. Ӯ муаллиф ва басаҳнагузорандаи силсилаи сюитаҳои рақсист, ки «Таронаҳои меҳнат», «Биё ёрам», «Мурғи саҳар», «Шашзарб» аз қабили онҳоянд. Садои баланду ширадор ва марғулавии Н. ҳангоми авҷи сурудҳояш баръало ҳувайдо мегардид.
Абдуллоҳ Назрӣ дар якчанд созҳои халқӣ ҳунарнамоӣ мекард, вале бештар ба сози сетор рағбат дошт. Абдулло Назрӣ иштирокчии Фестивали умумииттифоқии ҷавонон ва студентон (Москва, 1956, лауреат); Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1957), Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон (Москва, 1957) буд. Иштирокдори симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд, 1978, 1983, 1987). Ба Афғонистон (1959, 1973) ва Эрон (1966) сафари ҳунарӣ кардааст.[2]
Ҷоиза ва унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Cазовори унвони фахрии Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гаштааст.[2]
Гиромидошт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дар ноҳия Дарвоз дар соли 2022 ҳайкали Абдуллои Назрӣ кушода шуд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Даргузашти овозхони маъруф Абдулло Назрӣ. Радиои Озодӣ. 20 сентябри 2017 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 252 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)
Видео
[вироиш | вироиши манбаъ]- Sohib Nazriev. "Кадамҷо" — Барномаи телевизионӣ: Кадамҷои Устод Абдулло Назрӣ. ТВ Сафина (23 июли 2017). 20 сентябри 2017 санҷида шуд.
- Sohib Nazriev. Abdullo Nazriev Toqi Abru (TAJIK FOLK Music). 23 марти 2012 санҷида шуд.