Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос
Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | олим, муҳаддис, rawi |
Таърихи таваллуд: | 595 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 684 |
Маҳалли даргузашт: | |
Эътиқод: | суннӣ ва ислом |
Падар: | 'Amr ibn al-'As[d] |
Модар: | Rita bint Munàbbih[d] |
Самти фаъолият: | илми ҳадис |
Шогирдон: | Товус ибни Кайсан[d] |
![]() |
Абу Муҳаммад Абдуллоҳ ибни Амри Қурайшӣ (ар. عبد الله بن عمرو بن العاص; соли 616, Макка, Арабистон — соли 684, Фустат, Хилофати Умавиён) — яке аз саҳобагони маъруфи паёмбар Муҳаммад (с), фақеҳи мусалмонон.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р) саҳобаи бузург ва аввалин касе аст, ки ҳадиси Расули Худо (с)-ро китобат намудааст. Вай ҳафт сол пеш аз ҳиҷрат дар соли 616-уми милодӣ дар Макка ба дунё омада, дар даврони ҷавонӣ ва пеш аз падараш Амр (р) ислом овардааст.
Абдуллоҳ (р) дар тамоми ғазавот ҳамроҳи Расули Худо (с) ширкат намуда, бо ду шамшер меҷангид.
Абдуллоҳ (р) илова бар ин, ба ҳадде ба зуҳду ибодат мепардохт, ки хабари ӯ ба Паёмбар (с) расид. Он Ҳазрат (с) дар ҳадиси машҳуре ба вай фармуд: «Ҷисмат бар ту ҳатман ҳақ дорад, ҳамсарат бар ту ҳақ дорад ва чашмонат бар ту ҳақ доранд…».
Аҳли ҳадис аз вай 700 ҳадис ривоят кардаанд. Вай соли 65 ҳиҷрӣ / 684-685 милодӣ дар Шом вафот кардааст.[1]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Абдушарифи Боқизода. Тафсири навини Қуръони карим, ҷилди якум — Душанбе: «ЭР-граф», 2012. - с. 797.
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Али-заде, А. А. Абдулла ибн Амр ибн аль-Ас Бойгонӣ шудааст 13 августи 2014 сол. (архив ) // Исламский энциклопедический словарь Бойгонӣ шудааст 13 июни 2016 сол.. — М.: Ансар, 2007.
- Negahban F. ʿAbd Allāh b.ʿAmr b. al-ʿĀṣ // Editors-in-Chief: Wilferd Madelung and, Farhad Daftary Encyclopaedia Islamica. — Brill.