Шом (сарзамин)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шом
Қитъа Осиё
Ҷойгир аст дар назди обанбори Levantine Sea[d]
Мавқеият Fertile Crescent[d]
Баландтарин нуқта Qurnat as Sawda'[d]
Шумораи аҳолӣ
Забони мавриди корбурд арабӣ, забони оромӣ, туркӣ, ибрӣ, Забони курдӣ ва юнонӣ
Тасвири нақшаи мавқеият
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Шом (русӣ: Левант, ба забони арабӣ: الشام [ʔaʃ-ʃaːm]; ба забони ибронӣ: כְּנָעַן Kənáʿan, Ханаан) — номи умумии қаламравҳои кишварҳои баҳри Миёназамин (Сурия, Лубнон, Фаластин, Исроил, Урдун, Миср, Туркия, Кипр[1] ва ғайра), ба маънои тангтар — Сурия, Фаластин, Исроил ва Лубнон.

Таърифи калимаи Шом (Левант) аз рӯи кишвар ва давра фарқ мекунад ва худи ин истилоҳ дар маънои васеътар ва норавшан истифода шудааст[2]. Шом ҳамчун "чорроҳаи байни Осиёи Ғарбӣ, шарқи Баҳри Миёназамин ва шимолу шарқи Африқо" тавсиф шудааст[3].

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бузургтарин гурӯҳи мазҳабӣ дар Шом мусулмонон ва бузургтарин гурӯҳи этникӣ арабҳоянд, аммо гурӯҳҳои зиёди дигар низ ҳастанд. Пеш аз таъсиси Исроил дар соли 1948, яҳудиён дар саросари ҷануби Шом зиндагӣ мекарданд; аммо аз он вақт, ба истиснои яҳудиёни муқими худи Исроил, танҳо чандсад нафари онҳо дар ин минтақа монданд: боқимонда бо ихтиёри худ ба Исроил рафтанд ё аз фоҷеаҳои ба вуҷудомада гурехтанд. Дар Шом гурӯҳҳои мухталифи мазҳабии масеҳӣ мавҷуданд, ба монанди насрониҳое, ки ба калисои православии Антиёхия тааллуқ доранд, маронитҳо ба калисоҳои католикии шарқӣ ва православии қадимаи шарқӣ. Ашшуриёни мутааллиқ ба калисои Ашшури Шарқӣ (Мухторӣ) ва Калисои католикӣ Халдӣ низ вуҷуд доранд. Мусулмонони суннӣ ва курдҳо—эзидҳо низ ҳастанд. Мусалмонони шиъа (алавиҳо, дувоздаҳимомиён, низариён ва друзиён-исмоилиён) низ дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Дар ин минтақа арманиҳо низ ҳастанд, ки аксари онҳо ба Калисои Апостолии Арман тааллуқ доранд. Гурӯҳҳои протестантҳои араб ва арман каманд. Католикҳое ҳастанд, ки ба маросими лотинӣ, ба ном левантинҳо ё франко-левантинҳо, пайравӣ мекунанд. Туркҳо, сомариён ва наварҳо низ дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд.

Фарҳанг[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолии Шрм[4][5][6][7] на танҳо мавқеи ҷуғрофӣ, балки ошхона, баъзе урфу одатҳо ва таърихи хеле тӯлонӣ доранд. Мусалмонони Шом, насрониҳо ва насрониёни маронии Кипр бо забони левантӣ ҳарф мезананд, ки бо номи забони Баҳри Миёназамин низ маъруф аст. Дар Исроил, ибрӣ, англисӣ ва русӣ дар байни яҳудиён маъмуланд, ки қонунҳо, анъанаҳо ва урфу одатҳои яҳудиро риоя мекунанд. Ҷамоатҳои юнонӣ ва арманӣ забонҳо ва урфу одатҳои худро, ки одатан бар динашон асос ёфтаанд, нигоҳ доштаанд. Юнонҳо аксарияти аҳолии ҷазираи Кипрро ташкил медиҳанд ва дар Сурия, Лубнон ва Исроил гурӯҳҳои қавмӣ ташкил мекунанд. Аксари юнониҳо дар Кипр ва Исроил насронӣ (калисоҳои православии юнонӣ) мебошанд, дар ҳоле ки дар Лубнон ва Сурия як қисми муайяни юнониҳои мусулмон вуҷуд дорад.

Боз бинед[вироиш | вироиши манбаъ]

Номҳои минтақаҳо, ки дар баробари калимаи "Шом/Левант" истифода мешаванд :

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Where is the Levant?(англ.). WorldAtlas. 3 июли 2021 санҷида шуд.
  2. Оксфордская энциклопедия Древней Греции и Рима, Том 1, с. 247, «Левант»
  3. Древний Левант, Институт археологии Университетского колледжа Лондона, май 2008
  4. «Политическая карта Восточного Средиземноморья» — магазин National Geographic.(пайванди дастнорас — таърих). Shop.nationalgeographic.com. 17 октябри 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 октябри 2011.
  5. «Древний Аскалон» — журнал National Geographic. Ngm.nationalgeographic.com (17 октябри 2002). 17 октябри 2011 санҷида шуд.
  6. Государство Израиль: перемены, идущие изнутри (The state of Israel: Internal influence driving change), BBC News (6 ноябри 2011).
  7. Орфалеа, Грегори «Арабо-американцы: история». Изд-во «Olive Branch». Нортхэмптон, Массачусетс, 2006. С. 249

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бродель, Фернан, Средиземное море и средиземноморский мир в эпоху Филиппа II
  • Julia Chatzipanagioti: Griechenland, Zypern, Balkan und Levante. Eine kommentierte Bibliographie der Reiseliteratur des 18. Jahrhunderts. 2 Vol. Eutin 2006. ISBN 3-9810674-2-8
  • Сайт Наследие Леванта. Содержит много рассказов, записанных и передававшихся из уст в уста, а также родословные некоторых семей левантийских турок.
  • Филипп Манзел, Левант: великолепие и катастрофы на Средиземном море, Лондон, Джон Марри, 11 ноября 2010, книга в твёрдой обложке, 480 страниц, ISBN 978-0-7195-6707-0, Нью Хейвен, изд-во Йельского университета, 24 мая 2011, книга в твёрдой обложке, 470 страниц, ISBN 978-0-300-17264-5
  • Коэльо, Пауло Алхимик («Левант» в значении ветра, происходящего из Леванта)

Истинодҳо[вироиш | вироиши манбаъ]