Абдуллоҷон Мирбобоев
Абдуллоҷон Кенҷаевич Мирбобоев | |
Таърихи таваллуд | 3 декабр 1939 (84 сол) |
Зодгоҳ | ХуҷандҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Маркази Хуҷандии АИ ҶТ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Абдуллоҷон Кенҷаевич Мирбобоев (03.12.1939, шаҳри Хуҷанд - 11.11.2021, ҳамон ҷо) - таърихнигор, доктори илми таърих (1994), профессор (2002).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуллоҷон Мирбобоев соли 1969 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ба итмом расонда, дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард ва беш аз сӣ сол дар ин ҷо заҳмат кашид, зинаҳои сарлаборант, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими пешбари шуъбаи таърихи фарҳангро паймуд. Соли 2000 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузашт ва ҳамчун омӯзгор ба кор шурӯъ намудааст. Аз соли 2002 мудири кафедраи бостоншиносӣ ва мардумшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, профессор ва мушовири ҳамин кафедра мебошад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз бостоншинос ва фарҳангшиноси намоён аст, ки ҳанӯз солҳои 1971-1974 дар ҳайати байналмилалии муштараки бостоншиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон дар ҳафриёни қисмати шимоли давлати ҳамсоя ширкат варзидааст. Инчунин дар фаъолияти дастаҳои мухталифи бостоншиносии Тоҷикистон ҳамроҳӣ карда, дар таҳқиқи осори хароба, кушку оташкадаҳои Истаравшан, силсилаосори қадимаи Хуҷанд, Исфара ва дигар маҳалҳо саҳм гирифтааст, бобати фарҳангшиносӣ ва этнологияи таърихии Суғду Фарғона, таърихи мадрасаҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон ва ғайра таҳқиқоти судманд анҷом додааст. Дар таълифи нашри нави «Таърихи халқи тоҷик» (шаш ҷилд ба забони русӣ) фаъолона иштирок намуда, барои ЭСТ (8 ҷилд), ЭАСТ (3 ҷилд), Энсиклопедияи Хуҷанд, «Донишномаи Сомониён» беш аз дусад мақола навиштааст. Дар маҷмӯъ соҳиби қариб 800 (ҳаштсад) асари илмӣ, таълимӣ ва мақолаҳои илмию оммавӣ мебошад. Дар чандин конфаронсу ҳамоишҳои байналмилалии бостоншиносӣ ва фарҳангшиносӣ маърӯзаҳои илмӣ кардааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барномаи назария ва таърихи фарҳанги тоҷик. – Д., 1993;
- Хуҷанднома. – Д., 1994 (ҳуруфи арабӣ);
- Медресы Таджикистана. – Д., 1994;
- История медресе Таджикистана. – Д., 1994;
- Дахмаки Курката и проблемы зороастрийской идеологии в Северной Средней Азии: Дисс…доктора истор. наук. – Д., 1994;
- Историческое наследие Худжанда. – Д., 1995;
- Хуҷанднома. – Х., 1996 (ҳуруфи кириллӣ, форсӣ);
- Медресы Маверенахра и Хорасана. – Д., 1998 (соавтор);
- Средневековая городская культура Центральной Азии. – Д., 2001 (соавтор);
- Медицинские учреждение в архитектуре Центральной Азии. – Д., 2003;
- Кишваршиносии таърихӣ.– Х., 2003;
- История водоснабжения Худжанда и его округи. – Х., 2005;
- Нақши ориёиҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ. – Х., 2006;
- Таърихи халқи тоҷик. – Х., 2008 (ҳаммуаллиф);
- История таджикской дипломатии. – Х., 2008 (соавтор);
- Археологические памятники Согдийской области. – Х., 2008 (соавтор);
- Муқаддимаи таърихи дипломатияи тоҷик. – Х., 2009 (ҳаммуаллиф);
- Худжанд по пути нового исторического прогресса. – Х., 2009 (соавтор);
- Очерки истории средневековой культуры таджиков. Пособие по культурологию). – Х., 2011.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Факултети таърих ва ҳуқуқ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров(пайванди дастнорас)
/
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 336.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 3 декабр
- Зодагони соли 1939
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Докторони улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Таърихнигорон аз рӯи алифбо
- Таърихнигорони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон