Факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Факултаи таърих — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 1933. Соли 1987 факултет ба худ номи факултаи таърих ва соли 2008 номи факултаи таърих ва ҳуқуқро гирифтааст. Декани факултет - н.и.т., дотсент Бобокалонов А. аст.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Садаи 20-ум[вироиш | вироиши манбаъ]

Факулта қариб ҳамсоли ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров буда фаъолияти худро аз соли хониши 1933-1934 тавассути шуъбаи таърих ва иқтисоидёт оғоз намуда, дар соли хониши 1936-1937 ба факултаи таърих табдил дода шуда буд. Минбаъд шуъбаи таърих аз нав дар ҳайати факултаи таъриху филология таъсис ёфта, омӯзгорони нахустини он устодон М.Е. Беркович, Е.П. Путирский, Б.М. Греннадер, М.Струминский, А.Е. Маджӣ, Н.П. Павлов, аввалин омӯзгорони тарҷумони тоҷик М. Мирмуллоев, У.Каримов, М.Юнусов, Д. Ҳамроев, Ҳ.Ҷарқинзода ва дигарон буданд. Солҳои 50-ум ба сафи устодони шуъба мутахассисони соҳибистеъдод, аз қабили Ғ. Ҳайдаров, Ш. Охунов, М. Искандаров, Ш. Султонов, Ш. Ахмедов, С. Абдуллоев, У. Исмоилов, Т. Юсуфов, Ш. Норматов, С. Отаев, К. Шаҳобиддинов ва солҳои 60-70-ум - С. Марофиев, Н.Турсунов, Д. Деҳқонов, У. Ҷаҳонов, У. Ғаффоров, И. Эркабоев, М. Исҳоқӣ, Бобокалонов А, Гулбеков Ҷ, Ҷӯраев М, Ҳомидов Ҷ. Юсуфов А, Эркаев С. ва дигарон дохил шуданд. Солҳои 80-90-ӯм фаъолияти олимони шинохта Акрамов Н.М., Пӯлодов У., Файзуллоев, Акрамова Х.Ф., Қодиров А., Иномов М.И. дар факулта оғоз гардид. Моҳи марти соли 1987 шуъбаи таърих ба факултаи мустақил табдил ёфт. Аввалин сарвари он, дастпарвари факулта, доктори илмҳои таърих, собиқ ректори донишгоҳ С.А. Абдуллоев буд. Дар солҳои роҳбарии ӯ (1987-1992) сафи омӯзгорон ва донишҷӯён афзуда, кафедраҳои нави таърихи қадиму асримиёнагии тоҷикон, кафедраи таърихи наву навтарини халқи тоҷик, кафедраи таърихи қадиму асримиёна ва кафедраи таърихи наву навтарини мамлакатҳои хориҷӣ ташкил ёфтанд. Минбаъд анъанаҳои кори С. Абдуллоевро сарварони факулта М. Иномов, М.Файзуллоев, А. Бобокалонов ва У. Ғаффоров, Ҳ. Тоатов, Ф. Ҳомидов идома доданд. Ба мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ аз соли 1997 Шӯрои махсуси ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси таърихи Ватан ташкил карда шуд, ки дар давраи фаъолияти Шӯрои номбурда 29 нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ дифо намуданд. Соли хониши 1996-1997 дар факултаи таърих шуъбаи ҳуқуқшиносӣ ташкил карда шуда, минбаъд ба факултаи ҳуқуқшиносӣ табдил дода шуд.

Садаи 21-ум[вироиш | вироиши манбаъ]

Факултаи ҳуқуқшиносӣ соли таҳсили 2008-2009 бо факултаи таърих мутаҳид карда шуда, факултаи таърих номи факултаи таърих ва ҳуқуқро гирифт. Алҳол дар факулта

  • кафедраи таърихи Ватан
  • таърихи умумӣ
  • археология ва этнографияи халқи тоҷик
  • илмҳои давлатию ҳуқуқӣ
  • методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ
  • осорхонаи академик З.Ш. Раҷабов
  • осорхонаи таъриху фарҳанги халқи тоҷик,

дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос саҳмгузоранд. Дар соли аввали ташкилёбии факулта яъне соли хониши 1936-1937 он ҳамагӣ 19 нафар донишҷӯ дошт. Имрӯзҳо бошад, дар шуъбаҳои рӯзонаю ғоибонаи факулта беш аз 1000 нафар донишҷӯён таҳсил намуда, факулта аз ихтисосҳои таърих, таърих ва ҳуқуқ, ҳуқуқшинос-омӯзгор, мутахассисон тайёр мекунад. Ба донишҷӯён олимони шинохта профессорон Ахмедов Ш.А., Холҷӯраев Ҳ.Х., Мирбобоев А., Раҳимов Н., Почомулоев Т.П., Марофиев С.Ш., дотсентон Ҷаҳонов У.Ҷ., Ҳоҷиев А, Бобокалонов., Тоатов Ҳ. С., Гулбеков Ҷ.Г., Файзуллоев М, Эркаев С., Қосимов И.У., Наврӯзов Т.С., Мамадалиев И., Маҳмудова Н.С., Шарипов Ш., Бобоев Ю. ва устодони соҳибтаҷриба Юсупов А., Маҳмудов О.Р., Рофиева Н.Ғ., Самадова Д.О. ва дигарон дарс мегуянд.

Дастпарварони факулта[вироиш | вироиши манбаъ]

Факулта бо дастпарварони худ ходимони давлатию ҳизбӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров, Рифъат Ҳоҷиев, Қодир Хабилов, Аҳмадҷон Шарофов, дипломатҳои шинохта Яъқуб Исломов ва Абдулаким Қаюмов, олимони забардаст академик Нӯъмон Неъматов, профессорон Ғафурҷон Ҳайдаров, Ҳабибулло Холҷӯраев, Иброҳимҷон Обидов, Шукур Султонов, Абдуҳамид Ҷалилов, Темур Каримов, Шарифҷон Ахмедов, Музаффар Искандаров, Назирҷон Турсунов, Бурҳон Ризоев, Мақсудҷон Инъомов, Осимҷон Каримов ифтихор доранд. Инчунин дастпарвари факулта олими номварии тоҷик профессор Сайдулло Абдуллоев солҳои тӯлонӣ сарварии донишгоҳамонро ба уҳда доштанд. Профессор Осимҷон Каримов ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буд. Устодони факулта, профессорон Абдуллоев С. А. Ғаффоров У. Ризоев Б.М. ва дотсент Бобокалонов А ба ҳайси узви Маҷлиси Миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда, дар такмили қонунгузории кишвар саҳмгузорӣ намудаанд.

Саҳми олимони факулта[вироиш | вироиши манбаъ]

Саҳми муаррихони факултаи таърих ва ҳуқуқ дар рушду камоли таърихшиносии тоҷик хеле назаррас аст. Хотирнишон бояд кард, ки солҳои 60-70-уми қарни сипаришуда мактаби илмии омӯзиши таърих ва маданияти халқи тоҷик дар қарни ХХ бо роҳбарии аввалин доктори илм дар донишгоҳ, шодравон профессор Ғафурҷон Ҳайдаров ташаккул ёфт. Шогирди баркамоли устод собиқ ректори Донишгоҳ Сайдулло Абдуллоев дар мудатти начандон тӯлонӣ бо асарҳои худ доир ба таърихи мактабҳои олӣ ва китобҳои «Исмоили Сомонӣ», «Амирони Сомонӣ», «Фарҳанги Сомониён» ва ғайра дар таърихшиносии тоҷик мақоми хосае пайдо намуд.

Муаррихи шинохта, яке аз олимони сермаҳсули ҷумҳурӣ устоди факулта профессор Усмонҷон Ғаффоров доир ба таърихи фарҳанги халқи тоҷик, ҳаёту фаъолияти фарзандони арзандаи миллат зиёда аз 50 китоб, 150 мақолаҳои илмӣ, зиёда аз 500 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ таълиф намудааст. Дар таӣёр намудани кадрҳои дорои унвонҳои илмӣ дошта, саҳми профессор Ҳабибулло Холҷӯраев хеле калон аст. Профессор Ҳабибулло Холҷӯраев доир ба таърихи халқи тоҷик, ҳаёту фаъолияти фарзандони арзандаи миллат зиёда аз 40 китоб, 200 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ таълиф намудааст. Ҳабибулло Холҷӯраев яке аз таъсидиҳандагони Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Дар факултаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров таи солҳои тӯлонӣ мактаби археологию этнографӣ ташаккул ёфт, ки мо онро дар симои академик Н. Неъматов, профессорон У. Пӯлотов, А. Мирбобоев, С.Ш. Марофиев, Н. Турсунов, Н. Раҳимов дотсентон У. Ҷаҳонов, М. Файзуллоев ва дигарон мебинем. Ҳар яки онҳо дорои равияву мактаби илмии худ буда, дар тадқиқи масъалаҳои марбут ба археология ва этнографияи халқи тоҷик мақоми хосае доранд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]