Jump to content

Абдулло Зокир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулло Зокир
Таърихи таваллуд: 1927(1927)
Зодгоҳ: шаҳри Хуҷанд
Таърихи даргузашт: 1982(1982)
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Навъи фаъолият: мутарҷим, рӯзноманигор

Абдулло́ Зоки́р (Абдулло Зокиров; 1927, деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Хуҷанд — 1982, Душанбе) — мутарҷим ва рӯзноманигори тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педгогии Душанбе (1958) ва шуъбаи журналистии Мактаби олии партиявӣ дар Алмаато (1964). Дар ВКД, идораҳои Ҳизби коммунистӣ ва журналистӣ, собиқ Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба нашриёт, полиграфия ва савдои китоб фаъолият кардааст. Баъдан муҳаррири газета «Комсомоли Тоҷикистон» (1965 — 70), сармуҳаррири редаксияи сиёсии Комитети давлатии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон, котиби масъули Комитети ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, сармуҳаррири Комитети давлатии Тоҷикистон оид ба нашриёт, полиграфия ва савдои китоб, муовини сармуҳаррири муассисаи нашриявии «Ирфон» буд.

Фаъолияти эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулло Зокир ба таълифи осори бадеӣ — ҳикояҳо ва очеркҳо, тарҷума аз соли 1953 сар кард. Ҳикояҳову очеркҳояш дар маҷмӯаҳои «Ҳудуди шуҷоат», «Оби шифобахш», маҷаллаи. «Садои Шарқ», «Памир» ба табъ расидаанд. Ҳикоя ва повестҳои нависандаи рус С. Антонов (1959), романи «Нирмола» ва ҳикояҳои Премчанд (1962), маҷмӯаи ҳикояҳои «Чароғҳои Арарат» (1968), ҳикояҳои Ю. Смуул (1971), асари Р. Ҳамзатов «Доғистони ман» (китоби 1 — 1972, китоби 2 — 1975), асари Л. Первомайский «Таърихи инсоният» (1978), қиссаи С. Шоймерденов «Модарандар» (1976), асари Б. Немсова «Афсонаҳои заррин» (1981) ва ғайраро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Бо медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1980.