Абдулмуъмин Қаюмов
Абдулмуъмин Ҷумахонович Қаюмов | |
Таърихи таваллуд | 13 январ 1978 (46 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Темурмалик, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Абдулмуъмин Ҷумахонович Қаюмов (тав. 13.01.1978, д. Танобчи, н. Темурмалик, вил. Хатлон) — омӯзгори забони англисӣ, номзади илмҳои педагогика (2014), дотсент. .
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулмуъмин Қаюмов соли 2000 факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ-ро бо ихтисоси омӯзгори фанни забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ хатм намудааст. Солҳои 2000-2007 ба ҳайси ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳии ҳамин донишгоҳ, 2007 то 2009 ба ҳайси муаллими калони кафедраи методикаи таълими забони англисӣ, 2009-2011 муаллими калони кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума, 2011-2015 муовини декан оид ба таълим-эдвайзери факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ҳамзамон муаллими калони кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума фаъолият доштааст. Рисолаи номзадиро дар мавзуи «Дидактические основи формирования речевой культури будущих учителей английского языка» дифоъ намуда, солҳои 2015- 2019 ба ҳайси декани факултети забонҳои Шарқ, 2019-2020 декани факултети забонҳои Осиёи ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода ва аз соли 2020 ба ин сӯ ба сифати муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методии ҳамин ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода фаъолият дорад.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 13 январ
- Зодагони соли 1978
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Темурмалик
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Забоншиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ