Абдулқодири Раҳим
Абдулқодири Раҳим | |
|---|---|
| Абдуқодир Раҳимов | |
| Таърихи таваллуд: | 17 январ 1961 |
| Зодгоҳ: | Кафтархона, ноҳияи Восеъ, ҶШС Тоҷикистон |
| Таърихи даргузашт: | 12 сентябр 2025 (64 сол) |
| Навъи фаъолият: | |
| Забони осор: | тоҷикӣ |
| Ҷоизаҳо: | Медали «Хидмати шоиста» (2010) |
Абдулқодири Раҳим (Абдуқодир Раҳимов; 17 январи 1963, Кафтархона, ноҳияи Восеъ, ҶШС Тоҷикистон — 12 сентябри 2025, Душанбе) — шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик. Узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (1994) ва узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (1994).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулқодири Раҳим 17 январи соли 1963 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Соли 1979 Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявӣ (ҳоло Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг), соли 1984 филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Корманди телевизиони тоҷик (1984—1985), омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Комсомолобод (1985—1987), хабарнигор, котиби масъули рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ (1987—1990), муҳаррири калон, мудири шуъбаи маҷаллаи «Фарҳанг» (1990—1993), мухбири газета «Ҷумҳурият» (1993—1999) буд. Аз соли 1999 мудири шуъбаи фарҳанги ҳамин нашрия буд.
Аз соли 1994 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.
Фаъолияти эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти эҷодии Абдуқодири Раҳим охири солҳои 80 садаи XX оғоз шуд. Китобҳояш бо номи «Дурӯғи шабнам» (1993), «Чароғи ошноӣ» (1997), «Ҷилваи як нола» (1998), «Нусхаи парешонӣ» (2000), «Рӯшноӣ» (2003), «Фиреби меҳр» (2003), «Хилвати оина» (2005), «Духтари афсонаҳо» (2006), «Пайванди марзҳо ва дилҳо» (2011), «Домони абр» (2014), «Ашки сари мижгон» (2014), «Назари лутф» (2014) чоп шудаанд.
Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд[1].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1995 барандаи Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон гардидааст. Соли 2010 бо медали «Хизмати шоиста» қадр шудааст. Дар соли 2018 абрандаи ҷоизаи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ РАҲИМ АБДУЛҚОДИР. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 12 сентябри 2025 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдуқодири Раҳим // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Зодагони 17 январ
- Зодагони соли 1961
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Восеъ
- Даргузаштагони 12 сентябр
- Даргузаштагони соли 2025
- Шахсоне, ки камтар аз як сол пеш вафот карданд
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони Тоҷикистон
- Шоирони асри XX
- Шоирони асри XXI
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XX
- Нависандагони асри XXI
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Рӯзноманигорони асри XX
- Рӯзноманигорони асри XXI
- Адибон аз рӯи алифбо