Абдулҳай Собирзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдулҳай Собирзода
Санаи таваллуд:

1869(1869)

Зодгоҳ:

Қаротегин

Санаи марг:

1951(1951)

Маҳалли марг:

Қаротегин

Навъи фаъолият:

шоир

Абдулҳа́й Собирзода (1869, деҳаи Чормағзак, Қаротегин1951, ҳамон ҷо) — шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Дар назди падараш савод бароварда, сипас таҳсилро дар яке аз мадрасаҳои Хӯқанд давом додааст. Баъд аз хатми мадраса ба зодгоҳаш баргашт ва ба деҳқонӣ машғул шуд. Ба шеъру шоирӣ дар айёми таҳсил майлу рағбат пайдо кард. Аз Абдулҳай девоне боқӣ мондааст, ки 170 ғазал, 16 мухаммас, як муноҷот, 74 рубоиро дар бар мегирад. Мавзӯъҳои ашъораш васфи ишқу муҳаббат, даъват ба ахлоқи ҳамида, танқиди зулму золимон ва ғайра мебошад. Абёти зерин аз ӯст:

Ёди аҳли ҷоҳ бар дил ҷуз ғаму озор нест,
Водареғо, мардумонро дидаи бедор нест…
Банда Абдулҳай наяндешад зи макри золимон,
Ҳар кӣ иззат ёфт аз халқ, назди золим хор нест.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Ҳабибов А., Ганҷи парешон, Д., 1984.

Пайвандҳо[вироиш]

Сарчашма[вироиш]