Ғарм
Jump to navigation
Jump to search
Маҳалли аҳолинишин | |
---|---|
Ғарм | |
Ноҳия | Рашт |
Координатаҳо | 39°00′11″ а. шим. 70°19′34″ т. ш.HGЯO |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 8 300 нафар |
Вақти минтақавӣ | UTC+5 |
Коди телефон | +992 3131 |
Нишонаи почта | 735500 |
Ғарм (шаҳрак) - маркази маъмурии ноҳияи Рашт буда дар Водии Рашт ҷойгир аст.
Ҷойгоҳ[вироиш]
Шаҳраки Ғарм дар соҳили рости дарёи Сурхоб 185 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.
Таърих[вироиш]
Дар гузашта шаҳрак маркази яке аз бекигариҳои Аморати Бухоро — Қаротегин буд. Баъд аз ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон маркази округи Ғарм ва солҳои 1939-1955 вилояти Ғарм буд. Минбаъд, маркази ноҳияи Ғарм ва ҳоло Рашт мебошад.
Мардум[вироиш]
Мардуми Ғарм бино ба саршумории соли 2016 8 300 тан аҳолӣ дошт.[1] Сокинонаш тоҷикон ва ҳамагӣ мусулмонон-суниҳо, аҳли мазҳаби (ҳанафӣ) мебошанд. Мардуми Ғарм ба забони забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.