Jump to content

Абдулҳақ Файзиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулҳақ Файзиев
Абдулҳақ Раҷабович Файзиев
Таърихи таваллуд 1938(1938)
Зодгоҳ ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ геология ва минералогия
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Ҷоизаҳо Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998), медали Готфрид Вилгелм фон Лейбнитси Академияи илмҳои табиатшиносии Аврупо

Абдулҳақ Файзиев — доктори илмҳои геология ва минералогия (1981), профессор (1982). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998).[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулҳақ Файзиев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1959), ихтисос – «минералогия». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: минералогия, геологияи канданиҳои фоиданоки ғайримаъданӣ, геохимия ва термобарогеохимия. Декани факултаи геология (1985-1996), мудири кафедраи геология ва ҷустуҷӯи манбаъҳои канданиҳои фоиданоки Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1996-1997). Директори Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997-2010), мудири озмоишгоҳи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология Академияи илмҳои Тоҷикистон (2011). Аз моҳи марти соли 1985 то моҳи сентябри соли 1996 вазифаи декани факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 1996 то соли 2002 мудири кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ва дар як вақт аз соли 1997 то соли 2011 вазифаи директори Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистонро бар дӯш доштааст. Абдулҳақ Файзиев мудири лабораторияи конҳои канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2011) ва дар як вақт профессори кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мавсуф муаллифи беш аз 500 асару мақола ва корҳои илмист. Аз он ҷумла 7 монографияи илмӣ ва 7 китоби дарсӣ оид ба минералогия ва кристаллография ва чандин васоити таълимиву методияш аз чоп баромадааст. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар 5 асари пурарзиши илмӣ ва 5 китоби дарсии устод ба мутахассисону ҳаводорони илми геология тақдим гардид. Комиссияи байналмилалии маъданҳои нав ба маъдани наве, ки олимони Канадаву Россия кашф кардаанд, «Файзиевит» (2009) ном гузошт.[2]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  2. РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ