Абдулҷамил (хаттот)
Зоҳир
Зодгоҳ: | Ҳирот |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1505 |
Маҳалли даргузашт: | Ҳирот |
Навъи фаъолият: | хаттот |
Абдулҷами́л (форсӣ: عبدالجمیل کاتب; ? — 1505, Ҳирот) — котиб, хаттот ва настаълиқнависи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш Ҳирот. Дар ҳамон ҷо ба камол расидааст. Дар навиштани хати настаълиқ хеле моҳир будааст. Абдулҷамил дар мадрасаи Султонияи Ҳирот аз сарфу наҳви арабӣ дарс гирифтааст. Аз осори хаттотии ӯ «Хамса»-и Навоӣ (китобаташ соли 1484) то замони мо омада расидааст, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдулҷамил // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.