Абдул Муис
Абдул Муис | |
---|---|
Abdoel Moeis | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 3 июл 1883 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 17 июн 1959 (75 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, сиёсатмадор, нависанда |
Забони осор: | Забони индонезӣ |
Ҷоизаҳо: | |
![]() |
Абду́л Муи́с (Abdoel Moeis; 3 июли 1883 — 17 июни 1959) — қаҳрамони миллии Индонезия, нависанда, рӯзноманигор ва тарҷумони индонезигӣ. Яке аз иштирокчиени ҷунбиш барои истиқлоли Индонезия аз Нидерландия.
Зиндагинома[вироиш]
Дар Сунгаи-Пуари Суматраи Ғарбӣ ба дунё омадааст. Мактаби олии тиббии Ҷакартаро хатм кардааст.
Абдул Муис яке аз роҳбарони нахустин ташкилоти оммавии индонезиягии «Шарикати ислом» буд. Романи Абдул Муис «Тарбияи нодуруст» (1928) яке аз муҳимтарин асар дар адабиёти индонезиягӣ ба шумор меравад. Дар ин асар Абдул Муис нодуруст фаҳмидани маданияти Ғарбро аз ҷониби баъзе ҷавонон тасвир намудааст. Мавзӯи дигари роман танқиди таъқиби нажодӣ мебошад. Ба қалами Абдул Муис инчунин романҳои «Сурапати» (1951), «Роберт, писари Сурапати» (1953) тааллуқ доранд. Асари панду ахлоқии «Бахтиёрнома»-ро, ки аз адабиёти форс-тоҷик ба адабиёти индонезиягӣ гузашта, ба забони малайӣ тарҷума шуда буд, бо таҳриру тавзеҳот ба табъ расонидааст. Ба забони малайӣ асарҳои нависандагони машҳури дунё – Сервантес, Марк Твен ва дигаронро тарҷума кардааст.
Соли 1959 аз олам даргузашта, дар шаҳри Бандунг дафн шудааст.
Китобшиносӣ[вироиш]
Романҳо[вироиш]
- «Тарбияи нодуруст» (Salah Asuhan, 1928; рус. пер. 1960)
- «Мулоқоти хурд» (Pertemuan Jodoh, 1933)
- «Сурапати» (Surapati, 1950; рус. пер. 1956)
- «Роберт, писари Сурапати» (Robert, anak Surapati, 1953)
Эзоҳ[вироиш]
Пайвандҳо[вироиш]
- World Book Encyclopedia, Australasian Edition, 1966.
- Nationalist Movements: Indonesian History. Accessed 9 September 2005.
- Abdul Muis (1883—1959): Opposing the Netherlands with a Pen (Indonesian). Accessed 9 September 2005.
- «West Sumatra reinvents its original roots», Ardimas Sasdi, The Jakarta Post, 8 January 2003. Accessed 9 September 2005.
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи нависанда аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |