Абдумалик Баҳорӣ
Абдумалик Раҳмонов | |
Таърихи таваллуд: | 22 март 1927 |
Зодгоҳ: | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт: | 3 декабр 2010 (83 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | |
Жанр: | нависандаи фантаст, драма, шеър |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: |
Абдумалик Баҳорӣ (Абдумалик Раҳмонов тав. 22.03.1927, Хуҷанд – 3.12.2010, Душанбе) — нависанда, шоир ва драматурги тоҷик. Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон (1987). Нависандаи халқии Тоҷикистон (1994), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1984). Узви Иттифоқи журналистон Тоҷикистон (1957) ва узви Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон (1950).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдумалик Баҳорӣ хатмкардаи факултети забон ва адабиёти Институти педагогии Ленинобод (1946). Дар Институти мазкур муаллим ва дар бахши ленинободии Кумитаи радиошунавонии назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (1946–1950) кор кардааст. Муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (1951–56), мудири шуъбаи адабиёт ва санъат ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият», 1956–61), муҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» (1961–65), сармуҳаррири коллегияи барномавии Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон (1965–72), муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» (1972–75), мушовири адабии Шӯрои адабиёти кӯдакону наврасон (1975–79) ва Шӯрои насри Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон (1979–87) буд. Аз соли 1987 то охири умр (2010) ба корҳои эҷодӣ машғул шудааст[1].
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Баҳорӣ фаъолияти адабии худро ҳамчун шоир оғоз намуда, пас ба эҷоди асарҳои публитсистӣ, насрӣ, драматургия, тарҷума ва адабиётшиносӣ шурӯъ кардааст. Мавзӯи аввалин шеъру сурудҳои ӯ («Посбони сулҳ», «Сарзамини хуррами доимбаҳор», «Сафи мубориз», «Ҳамдард даркор» ва ғайра) ҳодисаҳои солҳои бачагӣ, заҳмати содиқонаи коргарону кишоварзон, қаҳрамонии ҷанговарон ва муҳаббат ба Ватан буданд. Аввалин шеърҳои Абдумалик Баҳорӣ дар маҷмӯаҳои «Саҳнаи қаҳрамонӣ» (1951), «Таронаи мулки озод» (1953) гирд оварда шудаанд. Баъдан шеърҳо ва ҳикояҳои ӯ дар маҷмӯаҳои «Одамони шинос» (1958), «Сарахбори зиндагӣ» (1959), «Дили беқарор» (1962) ва «Ҷавоби ошиқ» (1965) чоп шуданд. Мавзӯъҳои ашъораш ишқу муҳаббати поки инсонӣ, васфи диёри маҳбуб, манзараҳои дилкаши он, васфи заҳматкашони кишвар, одамони касбу корашон гуногун мебошанд. Солҳои 60–70 садаи 20 низ Баҳорӣ шеъргӯиро идома дод ва маҷмӯаҳои дигари ашъораш ба табъ расиданд («Умеди равшани дил», 1998; «Сарпаноҳ», 2004 ва ғ). Баҳорӣ дар шеърҳои дар ин маҷмӯаҳо ҷойдодааш аз ҷаҳони ботинии қаҳрамонон, фаъолияту зиндагии мардум, хислатҳои ҳамида ва қимати инсон сухан кардааст. Масъалаи тарбияи ахлоқи нек ва хислатҳои наҷиби инсонӣ мудом дар маркази диққати шоир қарор дошт. Хидмати Абдумалик Баҳорӣ дар пешравии насри адабиёти муосири тоҷик, махсусан насри фантастикӣ намоён аст. Ӯ дар адабиёти муосири тоҷикӣ нахустин адибест, ки ба эҷоди асарҳои фантастикӣ оғоз карда, чун поягузори насри фантастикии тоҷик эътироф гардидааст. Соли 1970 аввалин маҷмӯаи ҳикояҳои фантастикии ӯ «Ҷуръати доктор Мансур» ба табъ расид, ки ба он «Сандуқи пӯлод», «Мурофиа», «Нақли Ашани пир» ворид шуданд. Абдумалик Баҳорӣ жанри мазкурро такмил дода, қиссаҳои сегонаи «Занбӯри айнакдор» (1971), «Аҷоиботи Нодар» (1971) ва «Бозгашт» (1973), инчунин повестҳои «Сунбула» (1974), «Бачаҳои чобуксавор» (1976), «Фирори ассистент» (1979), «Шоҳидони шаҳид» (1981), «Соҳили мурод» (1992), «Умеди ягона» (1993), «Марди мастур» (1996), «Баҳси нотамом» (2001), «Мулоқот» (2003), романи фантастикии «Қудрати илоҳӣ»-ро эҷод намудааст. Абдумалик Баҳорӣ дар асарҳои фантастикӣ масъалаҳои муҳимми илму техника ва тақдиру ояндаи инсонро тасвир намудааст. Қиссаҳои фантастикии ӯ сужетҳои ҷолиб, воқеаҳову ҳодисаҳои аҷиб ва ҷанбаи амиқи илмию бадеӣ доранд. Хусусияти асосии қиссаҳои адиб ду самти асосиро дар бар мегирад: тасвири воқеаҳои фавқулода ва муносибати ошиқонаи қаҳрамонони асарҳо. Асарҳои мазкур аҳаммияти зиёди маърифатӣ, зебоипарастӣ ва бадеӣ доранд. Повестҳо ва ҳикояҳои воқеии Абдумалик Баҳорӣ низ ҷолиб ва таъсирбахшанд. Дар қиссаҳои «Қаймоқи гирди коса» (1975), «Гирдоб» (1977), «Ду моҳи пурмағал» (1980), «Ҷабрдида» (1984), «Тирукамон» (1986), «Дили гумҷӯ» (1988), «Дастовез» (2002), «Панди ҳаёт» (2005) муаммоҳои ҳалталаби ҳаёт, воқеаҳои муҳимми зиндагӣ, ишқу муҳаббати ҷавонон, адои қарзи инсонӣ дар назди халқу Ватан инъикос ёфтаанд. Абдумалик Баҳорӣ аз аввали солҳои 60-ум ба навиштани асарҳои саҳнавӣ оғоз намуда, як қатор асарҳои ҷолиб офаридааст. Вай дар тӯли фаъолияти минбаъда пйесаҳои «Роҳи сафед» (1962), «Ишқи мансабдор» (1964), «Фармони Кадушоҳ» (1965), «Корвон равон аст» (1967), «Хандаҳои ашколуд» (1969), «Рӯзи таваллуд» (1970), «Се нафар хушдор» (1972), «Меҳмони серӯза» (1975), «Сирри пурасрор» (1978), «Фолбин» (1980), «Баҳодур» (1983), «Сӯиқасд» (1995), «Фасли хазонрез» (1999), «Рӯзҳои арафа» (2004)-ро эҷод кардааст. Абдумалик Баҳорӣ асарҳои саҳнавии ҳаҷвии ҷолиб офаридааст, аз қабили «Фармони Кадушоҳ», «Се нафар хушдор», «Фолбинии Афандӣ» ва ғ. Тавассути ин асарҳо адиб маводи нав, образҳои нотакрор, ҳолатҳои мухталифи хандаовар, махсусан фикрҳои муҳими нишонрас ба тамошобин пешкаш намудааст. Пйесаҳои Абдумалик Баҳорӣ дар саҳнаи театрҳои пойтахти ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва театрҳои ноҳияҳо борҳо намоиш дода шудаанд. Абдумалик Баҳорӣ аз оғози фаъолияти эҷодиаш барои бачагон ва наврасон асарҳо меофарид ва ин корро то охири умраш идома дод. Повесту ҳикояҳои барои бачагон навиштааш дар маҷмӯаҳои «Ошноҳо» (1954), «Дар оғӯши мактаб» (1955), «Қарзи ҷӯрагӣ» (1957), «Ба сӯи моҳ» (1962), «Танқиди дӯст» (1963), «Себи тило» (1969), «Задухӯрди аввалин» (1965), «Ҳикояҳо» (1972), «Мулоқот» (1977), «Меҳмони серӯза» (1980) ва ғ. ҷой гирифтаанд. Мазаммати танбалон, танпарварон, фиребгарону коргурезон ва булҳавасон мавзӯи асосии ҳикояҳои «Садақа», «Роҳи сеюм», «Хати беимзо», «Вақти хуфтан», «Бандаи нафс», «Одами асил», «Номҳои ғалатӣ» ва ғ. гардидаанд. Асарҳои Абдумалик Баҳорӣ ба забони русӣ ва забонҳои халқҳои собиқ ИҶШС тарҷума шудаанд. Тарҷумаи асарҳои Н. Носов «Оилаи хушбахт», «Рӯзномаи Коля Синитсин», «Фитя Малеев дар мактаб ва дар хона», «Саргузашти Нодонхӯҷа ва дӯстони ӯ», «Нодонхӯҷа дар шаҳри офтобӣ», шеъру достонҳои С. Михалков, С. Маршак, асарҳои М. Лермонтов, А. Чехов, К. Федин, А. Сурков, В. Пшавела, масалу ҳикоя ва шеърҳои И. Крилов, Н. Некрасов, Д. Бедний, А. Қаҳҳор, П. Бровка, В. Инбер, С. Абдулло ва дигарон ба қалами Абдумалик Баҳорӣ тааллуқ доранд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Нишони Фахрӣ» (1957), Грамотаҳои Фахрии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Белорусия сарфароз гардидааст. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон (1987). Нависандаи халқии Тоҷикистон (1994), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рудакӣ (1984). )[2].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дили беқарор. Д.,1962
- Қарзи ҷӯрагӣ. Д., ?
- Аҷоиботи Нодар. Д.,1972
- Сунбула. Д.,1974
- Соҳили мурод. Д., 2000;
- Дастовез. Д., 2002;
- Сарпаноҳ. Д., 2004;
- Сирри пурасрор. Д., 2005;
- Файзи умр. Д., 2007;
- Осори мунтахаб. Ҷ. 1–2. Д., 2010.
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Хавотир буд доим модари ман,
Зи номафҳум тақдири сари ман.
Ба ман мегуфт танҳову ғарибӣ,
Зи иқболу саодат бенасабӣ.
Дадоят бармаҳал рафт, эй писарҷон,
Акоят баҳри кишвар гашт қурбон.
Хазон шуд бо азоб умри ҷавонам,
Мани муштипар акнун нотавонам.
Агар ғалтӣ, кӣ мебардорад аз хок?
В-агар гирйӣ, кӣ чашмат мекунад пок?
Надорам ақрабои бонуфузе,
Ки кор ояд ба рӯзеву ба сӯзе.
Аз он тарсам, ки хору зор гардӣ,
Ҳубобе дар кафи анҳор гардӣ.
Дар олам бекасӣ ҳоли табоҳ аст,
Ҳақир аст он, ки бепушту паноҳ аст…
Маро ҳизби ленинӣ пуштибон шуд,
Тамоми давлатам аз лутфи он шуд.
Бале, сӣ сол шуд, ки узви ӯям,
Худамро бекасу танҳо нагӯям.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://www.ozodi.org/content/article/2238187.html Даргузашти нависандаи фантаст Абдумалик Баҳорӣ — Озодӣ 03.12.2010
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Д.: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013
- НАВИСАНДАИ АСАРҲОИ ТАХАЙЮЛӢ ДАРГУЗАШТ. АМИТ «Ховар» Бойгонӣ шудааст 7 Декабри 2010 сол.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳорӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Зодагони 22 март
- Зодагони соли 1927
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Даргузаштагони 3 декабр
- Даргузаштагони соли 2010
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XX
- Нависандагони наср ба забони тоҷикӣ
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони Тоҷикистон
- Шоирони ИҶШС
- Шоирони асри XX
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони халқии Тоҷикистон
- Намоишноманависони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ