Юсуф Акобиров
Таърихи таваллуд: | 1 октябр 1937 |
---|---|
Зодгоҳ: | вилояти Бухоро |
Таърихи даргузашт: | 12 октябр 2011 (74 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Юсуф Акобиров (1 октябри 1937, вилояти Бухоро — 12 октябри 2011, Душанбе, Тоҷикистон) — нависандаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони СССР (1980) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1963), сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1980), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997), Нависандаи халқии Тоҷикистон (2001).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Юсуф Акобиров 1 октябри соли 1937 дар деҳаи Соктаре (ҳозира Садриддин Айнӣ)-и ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро зода шудааст. Баъди касби номаи камоли мактаби миёнаи зодгоҳаш соҳиби дипломи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1959) гардидааст. Сипас, чанде мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», солҳои 1960-1961 донишҷӯи Курси олии филмноманависон (Маскав), ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», котиби масъули моҳномаи «Садои Шарқ», котиби масъули Кумитаи мукофоти давлатии адабии Тоҷикистон Солҳои 1971, 1974-1978, 1980-1981 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Ӯ 12 октябри соли 2011 аз олам даргузашт.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз солҳои донишҷӯйӣ машқи қалам карда, соли 1958 драмаи «Рӯдакӣ»-ро навиштааст, ки Театри давлатии Хуҷанд ба саҳна гузоштааст. Баъдан қиссаҳои «Вақте ки осиё бозмонд» (1963), «Духтаре, ки ҷустуҷӯяш мекунам» (1964), «Мунира» (1965), «Балоғат» (1968), китоби очерку ҳикояҳои «Қандак гул кард» (1965), «Осмони соф» (1969), «Садриддин Айнӣ» (ҳамроҳи Ш.Ҳарисов; 1968, Маскав), романҳои «Замини падарон» (1974), «Норак» (1979), «Водии муҳаббат» (1980), «Дунё ба умед» (1980), мунтахаби очерку ҳикояҳои «Сайри дирӯзу фардо» (1980)-ро дастраси умум гардонда, дар миёни хонандагон шуҳрати тамом ёфтааст.
Дар заминаи «Вақте ки осиё бозмонд» (1973) ва «Балоғат» (1984) филмҳои бадеӣ офарида шудаанд.
Аксари қиссаву романҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Маскав ва дигар шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо теъдоди зиёде ба табъ расидаанд. Асарҳои ҷудогонааш ба забонҳои халқҳои ҷаҳон тарҷума ва чоп шудаанд.
Драмаи «Лайлатулқадр»-и ӯ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳнагузорӣ шудааст. Осори алоҳидаи Ф.Достоевский, А.Чехов, М.Авезов, А.Мухтор, С.Аҳмад, М.Левин, З.Дӯстматов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Асосан осори публитсистӣ менависад, ки дар матбуоти даврӣ ва авроқи кутуби «Гули сари роҳ» (2005), «Ишқи кӯдакии ман» (2007), «Пас аз гузашти солҳо» (2009) ва «Хоки покат тӯтиё созам, Ватан!» (2012) интишор ёфтаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1980),
- Ҷоизаи адабии ВЦСПС ва Иттифоқи нависандагони СССР(1980).
- Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997),
- Нависандаи халқии Тоҷикистон (2001).
- Бо нишону ифтихорномаҳои гуногун сарфароз гардонида шудааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 34-35 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 1 октябр
- Зодагони соли 1937
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони вилояти Бухоро
- Даргузаштагони 12 октябр
- Даргузаштагони соли 2011
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Адибон аз рӯи алифбо
- Адибони Тоҷикистон
- Нависандагони тоҷик
- Нависандагони халқии Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ