Jump to content

Абдураҳим Исмоилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдураҳим Исмоилов
Исмоилов Абдураҳим Ахматович
Таърихи таваллуд 26 июн 1967(1967-06-26) (57 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод (2004)
Унвонҳои илмӣ дотсент (2008)
Алма-матер Донишкадаи худрав-роҳии ш.Харков, Украина (1985-1992), Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1996-2000)
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2009)

Абдураҳим Исмоилов (Исмоилов Абдураҳим Ахматович ; 26 июни 1967, Деҳаи Ругунд, ноҳияи Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисодшинос. Номзади илмҳои иқтисодӣ (2004), дотсент (2008), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2009).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Исмоилов Абдураҳим Ахматович 26 июни соли 1967 дар д.Ругунд, н. Истаравшан, вил.Ленинобод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1985 баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи нақлиётӣ-роҳии шаҳри Харков (Украина) дохил шуда, онро соли 1992 бо ихтисоси инженер-механик хатм намудааст. Аз соли 1992 то 1996 дар техникуми политехникии ш.Душанбе дар вазифаи устоди фанҳои тахассусӣ кор кардааст. Аз соли 1996 то соли 2004 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба ҳайси устоди кафедраи Информатикаи факултети иқтисодӣ фаъолият кардааст. Дар ин давра дар факултаи иқтисодии донишгоҳи мазкур, шуъбаи ғоибона таҳсил намуда, онро соли 2000 аз рӯи ихтисоси «Иқтисодчӣ-ташкилотчии истеҳсолоти кишоварзӣ» хатм намудааст. Соли 2004 рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Особенности использования инвестиций в отраслях АПК в условиях становления рыночных отношений» [1] дифо намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Аз сентябри соли 2005 то имрӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат дар вазифаҳои гуногун (мудири кафедра, декани факултет ва проректори донишкада оид ба корҳои таълим ва тарбия) кору фаъолият намуда, алҳол дотсенти кафедраи «Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ» мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2004 натиҷаи корҳои илмии худро дар мавзӯъи «Хусусиятҳои хоси истифодабарии сармоягузориҳои хориҷӣ дар соҳаҳои КАС дар шароити ташаккулёбии муносибатҳои бозорӣ» ҷамъбаст намуда, дар шаҳри Душанбе рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, самаранок истифодабарии онҳо, мушкилотҳои мавҷуда дар раванди беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Дотсент Исмоилов Абдураҳим муаллифи бештар аз 92 мақолаву корҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монографияи илмӣ ва 2 китоби дарсӣ мебошад. Монография ва китобҳои дарсии ӯ роҳнамои аспирантону унвонҷӯён ва китоби рӯимизии донишҷӯён гардидаанд, ки инро дастоварди муҳими ин олими тоҷик ҳисобидан мумкин аст.

Китобҳо (Монографияҳо)

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Эффективность использования инвестиций в отраслях АПК в условиях становления рыночных отношений (монография). Исмоилов А.А. - Душанбе, изд-во ТАУ, 2005. 145 с.
  • Рынок телекоммуникационных услуг РТ: состояние, проблемы и перспективы развития (монография). Исмоилов А.А. - 2013, 102 стр. Душанбе. Ирфон (в соавторстве).
  • Основные тенденции развития современной мировой экономики (научная монография). Исмоилов А.А.-Душанбе, Типогафияи «Соҳибкор», 2017, 135 саҳ. (в соавторстве).

Китобҳои дарсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Система государственного управления. Исмоилов А.А. - Душанбе, типография «Сохибкор» ИПС, 2010 – 143с.
  • Низоми идоракунии давлатӣ. Исмоилов А.А.- Душанбе, нашриёти «Соҳибкор» ИПС, 2010, 156с.

Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Аълочии маорифи Ҷумхурии Тоҷикистон (2009)