Абдураҳмон Ҳусайнов
Абдураҳмон Ҳусайнов | |
Таърихи таваллуд | 7 ноябр 1938 (86 сол) |
Зодгоҳ | Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Санкт-Петербург |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Ленинград |
Абдураҳмон Ҳусайнов (07.11.1938, ш. Панҷакент), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдураҳмон Ҳусайнов соли 1962 факултаи физикаи Университети давлатии Ленинградро (ҳоло Санкт-Петербург) ба охир расонда, дар Институти физикӣ-техникии АИ СССР (шаҳри Маскав) ҳамчун ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ кор кардааст. Солҳои 1967-1978 мудири лабораторияи Институти радиоизотопии Рига (Латвия), 1979-1990 ходими калони илмии Институти физикаи ядрои ш. Санкт-Петербург буд. Аз соли 1991 роҳбари илмии яке аз барномаҳои МАГАТЕ – Ожонсии байналмилалии оид ба энергияи атом дар шаҳри Маскав буд. Дар чаҳорчӯбаи барномаҳои давлатии Федератсияи Русия доир ба кафолати паҳн нагардондани яроқи ядроӣ ҳамчун коршинос беш аз бист сол фаъолият доштааст. Зиёда аз даҳ асбобу дастгоҳҳо ва детекторҳо ихтироъ кардааст, ки аз рӯи сифат ва нишондиҳанда беҳтарин шумурда шудаанд. Аз ҷумла анализатори (таҳлилкунандаи таркибҳои гудохта) ихтироъкардааш дар хадамоти гумрукии Русия мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст. Соҳиби 11 шаҳодатномаи ихтироъкорист.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.