Абдуррофеъи Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуррофеъи Ҳиравӣ
Зиёуддин ибни Абулфатҳ
Навъи фаъолият: шоир

Абдуррофеъи Ҳиравӣ (форсӣ: عبدالرافع هروی‎; ? — қарни XII) — шоир, пизишк ва дастурнависи форс-тоҷики дарбори Хусравмалики Ғазнавӣ ва Муҳаммад ибни Соми Ғурӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шахси таҳсилдида, «дар улуми ақлияву адабия ва тиббу луғат» (Забеҳуллоҳи Сафо) беҳамто будааст. Пас аз касби камол нахуст дар дарбори Ғазнавиён (Хусравмалики Ғазнавӣ, ҳукмронӣ 11591187), баъдтар дар даргоҳи Муҳаммад ибни Соми Ғурӣ (вафот 1203) хидмат кардааст.

Осори шоир[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз осораш ғазалҳо, порчаҳои манзум дар тазкираҳо боқӣ мондаанд, ки равону дилкашанд ва гувоҳи табъи баланду сухандонии ӯянд. Рисолаи манзуме бо номи «Ҷалолия» дар тафсири Наврӯз аз таълифоти ӯст.

Эй дил, биёр мужда, ки ҷонон ҳамерасад
В-эй дида, ҷой соз, ки меҳмон ҳамерасад.
В-эй тан, агарчи кори ту аз ғам ба ҷон расид,
Ҷонро фирист пеш, ки ҷонон ҳамерасад.
Кори нишоту лаҳв зи сар тоза кун кунун,
Чун ранҷҳои ҳаҷр ба поён ҳамерасад.
Айёми дарду меҳнату шиддат ҳама гузашт,
Ҳангоми рӯҳу роҳату дармон ҳамерасад…

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Забеҳулло Сафо, Таърихи адабиёт дар Эрон, ҷ. 2, Т., 1336 ҳ. ш.