Абдусамади Бадахшӣ
Зоҳир
Зодгоҳ: | Куҳисон |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1490 |
Навъи фаъолият: | шоир |
Абдусамади Бадахшӣ (форсӣ: عبدالصمد بدخشی; ? — 1490, Кӯҳистон) — шоири форс-тоҷик
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абусаид солҳои 50 садаи XV Бадахшонро забт карда, Абдусамади Бадахширо ба Ҳирот овард ва супориш дод, ки таърихи салтанатро дар китобе мураттабу танзим кунад. Дар тазкираҳои «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишери Навоӣ, «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар хусуси ҳунару маҳорати шоирии Абдусамади Бадахшӣ сухан рафтааст. Нисорӣ ашъори ошиқонаи ӯро таърифу тавсиф кардааст. Намунаҳо аз нигоштаҳои Абдусамади Бадахши ба воситаи тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд. Ин байт аз ӯст:
Бар сарири дилбарӣ маъшуқро сад гуна ноз,
Ошиқи бечораро дар кӯи ғам рӯи ниёз.
Абдусамади Бадахши бо Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ наздикӣ дошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдусамади Бадахшӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Алишери Навоӣ, Маҷолис-ун-нафоис, Тошкент.