Абдушукур Раҷабзод
Абдушукур Раҷабзод | |
|---|---|
| Тошев Абдушукур Раҷабович | |
| Абдушукур Раҷабзод, соли 2017 | |
| Таърихи таваллуд | 10 январи 1955 (71 сол) |
| Зодгоҳ | Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор, |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | биология, тиб |
| Ҷойҳои кор | Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик |
| Унвонҳои илмӣ | профессор |
| Ҷоизаҳо | Ифтихорномаи Кумитаи табъу нашри СССР (1988), Медали «Хидмати шоиста» (2005) |
Абдушукур Раҷабзод (Тошев Абдушукур Раҷабович; зод. 10 январи 1955[1], деҳаи Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор) — донишманди улуми биология, химия ва тиб, фарҳангнигор, донишноманавис, рӯзноманигор. Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (2011). Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз 1990).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдушукур Раҷабзод 10 январи соли 1955 дар деҳаи Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1971 баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи № 64 ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Ленин ба шуъбаи география-биологияи факултаи табиатшиносию географияи Институти давлатии педагогии Душанбе дохил шуда, соли 1976 онро ба итмом расондааст. Баъди ба охир расондани институт мувофиқи тақсимоти Вазорати маориф ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик ба кор омадааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1976—1977 муҳаррири хурди редаксияи географиягеологияи ҳамин муассиса буд. Соли 1977 ба сафи Артиши шуравӣ даъват карда шуд ва дар шаҳри Анадири Округи Мухтори Чукотка хидматро ба охир расонда, боз ба ҷойи кори аввалааш баргашт. Солҳои 1979—1981 дар вазифаи муҳаррир, 1981—1982 дар вазифаи муҳаррири илмӣ, 1982—1985 дар вазифаи муҳаррири калони илмӣ, 1986—1988 дар вазифаҳои мудири редаксияи табииёт ва аз 1989—2008 мудири редаксияи биология, химия, тиб ва кишоварзӣ фаъолият дошт. Таи солҳои 2008—2024 дар вазифаи мудири редаксияи биология, химия ва тиб кор кардааст. Аз соли 2024 ба ҳайси муҳаррири ҳамин редаксия фаъолият дорад.
Абдушукур Раҷабзод аз соли 2018 ҳамзамон муҳаррири масъули маҷаллаи «Симурғ»и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мебошад. Солҳои 2018—2020 вазифаи сармуҳаррири газетаи «Пайки шифо»и донишгоҳи мазкурро низ бар ӯҳда дошт.
Донишноманигорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдушукур Раҷабзод дар давоми фаъолияти беш аз 50-солаи худ дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик дар кори табъу нашри китоби ҳаштҷилдаи «Энсиклопедияи советии тоҷик», «Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (дар ду ҷилд), «Энсиклопедияи рузгордорӣ», «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ-лотинии тиббӣ» (М. Расулӣ, иборат аз панҷ ҷилд) ва бисёр китобҳои дигар ҳиссаи босазо гузоштааст. Саҳми Абдушукур Раҷабзод ҳамчун мудири редаксияҳои «Энсиклопедияи Душанбе» ва «Энсиклопедияи Кӯлоб» дар таълифи донишномаҳои мазкур басо калон аст. Ӯ дар кори таълифу ба чоп омода сохтани сездаҳ ҷилди Энсиклопедияи миллии тоҷик низ ширкати фаъол намудааст.
Донишномаҳои тиббӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдушукур Раҷабзод бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамкории зич дорад. Ӯ муаллифи китобҳои «Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (бахшида ба 70 ва 80-солагии донишгоҳ), «Вожаномаи тиббӣ», «Энсиклопедияи мухтасари тиб» (иборат аз 5 ҷилд) ва «Фарҳанги тибби ниёгон» (иборат аз 20000 вожаю ибора) мебошад. Соли 2025 ба таърихи тибби тоҷик рӯ оварда, дар ин боб китоби «Тибби тоҷик: аз рӯзгори қадим то замони муосир»-ро навишт. Ду китоби дигари ӯ — «Луғати тиббии русӣ, тоҷикӣ, англисӣ» ва «… Бархон даме феҳристи тиб» дар арафаи таълиф қарор дорад. Китоби дувум вожаномаи тиббии «Маснавии маънави»и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст.
Ҳамкорӣ бо расонаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдушукур Раҷабзод дар баробари табъу нашри китобҳои донишномаӣ ба васоити ахбори умум робитаи ногусастанӣ дорад. Дар саҳифаҳои матбуоти ҷумҳурӣ зиёда аз 650 мақола ба табъ расондааст. Навиштаҳояш ба масоили тандурустӣ ва ҳифзи саломатии одамон бахшида шудаанд. Ҳамчун мухбири ҳафтаворҳои «Чархи гардун» ва «Авитсенна» бо мутахассисон суҳбат ороста, мушкилоти ҷидии соҳаи тандурустиро мавриди муҳокима қарор додааст.
Нависандагӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдушукур Раҷабзод табъи нависандагӣ низ дорад. Бисёр ҳикояҳои ӯ дар саҳифаҳои матбуот ба табъ расида, аз тариқи радиои ҷумҳурӣ шунавонида шудаанд.
Ҷоизаҳо ва унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Медали «Хидмати шоиста» (2005);
- Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2005, 2026);
- Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2005);
- Ифтихорномаи Кумитаи табъу нашри СССР (1988);
- Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (2011).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (Энсиклопедия бахшида ба 70-солагӣ). — Алмаато: ҶММ «Корпоратсияи Атамур», 2009.
- Энсиклопедияи мухтасари тиб (иборат аз 5 ҷилд). Ҷилдҳои 1—5. — Д. : СИЭМТ, 2011—2012.
- Вожаномаи тиббӣ (иборат аз ду ҷилд) / тартибдиҳандагон У. Қурбон, А. Раҷабзод. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 808 с. — ISBN 978-99975-825-2-2.
- Фарҳанги тибби ниёгон / тартибдиҳандагон У. Қурбон ва А. Раҷабзод. — Д. : СИЭМТ, 2016. — 776 с. — ISBN 978-99947-33-73-6.
- С. Юсуфӣ, А. Раҷабзод, С. Ҷабборова. Луғати наботот (русӣ-тоҷикӣ-лотинӣ). — Д. : СИЭМТ, 2018. — 112 с. — ISBN 978-99947-33-94-1.
- М. Гулзода, А. Раҷабзод. Тибби тоҷик: аз рӯзгори қадим то замони муосир — Д.: Ирфон, 2025. — 832 с. — ISBN 978-99975-1-438-7.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз. Озодагон. 22 сентябри 2026 санҷида шуд.
- ↑ Анӯшаи Ҷамолиддин. Китоби нав: «Тибби тоҷик: аз рӯзгори қадим то замони муосир». Китобхонаи миллии Тоҷикистон (7 Январ 2026). 22 сентябри 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 феврали 2026.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи Мухтасари Тиб. Ҷилди II. Д.: СИ ЭМТ, 2011. — С. 475. — 512 с. — ISBN 978-99947-33-44-6